Бунёди муассисаи нави таълимӣ – ҳуснфизои шаҳраки навбунёд

Санаи 1 - уми феврали соли 2020 Раиси вилоят  Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ нахуст дар шаҳраки навбунёди Ганҷободи Ҷамоати шаҳраки Суғдиён бо ҷараёни бунёди муассисаи таълимии навбунёд аз наздик шинос гардид. Мавриди зикр аст, ки муассисаи нави таълимӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади беҳтарсозии шароити таълиму тарбияи хонандагон бунёд гардида, тибқи лоиҳа, барои сохтмони иншоот 12 миллион сомонӣ маблағ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ҷудо гардидааст.  

Чуноне масъулини соҳа иттило доданд, сокинони шаҳрак ба бунёд ва фаъолияти муассисаи таълимӣ ниёзманд ҳастанд ва бинои хуштарҳу замонавии мактаби замонавӣ ҳуснфизои шаҳрак хҳад гардид. 

Дар сӯҳбат ба мо муовини сардори Раёсати маорифи вилоят Сайфулло Раҳматов гуфт, ки бинои таълимӣ бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои 720 нафар хонанда дар ду баст сохта шуда, фармоишгар Идораи сохтмони асосии вилоят ва паймонкор ҶДММ «Сохтмон - 3» - и ноҳия мебошад.

Алҳол корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур босуръат идома дошта, дар ошёнаи сеюми бинои муассиса корҳо ҷараён доранд. Ба корҳои сохтмонӣ беш аз 40 нафар сохтмончии маҳаллӣ ҷалб гардидаанд.

Раҷаббой Аҳмадзода бо рафти корҳои сохтмонӣ шиносоӣ пайдо намуда, ба масъулин бобати бо сифати баланд ва то санаи 1 майи соли равон ба истифода додани муассисаи таълимӣ дастур дод.

Ҳамзамон,  дастур дода шуд, ки аз масолеҳи сохтмонӣ ва таҷҳизоти истеҳсолии корхонаҳои ватанӣ, аз ҷумла дару тиреза ва мизу курсиҳо самаранок истифода карда шавад.

Мухтори АБДУЛЛО,

“Ҳақиқати Суғд”

 

Add comment


Security code
Refresh