«Офтобак» - беҳтарин кӯдакистон дар ноҳия

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҳини сафари корӣ аз ҷараёни бунёди кӯдакистони хусусии «Офтобак», ки бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ Абдуваҳҳоб Ҳасанов бунёд мешавад, боздид намуда, ин иқдоми соҳибкорро боиси дастгирӣ арзёбӣ намуд. Кӯдакистони мазкур аз ду ошёна иборат буда, барои 160 нафар тифлони саодатманд бунёд мешавад. Дар сурати ба фаъолият оғоз намудани кӯдакистон 30 нафар бо ҷойи корӣ таъмин хоҳанд шуд.

Раиси вилоят аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур изҳори қаноатмандӣ намуда, бобати бо сифати баланд ва мутобиқ ба завқи кӯдакон бунёд намудани ҳуҷраҳои таълимӣ – тарбиявӣ, эътибор ба омӯзонидани забониҳои хориҷӣ ба масъулин дастур дод.

Зикр бояд дошт, ки аз ҷониби ин соҳибкор бахшида ба ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳия боз як иншооти замонавӣ - меҳмонхона сохта хоҳад шуд.

Мухтори АБДУЛЛО,

“Ҳақиқати Суғд”

 

Add comment


Security code
Refresh