ММТ: МАРҲАЛАИ БАҚАЙДГИРӢ ОFОЗ ГАРДИД

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 - уми марти соли равон марҳалаи асосии бақайдгирии довталабоне, ки хоҳиши дохил шудан ба ин ё он муассисаҳои олии кишварро доранд, оғоз намуд ва он то 30 - юми апрел давом хоҳад кард.

Тавре ҳангоми суҳбат Парвиз Саидзода, сардори раёсати ташкил ва идораи имтиҳони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуд, алҳол марказ дар ҳама шаҳру ноҳияҳои кишвар корҳои омодагӣ барои имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавиро ба роҳ мондааст. Дар доираи ин омодагиҳо давоми се рӯз дар шаҳри Хуҷанд аз ҷониби кормандони Маркази миллии тестӣ курси омӯзишӣ барои нозирони минтақавӣ гузаронида шуд, ки назорати имтиҳонҳо ба зиммаи онҳост.

Чуноне аз суҳбат маълум гашт, бо мақсади супоридани имтиҳонҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, аз ҷумла Хуҷанд, Истаравшан, Конибодом, Панҷакент, Бобоҷон Ғафуров, Зафаробод ва бори аввал дар ноҳияи Спитамен марказҳои имтиҳонӣ ташкил шудаанд. Дар умум, имсол дар шаҳру навоҳии вилоят 11 нуқтаи бақайдгирии доимамал ва 4 нуқтаи сайёр мавҷуд аст. Довталабон метавонанд, дар яке аз ин шаҳру ноҳияҳо, ки ҳамчун макони имтиҳонсупорӣ интихоб шудааст, худро ба қайд гиранд. Падару модаронро лозим аст, ки ҳангоми бақайдгирӣ аз интихоби ихтисосҳо ва муассисаҳои таълимӣ, инчунин шакл ва намуди таҳсил фарзандонашонро огоҳ намоянд.

Марказ новобаста аз ба даст овардани дастовардҳои нав ба нав, ҳамеша барои такмилу таҷдиди низом кӯшиш мекунад. Ин аст, ки ҳар сол ҷиҳати беҳбудӣ бахшидан ба иштироки довталабон дар ИМД ва дастрасии баробар ба таҳсил мусоидат менамояд.

 - Навгонии назарраси марказ ин таҳияи тарҳи нави маҷмӯи фанҳои имтиҳонист, ки имсол ба роҳ мондааст. Мувофиқи ин тарҳ, ду қисми имтиҳони тавассути марказ баргузоршаванда вуҷуд дорад. Довталабон вобаста аз зинаи таҳсилоташон танҳо яке аз ин қисмҳоро, яъне онҳое, ки дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11-ум), ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҳастанд, қисми А (имтиҳон дар заминаи барномаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ) ва довталабони дорои таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9-ум) қисми Б (имтиҳон дар заминаи барномаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ) месупоранд, - қайд намуд Парвиз Саидзода.

Ҳамчунин, довталабон - ятими кулл, маъюбон, ғолибони олимпиадаҳо, дорандаи унвонҳо ва сарбозон метавонанд, соҳиби имтиёз аз 50 то 150 балл гарданд. Ин дар ҳолест, ки агар довталаб равияи ҳамон ихтисосе, ки сазовори зинаҳои ифтихорӣ гардидааст, интихоб намояд, имтиёз дар ҳамон самт дода мешавад.

Парвиз Саидзода дар идомаи суҳбат зикр дошт, ки дар ҳолати норозигии довталаб аз риоя нагардидани тартиби имтиҳон ва ё холҳои дар имтиҳон гузошташуда метавонад аризаи апеллятсионӣ пешниҳод намояд. Аризаи мазкур давоми се рӯз баррасӣ мегардад ва дар сурати дуруст буданаш, дубора имтиҳон месупорад.

Марказ имсол низ маҷмӯаҳои саволу масъалаҳои тестиро ҳамчун намуна аз тестҳои солҳои гузашта таҳия ва чоп кардааст, ки 40 фисадашон такроран истифода мешавад. Ин дастурамалҳо бо теъдоди 80 ҳазор нусха чоп ва ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии вилоят ройгон тақсим шуд. Намунаи электрониашон бошад, дар сомонаи марказ гузошта шудааст. Ҳар як довталабро зарур аст, ки барои ба ҳадаф расидан дар роҳи донишҷӯӣ бар замми омодагии хуб дидан ба имтиҳонот, инчунин донистан ва риояи шарту қоидаҳои бақайдгирӣ ва имтиҳонсупорӣ зарур аст, - гуфт Ромиш Неъматов, сармутахассиси бахши минтақавии Маркази миллии тестӣ дар вилояти Суғд.

Хотиррасон менамоем, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштирок дар имтиҳонсупорӣ ихтиёрист, вале гирифтани таҳсилоти миёна ё олии касбӣ ба ҳар шахс дар ҷаҳони муосир барои соҳибмаълумоту соҳибкасб гардидан ва пайдо кардани ҷойи кори мувофиқ муҳим аст.

Истамҷони НАҶМИДДИН,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh