ОМӮЗИШИ ФАНҲОИ ДАҚИҚ – ТАЛАБИ ЗАМОН

Барои ҳар як зиёии Ватани соҳибистиқлоламон, умуман мардуми кишвари азизамон – Тоҷикистони аз ҷиҳати иқтисодиву иҷтимоӣ рушдёфтаистода нуктаҳову муҳтавои Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Президентамон роҳнамо, чароғи фурӯзони саодат шинохта мешавад.

Махсусан, зикри суханони вусъатбахшу башоратовари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Роҳбарону кормандони соҳаи маорифро зарур аст, ки дар баробари чунин дастгириҳои давлат ва афроди ватандӯст сатҳу сифати таълимро дар ҳар як муассисаи таълимӣ, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо, дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баланд бардоранд».

Дар ҳақиқат мо, омӯзгорони макотиби миёна таваҷҷуҳу эътибори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба соҳаи маорифи милливу муосир эҳсос менамоем, дар шуурамон зеҳннишин кардаву дар кори таълиму тарбияи насли ояндасоз аз онҳо бархурдор ҳастем.

Вобаста ба ин мо бояд аз пешрафти ҷомеа, тараққиёти илму техника ва технологияи муосир огаҳии комил дошта бошем ва барои баланд бардоштани сатҳи касбияти худ мунтазам кӯшиш намоем. Ҳаёт тақозо менамояд ва имтиҳоне пеш меоварад, агар мо, омӯзгорон сатҳи баланди касбият надошта бошем, ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

Омӯзгор тарбиятгар, устод асту роҳнамои насли наврас, бо маърифату маънавиёташ ҳаёту рӯзгорро равшану муайян месозад. Омӯзгор меҳнату заҳмати худашро ба хотири баланд бардоштани сатҳи маърифат ва тавсеаи ҷаҳонбинии наврасону ҷавонони илмдӯсту ташаббускор тақвият мебахшад.

Махсусан, мо – омӯзгоронро суханони пурҳикмати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати тавсеаи тафаккури техникӣ, беҳтар омӯхтани илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ барои насли наврас шоҳроҳи боз ҳам пурвусъати донишманду илмдӯст гардидан падид омад – солҳои 2020 – 2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардид, басо рӯҳбаланд ва уҳдадору вазифадор гардониданд.

Ин пешниҳоди Пешвои миллат дурнамои фаъолияти ҳар омӯзгор, корманди илму маориф буда, барои ба ҳадаф расидан азму субот металабад. Мо бояд ба истифодаи донишҳо, малакаҳо ва фаҳмиши хонандагон таваҷҷуҳ ва эътибор диҳем, биноан аз омӯзгор то падару модарон, хонандагон дар бораи мафҳуми таҳсил дар замони муосир як нигоҳи тоза дошта бошем.

Мегӯянд, ки хонандагони имрӯза донишмандону аҳли зиё ва қувваи кори соҳибкасбу соҳибдониши фардо мебошанд. Хонандагон дар асри ХХI дар муҳити технологӣ зиндагӣ мекунанд. Вобаста ба ин барои такмилу малака ва маҷмӯи донишу салоҳиятҳои омӯзгорӣ дар фаъолияти ҳамарӯза муҳим аст ва ин рисолатро мо аз Паёми саодатбори Пешвои миллат бароямон роҳнамо медонем.

Мӯҳсина РАҲМАТҶОНОВА,
омӯзгори МТМУ №17,
шаҳри Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh