Ғами зимистонро дар баҳор бояд хӯрд!...

Охири фасли тирамоҳ ва зимистон дар шароити иқлими мо мавсими сард аст. Аз ин лиҳоз, барои фаъолияти муътадили ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ ҳанӯз аз тобистон омодагӣ оғоз меёбад. Чун дар урфият мегӯянд: «Ғами зимистонро дар баҳор бояд хӯрд».

Дар якчанд мисолҳо мо шоҳиди он гардидем, ки новобаста аз ҳисоботе, ки соҳаҳои иҷтимоӣ оид ба омода буданашон барои гузаронидани фасли тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020 медиҳанд, воқеан на ҳама сохторҳо ба мавсими сармо пурра омода мебошанд.

Гуфтори масъулин ва воқеият

Ҳангоми дидани муассисаи таълимии миёнаи умумии №9 - и шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ мушоҳида намудем, ки дар ҳар як синфхона печҳои бо ангишт ва ҳезум гармкунанда гузошта шуда, бо сабаби сард будани синфхонаҳо ҳамаи хонандагони дабистон бо либоси зимистонаи болоӣ дарс меомӯзанд. Директори муассисаи таълимии мазкур Гулбаҳор Гиёева иброз намуд, ки вазъи зимистонгузаронӣ дар мактаб хуб аст ва ба муассиса 9 тоннаю 677 килограмм ангишт харида шуда, захираи ҳезум 2 метри кубиро ташкил медиҳад. Ангишти аз тарафи ҶДММ «Барз» дастрасшуда хока мебошад.

Аммо агар сардии синфхонаҳо ва бо либоси ғафс дар дарс ширкат кардани хонандагону устодонро ба назар гирем, боварибахш будани суханони директори мактаб эътибори худро гум мекунад.

Дар муассиса 657 нафар хонанда, аз ҷумла 355 нафар духтар дар синфҳои аз 1 то 10 бо забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ таълим мегиранд.

Захираи барзиёд ва сардии синфхонаҳо

Муассисаи таълимии миёнаи умумии №16-и шаҳраки Бӯстон низ бо печҳои аловӣ ва гармкунакҳои барқӣ таъмин шудааст.

Дар суҳбат ба мо директори муассиса Насиба Шарифова баён дошт, ки барои зимистонгузаронии муассиса 12 тоннаю 272 килограмм ангишт захира шудааст.

Ҳамчунин, ӯ иброз дошт, ки соли гузашта муассиса 4 метри мукааб ҳезум захира намудааст, ки ин ба гуфти директори муассиса, барзиёд мебошад. 10 синфи ибтидоӣ бо печҳои аловӣ ва 13 синфи болоӣ бо печҳои барқӣ гарм мешаванд.

Ҳангоми аз назар гузаронидани синфхонаҳо маълум гашт, ки печҳои аловиро саҳар як маротиба оташ гиронда, минбаъд ба он ангишт андохта мешавад. Синфхонаҳо каме сард буда, шахс бе либоси гарми болоӣ бевосита хунукиро эҳсос менамояд. Дар синфхонаҳое, ки бо асбобҳои барқӣ гарм карда мешаванд, танҳо як асбоби гармкунӣ гузошта шуда, иқтидори гармидиҳии он ба ҳаҷми синфхона рост намеояд. Бо сабаби сардии синфхонаҳо дар ин муассиса ҳам хонандагон ва ҳам омӯзгорон бо либоси гарми зимистона дарс мехонданд.

Шинохти масъулият

Ин ду мисоли овардашуда ба таври кофӣ омода набудани муассисаҳои таълимии ноҳияро ба зимистонгузаронии солҳои 2019 - 2020 аён месозад. Боиси қайд аст, ки муассисаи давлатии таълимии томактабии №1 шаҳраки Бӯстон пурра ва ба таври воқеӣ ба фасли сармо омода шудааст.

Ба гуфти директори ин муассиса Садорат Сафарова дар кӯдакистон 12 тонна ангишт ва 5 метри кубӣ ҳезум захира гардида, тирезаҳои муассиса пурра шишабандӣ шудаанд. Дар кӯдакистон 250 нафар кӯдак дар 10 гурӯҳ тарбия ва таълим мегиранд.

Дарвоқеъ, синфхонаҳо, ҷои хоби кӯдакон ва дигар ҳуҷраҳои муассисаи давлатии таълимии томактабии №1 гарм буда, кӯдакон худро бароҳат эҳсос мекарданд. Шароити хуби кӯдакистон боиси хушнудии мо низ гардид, зеро «саломатии кӯдак ин саломатии миллат аст».

«Басанда», норасоӣ ва «100 фоиз»

Масъули шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ қайд намуд, ки «баҳри самаранок гузаронидани давраи тирамоҳу зимистони соли таҳсили 2019-2020 дар муассисаҳои таълимии ноҳия як зумра корҳо ба сомон расонида шуданд».

Дар ҳисоботи шуъба оварда шудааст, ки эҳтиёҷоти муассисаҳои таълимӣ барои гузаронидани мавсими тирамоҳу зимистони соли таҳсили 2019-2020 харидории 563868 килограмм ангишт буда, бақияи ангишт аз соли гузашта 97500 килограммро ташкил медиҳад. Аз тарафи соҳибкорон ва кумитаи падару модарон ба анборҳои муассисаҳои таълимӣ 16700 килограмм ва аз ҶДММ «Барз» 424000 килограмм ангиштсанг харида шудааст.

Ҳамчунин, масъулин чунин мешуморанд, ки ин миқдор ангишт, яъне дар ҷамъ 440700 килограмм ангиштсанг барои гузаронидани мавсими тирамоҳу зимистони соли таҳсили 2019 - 2020 басанда аст.

Тақози эҳтиёҷот ва миқдори ангишти захирашуда дар муассисаҳои таълимии ноҳия ошкор менамояд, ки норасоии ангиштсанг дар муассисаҳои соҳаи маориф 123168 килограммро ташкил медиҳад. Новобаста аз ин шуъбаи маорифи ноҳия ба хулоса омадааст, ки миқдори ангишти захирашуда кифоя мебошад. Аниқ маълум нест, ки ин хулосаи маорифчиён ба чӣ асос ёфтааст? Шояд аз ҳамин хулосаи «басанда будани захираи ангиштсанг» бошад, ки печҳои аловии муассисаҳои таълимӣ танҳо саҳар як маротиба оташ дода, минбаъд ангишт андохта мешаванду халос. Ва натиҷаи ин гуна «гармидиҳӣ» аст, ки синфхонаҳо ба таври кофӣ гарм намешаванд.

Мутасаддиёни маорифи ноҳия тибқи нақша эҳтиёҷоти муассисаҳои таълимиро ба ҳезуми сахт ба миқдори 230 метри мукааб ва шишабандиро дар ҳаҷми 92 метри мураббаъ ва сӯзишвории дизелӣ дар ҳаҷми 150 литр, бино ба гуфти масъулин, «100 фоиз» иҷро кардаанд. Маълумоти овардашуда, албатта, аз рӯи ҳисоботи шуъбаи маорифи ноҳия дар коғаз аст.

Давраи тирамоҳу зимистон аз мутасаддиёни ҳамаи соҳаҳои иҷтимоӣ, бахусус маориф тақозо менамояд, ки дар фаъолият ҳисси баланди масъулиятшиносӣ зоҳир намоянд ва ҳисобот на танҳо дар коғаз, балки дар амал бояд ба иҷро расад. ҳамчунин, кӯшиши масъулин дар иҷрои вазифа бевосита бо саломатии кӯдакону наврасон, яъне ояндаи миллат вобаста буда, масоили зимистонгузаронӣ бояд ҳамарӯза мадди эътибори ашхоси масъул қарор дода шавад. Чунки таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ танҳо дар он вақт имконпазир аст, ки муассисаҳо дар фасли сармо бо шароити кофӣ таъмин бошанд.

Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,
Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh