ПАЁМИ РӮҲБАХШУ СОЗАНДА

Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки имсол дар рӯҳияи баланди созандагӣ, бунёдкорӣ ва даъвати ҷомеаи кишвар ба таҳкими давлати миллӣ ҷараён гирифт, муҳимтарин самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, инчунин ҳадафҳои давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро дарозои даҳсолаи оянда муқаррар намуд.

Дар ин замина, Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд бо дарназардошти вазифаҳои муҳиму масъулиятноки дар Паём зикргардида, махсусан оид ба масъалаҳои рушди илму маориф ва пешрафти он дар меҳвари ин ҳуҷҷати муҳим гузошта шуданд, нақшаи чорабиниҳо тартиб дода, фаъолияти ҳамарӯзаи худро аз рӯи он амалӣ менамояд. Паём ҳуҷҷати асосии стратегияи тамоми ҷабҳаҳои ҷомеаро дарбар гирифта, он вазифаҳои дар пешистодаро бо пуррагӣ мураттабу матраҳ сохтааст. Дар ин маврид махсус таъкид бояд кард, ки имрӯз ҷомеа дар марҳалаи ниҳоят ҳассос ва мураккаби пешрафти соҳаҳои иқтисодӣ - иҷтимоӣ, муносибатҳои истеҳсолӣ, пулию қарзӣ, раванди истифодаи кувваи корӣ дар хориҷи кишвар ва ғайра қарор дорад. Дар Паёми навбатӣ Сарвари давлат оиди таъмиру азнавсозии муассисаҳои маориф мулоҳизаронӣ намуда, аз ҷумла қайд карданд, ки “Соли ҷорӣ ба маблағи 500 миллион сомонӣ 130 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо зиёда аз 32 ҳазор ҷойи нишаст ба истифода супорида шуд.

 Аз ин шумора 32 муассиса бо қариб 10 ҳазор ҷойи нишаст аз ҳисоби соҳибкорону шаҳрвандони саховатпешаи кишвар ба маблағи беш аз 122 миллион сомонӣ бунёд шуда, ҳиссаи онҳо дар сохтмон ва таъмиру азнавсозии муассисаҳои соҳаи маориф ва дигар бахшҳо рӯз ба рӯз афзуда истодааст.” Ҳамчунин, Пешвои миллат таъкид доштанд, ки ин иқдом дар солҳои минбаъда низ идома дода мешавад. Омӯзиш ва таҳлили таърихи тамаддуни миллати тоҷик шаҳодат аз он медиҳад, ки ин миллат аз азал солору майл ба офариниши тамаддун дошта, дар ҷодаи давлат ва идоракунии он комёб гардидааст. Дар ин радиф Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки китоби “Тоҷикон” - и Бобоҷон Ғафуров то 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тамоми мардуми тоҷик дастрас карда шавад. Солҳои охир аз ҷониби Ҳукумати кишвар ва Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди илмҳои дақиқ ва забонҳои хориҷӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад.

Бо ин мақсад Сарвари давлат дар Паёми хеш пешниҳод намуданд, ки солҳои 2020 - 2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шавад. Ин имкон медиҳад, ки дар ин муддат насли наврас ба аз худ намудани донишҳои замонавӣ ва илму техника таваҷҷуҳ зоҳир намояд. Барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ аз ҷониби Пешвои миллат пешниҳод гардид, ки ҳар сол таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни “Тоҷикистон - Ватани азизи ман” ташкил ва гузаронида шавад. Пешвои миллат дар ҳар як суханрониашон аз хидматҳои омӯзгорону кормандони соҳаи маориф бо қаноатмандӣ ибрози назар менамоянд.

Дар ҳақиқат, пешбарандаи ҷомеаи мо, пеш аз ҳама, муаллим маҳсуб меёбад. Замони имрӯзи мо ҳақиқатан тавассути заҳматҳои созандаи устодон ва иқдомоти таълиму тадриси омӯзгорон тараққӣ менамояд ва бояд ҳар як шаҳрванди кишвар ба қадри меҳнати муаллим ва маҳсули донишҳои ӯ бирасад. Аз моҳи сентябри соли равон 15 фоиз зиёд гардидани музди маоши кормандон далели ғамхории Сарвари давлат дар самти дастгирии ин қишри ҷомеа мебошад.

Аҳли кормандони аъзоёни Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд баҳри дар амал татбиқ намудани нуктаҳои Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯшиш ба харҷ дода, ҷиҳати иҷрои вазифа ва уҳдадориҳои худ дар ҷомеа ва ҳимояи манфиати омӯзгорон тамоми имкониятҳои худро истифода мебарад. Боварии комил дорем, ки Паёми ояндабинонаи Пешвои миллат тамоми ҷомеаи кишвари моро дар роҳи расидан ба ҳадафҳои наҷиб на танҳо дар давоми як сол, балки барои солҳои дигар раҳнамоӣ намуда, кишвари азизамонро ба як давлати муқтадир ва дорои арзишҳои бузурги милливу таърихӣ мубаддал хоҳад кард.

Мӯсобек МИРОВАТОВ,
раиси Кумитаи иттифоқи раиси кормандони
маориф ва илми вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh