РУШДИ МАОРИФ - ОМИЛИ МУҲИМИ ХЕШТАНШИНОСӢ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маорифро яке аз соҳаҳои афзалиятноки муҳими ҷомеа ҳисобида, барои рушду нумӯъ ва пешрафту устувории он пайваста кӯшишу ғамхории зиёд зоҳир менамоянд.

Сарвари давлат дар Паёми навбатии худ иброз намуданд, ки «Дар марҳалаи кунунии пешрафти Тоҷикистон ба соҳаҳои илму маориф афзалияти аввалиндараҷа дода мешавад, зеро онҳо дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ мебозанд».

Бояд гуфт, ки аз ҷониби Пешвои муаззами миллат солҳои 2020 - 2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда шуд. Ин моро водор месозад, ки ба омӯзиши ин илмҳо диққати бештар зоҳир намуда, хонандагонро дар руҳияи ихтирооту ихтироъкорӣ ба камол расонем. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 40 – уми маҳаллаи Лангари деҳаи Урметани ноҳияи Айнӣ 586 нафар хонанда таълиму тарбия мегиранд.

Маҳз, ташкил шудани Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини шаффофияти имтиҳоноти қабул ба донишгоҳҳои олии кишвар заминаи хуб гузошт. Ҳар сол хатмкунандагони мактаб ба муассисаҳои олии ҷумҳурӣ ва хориҷӣ дохил шуда, таҳсили худро давом медиҳанд.

Дар муассисаи таълимӣ барои хонандагон сол аз сол шароити хуби таълимӣ фароҳам гардида истодааст. Айни ҳол мактаб дорои 17 компютер, як тахтаи электронӣ, як проектор ва 5 принтер мебошад.

Тӯли чанд сол инҷониб дар ин боргоҳи таълим ҳуҷраи фанни забони англисӣ фаъолият мебарад, ки он бо ҳамаи шароити зарурӣ ташкил карда шуда, беҳтарин ҳуҷра дар миқёси ноҳия аст.

Омӯзгорони муассиса пайваста саъю кӯшиши худро барои боз ҳам беҳтар намудани сифати таълиму тарбияи насли наврас равона месозанд, ки самараи дилхоҳ ба бор меорад. Қобили зикр аст, ки ҳар сол хонандагони ин мактаб дар озмуну олимпиадаҳои ноҳиявию вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён мегарданд. Имсол хонандаи синфи 11 Фазлулло Ҳабибуллозода аз фанни забони англисӣ, хонандаи синфи 10 Идрисхоҷа Мусоев аз фанни ҳуқуқи инсон ва хонандаи синфи 9 Ҷанобилло Турсунов аз фанни алгебра дар озмуни ноҳиявӣ иштирок намуда, сазовори ҷойи аввал гашта, дар олимпиадаи вилоятӣ бошад, фаъолона иштирок намуданд.

Чун соҳаи маориф яке аз самтҳои муҳим арзёбӣ мегардад, мо - омӯзгорон мекӯшем, ки дар рушду нумӯи кишвар саҳмгузор бошему шахсони созандаву ободкорро тарбия намоем. Зеро, маҳз насли навраси имрӯза ва оянда ободгару бунёдкори Тоҷикистони навин аст.

Бинобар ин омӯзгорон ва мардуми деҳа кӯшиш карда истодаанд, ки симои зоҳирӣ ва дохилии муассиса ободу зебо гардад. Аз ин рӯ, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ боми бинои муассиса ва худи муассиса таъмир карда шуд.

Бо кӯмаку дастгирии сокинони маҳалла ва омӯзгорон варзишгоҳи мактаб бунёд гардида, саҳни муассиса бетонпӯш шуд. Ҳамчунин, 22 синфхона фарши тахтагӣ шуда, хатти оби нӯшокӣ аз масофаи 9 километр оварда шуд. Бунёди боғ ва шинонидани ниҳолҳои ороишию мевадиҳанда аз тарафи шахсони саховатманди маҳалла, таъмир ва бунёди роҳрави муассиса, хоҷатхона, хонаи посбон, ҳуҷраҳои фаннӣ ва китобхонаи мактаб аз ҳисоби маблағҳои сарикасӣ ва хоҷагии ёрирасони ин таълимгоҳ ба анҷом расонида шуданд.

Мастонбек УЛҶАЕВ,

Солеҳ ЮСУФОВ,

Ҳабибулло ДӮСТМУҲАММАДОВ,

аъзои Иттифоқи

журналистони Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh