Раҷаббой Аҳмадзода – Раиси вилояти Суғд: Саодати инсон аз дониш сарчашма мегирад!

Ҳамоиши гирандагони Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Пайравони Пешвои миллатем!”

Санаи 28-уми июни соли 2020 дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят ҳамоиши гирандагони Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат” бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ баргузор гардид.

Дар ҳамоиш ҷавонони боистеъдод ва гирандагони Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони раёсату шуъбаи ҷавонон ва варзиши вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ширкат варзиданд.

Ҳамоиши гирандагони Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ифтитоҳ намуда, дар суханронии хеш бобати дастгирии давлатии ҷавонон, бахусус ғамхориҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати насли фардосози миллат ҳарф зад.

Раҷаббой Аҳмадзода аз ҷумла зикр дошт, ки имрӯз ҷавонони саодатманди диёрамон дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди босуботи ҷомеа ва татбиқи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши муҳим доранд.

- Таваҷҷуҳ ба фаъолияти ҷавонон ва татбиқи муваффақонаи сиёсати давлатии ҷавонон имрӯз яке аз муҳимтарин самтҳои сиёсати давлатӣ маҳсуб ёфта, ба фаъолияти ҷавонон, бахусус хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва донишҷӯён дар қаламрави кишвар эътибори бештар зоҳир мегардад. Ҷавонони вилоят низ дар ҷавоби ин ғамхориҳо пайваста мекӯшанд, ки бо хониши аъло, иҷрои корҳои тадқиқотии илмӣ, хизмат дар сафи Артиши миллӣ ва муҳим аз ҳама дар татбиқи сиёсати Ҳукумати мамлакат пешсаф ва садоқат ба миллату Ватан дошта бошанд.

Мавриди зикр аст, ки мо дар пешорӯи маъракаи муҳими сиёсӣ – интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем ва боварӣ ҳаст, ки баҳри дар сатҳи баланди ташкилию маънавӣ баргузор намудани чорабинии мазкур нақши арзандаи Шумо – ҷавонони саодатманд шоиста хоҳад буд, - зикр дошт Раҷаббой Аҳмадзода.

Таъкид бояд дошт, ки тайи солҳои охир ҷиҳати дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонон ва мусоидат барои ташаккули фикриву эҷодии онҳо аҳамияти хоса зоҳир мегардад ва пайваста бо дарназардошти афзудани ҳаҷми музди меҳнати кормандони соҳаҳои таъминоти буҷавӣ теъдоди гирандагон ва маблағи Стипендияҳои Президентӣ, Раиси вилояти Суғд ва раисони шаҳру ноҳияҳо аз муҳимтарин тадбирҳои дастгирикунандаи давлат ва Ҳукумати кишвар нисбат ба хонандагони аълохон маҳсуб меёбад.

Мавриди зикр аст, ки алҳол дар миқёси вилоят 928 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият дошта, дар онҳо беш аз 550 ҳазор хонандагон ба таълиму тадрис фаро гирифта шудаанд.

Дар ҳамоиш раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ низ суханронӣ намуда, аз нақши шоистаи ҷавонон дар ҷомеаи муосир, дастгириҳои беназири Пешвои миллат ва татбиқи Барномаҳо ва Стратегияҳои соҳавӣ ҳарф зада, аз ҷумла таъкид дошт, ки ҷавонони ватандӯсти диёр чун ворисони арзандаи ниёгони шарафманди хеш баҳри пешрафту шукуфоии Тоҷикистони азиз садоқатмандона хидмат намуда, бо ташаббусҳои наҷиб, талошҳои пайгирона, дастовардҳои фикриву эҷодӣ ва варзишӣ ҳамчун намояндаи ҳақиқии насли нави фардосози тоҷик барои афзоишу таҳкими нуфуз ва эътибори Ватани азизу маҳбуби хеш саҳмгузор хоҳанд буд.

Сипас, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ ба 97 нафар ҷавонони боистеъдод Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро тақдим доштанд.

Ҳамзамон, дар ин ҳамоиш озмуни вилоятии «Ҷавондухтарони ҳунарманд», ки бахшида ба солҳои 2019 – 2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардида буд, ҷамъбаст гардида, ба ғолибони озмун мукофотҳои арзишманд тақдим карда шуд.

 Мухтори Абдулло,

 «Ҳақиқати Суғд»

 

 

Add comment


Security code
Refresh