Шукӯҳи хирад ва илму маърифат

Давлату миллате, ки рӯ ба илму маориф ва фарҳанг овардааст, ба ташаккули маърифати зеҳнии мардум таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, баҳри болоравии сатҳу сифати дониш, дастгирии наврасони ихтироъкор, ҳавасмандгардонии қишри зиёии ҷомеа ва ба ин васила дар пешрафти иқтисод, таҳкими шохаҳои ҳокимият, бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёд, беҳтар шудани сатҳи зиндагӣ, пойдории сулҳу субот комёб мегардад.

Аз ин лиҳоз, илм ва маърифат, хосатан, рӯ овардан ба маънавиёти пурғановати ниёгон ба воситаи китоб ва китобхонӣ муҳимтарин ва заруртарин омил дар ҳаёти инсон шуморида шуда, ин иқдоми шоиста ҳар фардро ба зиндагии саодатманд ва фаъолияти арзишманд роҳнамо мебошад. Ба ибораи дигар метавон гуфт, ки дар ҳама давру замон шукӯҳи хирад, илму маърифат боис гардидаанд, ки ҷомеа рӯ ба рушд оварда, дар ин замина беҳтарин ганҷинаҳои ақлонии башарият барои пешравиҳои назаррас нақши муассир гузоштаанд.

Дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар собит сохт, ки Пешвои муаззами миллати мо Сарвари маърифатпарвар, фарҳангдӯст ва роҳбалади ҳаёти осоиштаи мардум мебошанд. Зеро дар суханрониҳои худ нуктаҳои муҳимеро чун ҳадяи китоби “Тоҷикон” - и аллома Бобоҷон Ғафуров ба ҳар як хонаводаи Тоҷикистон, таъсиси китобхонаҳо дар ташкилоту муассисаҳо ва бо ҳамин роҳ рӯ овардани шаҳрвандони мамлакат ба хониши асарҳои бадеӣ, таваҷҷуҳи бештари мақомоти давлативу муассисаҳои таълимӣ дар нашри китобҳои бадеӣ ва дар ин замина, ҳавасмандгардониву идома бахшидани озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ...” аз рӯи се самт: миёни тарбиягирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва дар байни калонсолон аз тадбирҳои хушоянд ба ҳисоб мераванд.

Рӯй овардан ба китобдориву китобхонӣ ба ҳар инсон тавоноӣ, боварӣ ба худ, умед ба ояндаи нек, обрӯю эътибор мебахшад. Маҳз, тавассути донишандӯзӣ инсон дар ҳаёт аз нокомӣ ва ноумедиву рӯҳафтодагӣ раҳоӣ ёфта, ҳар лаҳзаи ҳаёташро зебо мегардонад, ба некӣ ва накӯкорӣ рӯй оварда, аз падидаҳои манфури ҷомеа дурӣ ҷуста, баҳри расидан ба қуллаи муроди хеш ҷидду ҷаҳд менамояд. Дониш аст, ки инсонро аз ҳар гуна хатарҳои ҷомеаи муосир эмин нигоҳ дошта, барояш дарҳои саодату комгорӣ ва некномиву хушрӯзиро боз менамояд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти ин масъала ба масъулони соҳа дастур доданд, ки баҳри азхудкунии донишҳои замонавӣ ба насли наврас ва ояндасози ҷомеа шароити мусоид фароҳам оварда, онҳоро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодиашонро тақвият бахшанд ва ба таълиму тадриси фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд. Вобаста ба ин, пешниҳод намуданд, ки ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020 - 2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шавад.

Дар маҷмуъ, таваҷҷуҳ намудани Сарвари давлат ба китобхонӣ ва рушди илму маърифат дар замони муосир бозгӯи он аст, ки аз мардуми кишвар, махсусан ҷавонони даврони истиқлол умедҳои калон доранд. Пешвои миллат ҷавононро ҳидоят менамоянд, ки онҳо аз таърихи гузаштаву имрӯзаи халқи тоҷик ва мутафаккирони барҷастаи он огоҳ ва аз мероси ғаноманди ниёгон бархурдор бошанд.

Фаридун ҲОДИБОЕВ,

номзади илмҳои фалсафа,

сардори маркази иттилоот

ва таҳлили Донишгоҳи

давлатии Хуҷанд ба номи

академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh