БОЗ ЯК ИҚДОМИ НЕК

Маркази миллии тести назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қабули довталабони имсола тамоми имкониятҳоро фароҳам меовард, то ин ки толибилмон бе ягон душворӣ баҳри давом додани таҳсилоти худ дар мактабҳои олиии мамлакат ба душворӣ рӯ ба рӯ нагарданд. Яке аз корҳои ҷолиби диққате, ки имрӯз ба амал бароварда шуд ташкили нуқтаи бақайдгирӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов аст.

Оғоз аз 26-уми март дар заминаи муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии №20-уми ноҳияи Ҷаббор Расулов нуқтаи бақайдгирии сайёр ба фаъолияти худро оғоз кард. Дар маркази ин ноҳия то ҳол нуқтаи бақайдгирӣ вуҷуд надошт ва довталабон ҷиҳати иштирок дар имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии худро дар нуқтаҳои бақайдгирии воқеъ дар ноҳияҳои атроф номнависӣ мекарданд.

Дар расми ифтитоҳи нуқтаи бақайдгирӣ намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, шуъбаи маориф, намояндагони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Бояд зикр кард, ки соли ҷорӣ муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияро 1540 нафар хонандагони синфи 11-ум хатм менамоянд. Онҳо имкон доранд, ки аз ноҳия берун нарафта, дар нуқтаи бақайдгирии мазкур то санаи 31-уми март аз қайд гузаранд.

Ромиш НЕЪМАТОВ

Add comment


Security code
Refresh