БА ОМӮЗИШИ ФАНҲОИ ДАҚИҚ ЭЪТИБОР ДИҲЕМ...

Дар ҳар давру замон ҳаёти инсониятро бе илм ва дастовардҳои он тасаввур кардан ғайриимкон аст. Омӯзиши пайвастаи илм барои ташаккули маънавии инсон нақши муассир мегузорад. Дар ҳамин замина, барои ҷалби мардум ва рӯ ба китоб овардани онҳо аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғамхориҳои зиёд зоҳир гардида истодааст.

Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ...» яке аз василаҳои асосии ҷалби ҷавонон ба китобхонӣ буда, ҳамасола дар саросари кишвар баргузор мегардад. Ин озмун боис гардид, ки ҷавонони зиёд рӯ ба китобхонаҳое, ки чанд сол пеш миқдори зиёди хонандагонро надида буд, биёваранд.

Дар ҳамин замина Пешвои миллат барои рушди технология ва фанҳои дақиқ, ки муҳаррики асосии рушди илмҳои гуногун ба ҳисоб меравад, «Солҳои 2020-2040 - ро Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намуданд.

Дар ҳақиқат, рӯ овардан ба омӯзиши илмҳои дақиқ барои пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол ва рушди соҳаи илму маориф бартарияти зиёдеро дорост. Ин тасмимгириҳои Пешвои миллат барои ҷалби ҷавонон ба фанҳои дақиқ аст. Зеро, мутаассифона, тайи чанд соли охир ва ҳоло ҳам аксарияти ҷавонон ҳангоми ба донишгоҳҳои олӣ дохил гардидан рӯ ба фанҳои гуманитарию ҷамъиятӣ меоранд. Мисоли равшани ин гуфтаҳо ин аст, ки нақшаи қабул дар муассисаҳои олии кишвар агар ба гурӯҳи ихтисосҳои сеюм (фанҳои гуманитарӣ) 13997 нафар бошад, то санаи 14 - уми апрели соли равон 17387 нафар довталаб ҳуҷҷат супурдаанд.

Ба гурӯҳи ихтисосҳои якум, ки «Табиӣ ва техникӣ» аст, то санаи 14 - уми апрели соли равон ҳамагӣ 14124 довталаб ҳуҷҷат супоридаанд. Ин дар ҳолест, ки нақшаи қабул ба ин гурӯҳ 21016 нафар пешбинӣ гардидааст.

Яке аз ҳадафҳои асосии давлату ҳукумат маҳз ҷалби бештари ҷавонон ба фанҳои табиию техникӣ мебошад. Зеро дар замони пешрафти илму техника бояд, ҷавонон рӯ ба ихтироот оварда, миллати худро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоянд.

Хайрулло Сабуров, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, доктори илмҳои педагогӣ, профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров зикр намуд, ки эълони бистсола барои пешрафти илму техника боис мегардад. То ин дам аз ҷониби Ҳукумати мамлакат чандин барномаю стратегияҳо қабул гардида буд, ки натиҷаҳои онро имрӯз дар амалия дида истодаем. Давоми 10 - 20 соли охир дар Тоҷикистони соҳибистиқлол соҳаи техника ва технологияи инноватсионӣ бомаром рушд намуда истодааст. Имрӯз барои ба пешравиҳои дигар ноил гардидан ҷавонони моро зарур аст, ки рӯ ба фанҳои дақиқ оварда, барои ҳаматарафа аз бар намудани нозукиҳои техникаву технологияи навин кӯшиш намоянд. Алҳол дар хориҷи кишвар ҷавонон масъалаҳои глобалии фанҳои табиатшиносиву дақиқ ва риёзиро ҳаллу фасл намуда истодаанд. Мақсади асосии Сарвари давлати мо ин аст, ки бояд ҷавонони кишвари мо бештар ба омӯзиши фанҳои дақиқ рӯ оварда, бо ихтирооти худ ба бозори ҷаҳонии рақобатпазир роҳ ёбанд.

Дар китоби «Забони миллат - ҳастии миллат» - и Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд шудааст, ки аввалин асари риёзӣ оид ба чаҳор амали математикӣ - ҷамъ, тарҳ, тақсим ва зарб ба қалами Абулҳайсами Табарӣ, ки яке аз донишмандони миллати тоҷик аст, тааллуқ дорад, ки бо номи «Шуморнома» маъруф аст. Ин нуктаро чандин нафар олимону муҳаққиқон дар маводи худ тасдиқ намудаанд.

Президенти кишвар дар Паёми худ чунин таъкид намуданд:... “Роҳбарону кормандони соҳаи маорифро зарур аст, ки дар баробари чунин дастгириҳои давлат ва афроди ватандӯст сатҳу сифати таълимро дар ҳар як муассисаи таълимӣ, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо ва дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баланд бардоранд”.

Дар ин замина профессор Хайрулло Сабуров мегӯяд, ки дар сурати дар ҳама муассисаҳои таҳсилоти миёнаву олии мамлакат беҳтар шудан сифати таълим албатта, таъсири худро барои баланд гардидани сифати кадрҳо низ мерасонад. Бинобар ин, кормандони соҳаи маориф ва илмро зарур аст, ки барои беҳтар гардидани сатҳу сифати таълим ҳам дар донишгоҳҳои олӣ ва ҳам дар мактабҳои миёна кӯшишҳои ҳамаҷонибаи худро ба роҳ монанд.

Истамҷони Наҷмиддин,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh