Қобилияти зеҳнӣ дар истиқболи субҳи маърифат

Қабл аз он ки доир ба нуктаҳову муҳтавои Паёми саодатбахшу нусратовар сухан бигӯям, ба гуфтори ифтихормандонаву пурвусъати Пешвои муаззам дар ситоиши устод - омӯзгор зеҳн мемонам ва ин ҷо иқтибос меоварам. Муҳтарам Президенти мамлакат таъкидан гуфтанд: «Муаллим ақл, шарафу виҷдони ҷомеа ва симои асосии он мебошад. Вай донишу заковат, гармии дили худро бедареғ ба шогирдон – фарзандони миллат медиҳад ва хешро аз он хушбахт мешуморад».

Дар ин рабт Пешвои муаззами миллат дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулини соҳаи афзалиятноки ҷомеа – роҳбарону кормандони соҳаи маориф дастур доданд, ки барои сатҳу сифати таълимро дар ҳар як муассисаи таълимӣ, дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баланд бардоштан азму субот нишон диҳанд.

Ба ин васила, назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонида, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд.

Дастури амал роҳнамои ҳадафманди омӯзгорон, устодон дар таҳкими таълиму тарбияи насли наврас ва дурнамои рушди ҷомеаи муосирамон маҳсуб меёбад.

Биноан, таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвари соҳибистиқлоламон, ҷорӣ кардани ихтироот дар истеҳсолот, устувор гардонидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷалби боз ҳам васеи истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияҳои муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ вазифаи муҳимтарини соҳаи илму маориф мебошад.

Чунинанд роҳнамоӣ ва муваффақ шудан барои иҷрои дурнамои ҳадафманд. Аз ин рӯ, сиёсати оқилонаи Пешвои миллат дар меҳвари бунёдӣ – ба илму маориф эътибори аввалиндараҷа додан пайванди ногусастанӣ дошта, вусъатбор амалӣ мегардад. Дар ин самт барои рушди қобилияти зеҳнии насли наврас – хонандагони замони муосир ҳамаи шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудааст.

Бинобар ин, мо – омӯзгорон неруву дониш ва истеъдоду тавоноиамонро баҳри тақвияти таълиму тарбияи шоиставу пурсамари шогирдонамон, барои ободиву шукуфоии Ватани маҳбубу дилписандамон бо Паёми Пешвои миллатамон ифтихормандона хизмат менамоем.

Шарофат Розиқова,

омӯзгори МТМУ №9,

шаҳри Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh