Тақдими стипендия ба донишҷӯён

23-юми июни соли 2020 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон маросими супоридани стипендияи раиси шаҳр сурат гирифт. Дар чорабинӣ, раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода, муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳои дахлдори мақомоти иҷроия, ректори Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон, директори Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат ва сарварони муассисаҳои таълимии шаҳр ширкат намуданд.

Ҷамъомад бо сухани ифтитоҳии мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Бӯстон Хусравшоҳ Исмоилзода оғоз гардид.

Баъдан, раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода оид ба танинандозии сулҳу ваҳдати миллӣ дар мамлакат, дастгирии давлатии ҷавонон дар замони соҳибистиқлолии кишвар зери роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳайё гардидани имконоти мусоиди кору таҳсил ва зиндагии шоиста ба ин қишри ҷомеа ибрози назар намуд.

Гуфта шуд, ки Истиқлолият, Ваҳдат, осудагиву амният ва тинҷиву осоиштагӣ арзишҳои ниҳоят муҳим ва муқаддас буда, баҳри таҳким, густариш ва ҳифзи ин арзишҳо бояд ҳар як фарди ҷомеа бо эҳсоси масъулияти том ҷаҳду талош намояд.

Баъдан роҳбари шаҳр зикр дошт, ки дар шаҳри Бӯстон бо мақсади амалӣ намудани сиёсати ҷавонпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ҳавасмандгардонии ҷавонони соҳибмаърифату болаёқат иқдомҳои наҷиб роҳандозӣ гардида, пайваста ташаббусҳои неку созандаи онҳо пуштибонӣ меёбад.

Аз ҷумла соли равон шумораи гирандагони стипендияи раиси шаҳр аз 22 ба 30 адад расонида шуда, андозаи маблағи он аз 19 ҳазору 80 сомонӣ ба 27 ҳазор сомонӣ расонида шуд.

Баъдан ба 30 нафар ҷавонони фаъоли шаҳр, донишҷӯёни Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон, хонандагони Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат ва муассисаҳои таълимӣ стипендия ба ҳар кадоме ба андозаи 900 сомонӣ ва шаҳодатнома тақдим карда шуд.

Дар интиҳо Ҷасур Шуҳратзода хонандаи Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон, Меҳрангез Ҷалолова хонандаи литсеи 1 ва Сабрина Мӯъминова хонандаи Гимназияи 2-юм ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари шаҳр изҳори сипосмандии хешро ҷиҳати дастгирии давлатии ҷавонон баён ва изҳор доштанд, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, баҳри шукуфоии Тоҷикистони азиз саҳмгузор хоҳанд шуд.

Мамнур НУРЗОДА,

шаҳри Бӯстон 

Add comment


Security code
Refresh