ЧОРАҲОИ ПЕШГИРИКУНАНДА АНДЕШИДА ШУДААНД, - иброз доштанд масъулони соҳаи маорифи вилоят

Босуръат паҳн гардидани бемории вируси ҳалокатбори COVID – 19 имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш гузошта, ҳар як сокини мамлакатро мебояд, ки пеш аз ҳама, тарзи ҳаёти солимро риоя намояд. Ҳарчанд дар Тоҷикистон коронавирус ба қайд гирифта нашудааст, аммо чораҳои пешгирикунандаи онро бояд ҳамаи қишрҳои ҷомеа дар амал иҷро намоянд. Муассисаҳои томактабию таълимии вилоят, ки яке аз ҷойҳои ҷамъиятӣ ба шумор рафта, дар як вақт бо теъдоди зиёди мардум сарукор доранд, имрӯз барои пешгирии ин вабо чӣ чораандешӣ намудааст? Оё муассисаҳои таълимӣ безарар гардонида шудаанд? Таълимдиҳандагону таълимгирандагон дар муассиса ба қоидаҳои гигиенаи шахсӣ риоя мекунанд? Бо ин ва дигар суолҳо муроҷиат намудем бо шахсони мутасаддӣ ва роҳбарони муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳии вилоят, ки онро манзури хонандагони рӯзнома мегардонем.

Сайфулло Раҳматов – муовини сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд:

- Баробари хабардор шудан аз вазъияти ташвишовари ҷаҳон бобати фарогирии ҷомеа бо бемории вируси корона дар назди Раёсати маорифи вилоят низ ситод дар асоси ситоди ҷумҳуриявӣ таъсис ёфта, он тибқи нақша – чорабинӣ амал дорад. Дар асоси он, пеш аз ҳама, ба ҳамаи 18 шаҳру навоҳӣ тавассути барқия ва мактуб чораҳои пешгирикунандаи бемории вируси корона маълум карда шудааст. Ҳамчунин, баҳри эмин доштан аз ин беморӣ роҳбарони муассисаҳои таълимии вилоят вазифадор гардиданд, ки дар иншооти таълимию тарбиявӣ корҳои безараргардонӣ гузаронида, ҳамеша бо маҳлули хлор, ҳароратсанҷ, дастпӯшак, ниқоби яккарата, дока барои безараргардонии дастакҳои дари синфхонаву кабинетҳои фаннӣ ва гурӯҳҳо, маҳлулҳои шӯянда ва антисептикҳо таъмин бошанд.

Сабоҳат Шералиева-мудири кӯдакистони № 4-уми ноҳияи Бобоҷон Ғафуров:

- Ҳамарӯза кӯдакони синни боғчарав ҳамроҳи падару модар ва ё наздикони худ ба кӯдакистон меоянд. Барои пешгирӣ аз бемории вируси паҳнгашта мо тамоми чораҳои пешгирикунандаро андешидаем. Ҳар рӯз дар даромадгоҳи кӯдакистон яке аз мураббиён ҳамроҳи духтури бачагон кӯдаконро қабул карда, дастонашонро бо маҳлули антисептикӣ тоза менамоянд. Баъди бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ байни падару модарон хусусан модарон тасмим гирифтаанд, ки фарзандашонро бо ниқоб ба боғча оранд. Дар ошхона ва гурӯҳҳо собуну дастшӯяк ва дастпоккун гузошта шуда, назорат аз болои риояи гигиенаи шахсии ҳар кӯдак пурзӯр шудааст. Дар оғози паҳншавии иттиллои ин беморӣ фарогирии кӯдакон ба боғча то 45 фисад буд. Хушбахтона, баъди бурдани корҳои таблиғотӣ ва чораҷӯӣ баҳри пешгирии бемории коронавирус ин рақам то 70 – 80 фисад боло рафт.

Абдусамад Махсумов – ҷонишини директори муассисаи таълимии миёнаи умумии № 17-уми ноҳияи Мастчоҳ:

- Аз ҷониби маъмурияти муассиса захира ва ҳамарӯза тозаву озода нигоҳ доштану бо маҳлули хлор шуста, тоза кардани долону роҳрав ва синфхонаҳо аз ҷониби оростакорон омили хубест барои пешгирии коронавируси паҳнгашта. Баъди дастрас кардани барқияи Раёсати маориф мо матнро мувофиқи синну соли ҳар хонанда вобаста ба пайдоиш ва пешгирии бемории сироятии COVID – 19 тартиб дода, аз хонандагон диктант гирифтем. Баъди тафтиши омӯзгорони фаннӣ хонандагонро ҳушдор додем, ки падару модарон ва наздиконашонро аз мавзӯи матни диктант бохабар намоянд. Падару модарон мебоист, дар охири он бо иловаи ному насаб ва таърихи шинос шудани матн имзои худро гузоранд. Гумон мекунем, ки ин иқдом самараи натиҷабахш дод. Зеро волидайн баробари бохабар шудан аз донишу малакаи фарзанди худ тавассути матни овардашуда аз пайдоиш ва чораҳои пешгирикунандаю бурдани тарзи ҳаёти солим бохабар шуданд. Ин иқдом тавонист, моро водор созад, бо қисмати бештари аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ва таблиғотӣ гузаронем.

Шоира САЛИМОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh