Зиндагии шоиста - ҳадафи асосӣ

Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сокинони ваҳдатшиори мамлакат бо ифтихори бузург ва шукргузории афзун аз давлату давлатдории миллӣ истиқбол намуданд.

Сарвари давлат зимни таҳлил аз бурду бохти соҳаҳои гуногун, аз баланд рафтани вазъи иҷтимоӣ, сатҳи некӯаҳволии халқ ва зиёд шудани давомнокии умр, инчунин коҳиш ёфтани фавти кӯдак изҳори қаноатмандӣ намуданд. Зикр гардид, ки омили муҳими пешрафти тамоми соҳаҳо ин дастгирии соҳибкории хурду миёна аст ва мақомоти тафтишотиро ба фаъолияти содиқона даъват намуданд.

Қайд шуд, ки монеаҳои мавҷуда дар самти дастгирии соҳибкории хурду миёна пурра аз байн бурда шавад. Ҳамчунин, барои коркарди маҳсулоти ниҳоӣ аз тамоми имконияту воситаҳо истифода бояд бурд. Зеро мутобиқ ба маълумоти оморӣ 90 дарсади ашёи содиротшаванда аз дохили мамлакат ин маҳсулоти хом аст. Президент дар ин самт дастур доданд, ки бояд бонкҳои ҷумҳурӣ дастгири молистеҳсолкунандаҳо бошанд, ба онҳо қарзҳои имтиёзнок пешниҳод намоянд.

Пешвои муаззами миллат аз дастовардҳои соҳаҳои энергетика, роҳу нақлиёт ёдовар шуда, зикр намуданд, ки дар баробари рушди босуръати Неругоҳи барқи обии «Роғун», ҳамчунин барои таҷдиду азнавбарқароркунии дигар неругоҳҳо, амсоли «Қайроққум» - у «Норак» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшишҳои зиёд ба харҷ дода истодааст. Роҳбари давлат аз саховатмандию ифтихори баланди соҳибкорону саховатмандон ёдовар шуда, саҳми онҳоро дар пешбурди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, пешрафти иҷтимоиёт ва маънавиёт нек арзёбӣ намуданд.

Дар ин росто, ҳамчунин қайд шуд, ки давоми чанд соли охир барои 1 миллиону 400 ҳазор оилаҳои сокинони кишвар қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардид. Президент аз сокинони кишвар даъват ба амал оварданд, ки мутобиқ ба талаботи меъёрҳо манзилҳояшонро бунёд намоянд, то ин ки иншоотҳо даҳсолаҳо ба ояндагон хизмат намоянд.

Пешвои миллат аз ташаббуси навбатии кишвари мо дар самти гиромидошти неъмати бузурги табиӣ – об, фарҳанги истифодабарии он дар рӯзгор ёдовар шуда, аз аҳли кишвар даъват ба амал оварданд, ки ба қадри об бояд расем.

Аз ҷониби Сарвари давлат самти кишоварзӣ низ мӯшикофона таҳлил шуда, аз як замин гирифтани 3 – 4 ҳосилро омили пешрафти ҳар як хонавода донистанд.

Бо назардошти тақвияти дониши техникӣ, рӯ овардани ҷавонон ба илмҳои равияи техникӣ ва дақиқ «Солҳои 2020 – 2040 солҳои омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» эълон гардид.

Президент дар мавриди гиромидошти забон, рӯ ба китобу китобхонӣ овардани ҳамаи қишрҳои ҷомеа, огоҳ будан аз гузаштаи пурғановати таърихи тоҷикон сухан карданд. Изҳор доштанд, ки “Мо миллати фарҳангӣ, тамаддунсоз ва аз насли ориёӣ буда, бояд ба таърихи гузаштаамон ҳарчӣ бештар рӯ оварем ва дар қалби фарзандонамон меҳри китобхонӣ ва ҷустуҷӯи илму донишро ҷой кунем”. Дар ин радиф Сарвари давлат таъкид доштанд, ки ҳар хонадони тоҷик бояд китоби арзишманд – «Тоҷикон» - и Бобоҷон Ғафуровро дошта бошад. Ин ҳадя аз ҷониби Пешвои муаззами миллат дар муддати кӯтоҳ ба ҳар хонадон тақдим мегардад.

Соҳаи маориф ҳамчун самти афзалиятнок дар сиёсати маърифатпарваронаи Пешвои миллат мақоми махсус дорад. “Дар марҳалаи кунунии пешрафти Тоҷикистон ба соҳаҳои илму маориф афзалияти аввалиндараҷа дода мешавад, зеро онҳо дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ мебозанд”. Ин суханони Сарвари давлат дар Паёми навбатиашон мо, кормандони соҳаи маорифро барои пешбурди фаъолият боз ҳам дилгарм ва масъулиятамонро дар роҳи иҷрои вазифа афзунтар мекунад.

Чизи дигаре, ки аз таваҷҷуҳ ва ғамхории ҳамешагии Президенти мамлакат ба соҳаи маориф башорат медиҳад, ин таъкиди Ҷаноби Олӣ дар мавриди ҳавасмандсозии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ҷиҳати иштирок дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи байналмилаливу ҷумҳуриявӣ аст. Хушбахтона, дар ин бобат дар вилоятамон таҷрибаи ибратбахш ҳосил шудааст ва аз ҷониби Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ҳамасола ғолибони олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва ҳамчунин устодони онҳо бо мукофотҳои арзандаи молиявӣ тақдир карда мешаванд.

Кӯдакон фардои ин миллати босаодатанд ва роҳбарону масъулин дастур гирифтанд, ки дар муддати кӯтоҳ дар деҳот муассисаҳои таълимии томактабӣ, майдончаҳои варзишӣ бунёд намоянд. Дар Паём таъкид гардид, ки то ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ 128 муассисаи томактабӣ ва 338 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бунёд гардида, дар маҷмуъ 1332 муассисаи таълимӣ ва томактабӣ таъмиру таҷдид карда мешаванд. Ин башоратест, ки аз ояндаи дурахшони соҳаи муассисаҳои томактабӣ дарак медиҳад ва маорифчиёнро рӯҳбаланду сарфароз мегардонад.

Роҳбари давлат аз ҳамаи сокинон даъват ба амал оварданд, ки бо меҳнати ҳалол барои ободӣ ва муаррифии шоистаи мамлакат дар арсаи байналмилалӣ кӯшиш намоянд. Ин даъвати шӯълавар аз ҷониби маорифчиён ҳамовозии гарму ҷӯшон ба амал овард ва онҳо бо дасту дилу гарм ва азму талошҳои нав дар татбиқи ин ҳидояти созанда саъю талош меварзанд.

Хуллас, Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат ифодагари пешрафти соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, татбиқи сиёсати ҷавонон, занон ва оила, рушди варзиш буда, барои кормандони ҳама соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат ба ҳайси раҳнамо ва дастури фаъолият хизмат хоҳад кард.

Осим КАРИМЗОДА,
сардори Раёсати
маорифи вилоят, доктори илмҳои таърих, профессор

Add comment


Security code
Refresh