ТАКМИЛИ ИХТИСОС МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲИ ДОИМӢ

Бо мақсади таъмини раванди устувор ва муназзами рушди маориф, беҳдошти сифати таҳсилот, таъмини майлони устувори инкишофи сифатан нави соҳа дар даврони Истиқлолият то имрӯз силсилаи стратегияҳо, консепсия ва барномаҳои давлатӣ таҳия ва тасдиқ гардида, соҳаи маориф ҳамчун самти афзалиятноки стратегияи рушди миллӣ таҳти таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ислоҳоту таҳаввулоти бесобиқаро паси сар менамояд. Ба тасвиб расидани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии рушди системаи такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» далели равшани таваҷҷуҳи роҳбарияти давлату Ҳукумат нисбат ба беҳдошти сатҳу сифати таълиму тарбия ва ташаккули касбияти омӯзгор ба ҳисоб рафта, тӯли се сол инҷониб Барномаи мазкур дар кишвар мавриди амал қарор дорад ва барои расидан ба натиҷаҳои назаррас дар пешрафту рушди босуботи соҳа заминаҳои мусоид фароҳам меоварад.

Маҳз, муҳимият ва аҳамияти калидии соҳаи маориф аст, ки комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд оид ба масъалаҳои илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон ҷаласаи нахустини худро ба соҳаи маориф бахшида, масъалаи рафти иҷрои қарори мазкурро дар филиали Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар вилояти Суғд мавриди баррасӣ қарор дод. Ҷаласа таҳти Раёсати Дилафрӯз Саидӣ, вакил аз ҳавзаи интихоботии №5, «Масҷиди сурх»-и шаҳри Хуҷанд, директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ ҷараён гирифта, дар кори он аъзои комиссия, вакилони навинтихоби халқ, ҳамчунин таклифшудагон, аз ҷумла муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ, директори филиали Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос Муҳаммад Исомаддинзода, роҳбарияти Мактаби варзишии вилояти Суғд, намояндаи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят иштирок намуданд.

Тибқи рӯзномаи ҷаласа, нахуст М.Исомаддинзода доир ба нишондиҳандаҳо ва дастовардҳои филиали донишкада дар самти татбиқи барномаи мазкур тибқи бандҳои дахлдори нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муфассал маълумот дод.

Чанд нафар аз иштирокчиён, вакилони халқ – аъзои комиссия ба музокирот баромада, доир ба масъалаи мазкур ибрози андеша намуданд. Аз ҷумла аз ҷониби муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ ҷиҳати ҳарчи зудтар ташкил ва роҳандозӣ шудани курсҳои такмили ихтисоси фосилавӣ бо назардошти талаботи сироятшавӣ ва паҳншавии бемории нави COVID - 19, ҳатталимкон зиёд карда шудани соатҳои пешбинишудаи равоншиносӣ барои курсҳои такмили ихтисоси омӯзгорон, бо назардошти эълон шудани бистсолаи омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф, таваҷҷуҳи бештар зоҳир намудан ба таъсису ҷиҳозонидани кабинетҳои таълимии фаннии ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир ва дар ин замина густариш бахшидани ин раванд дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди вилоят ва амсоли ин масъалаҳои мубрами вобаста ба такмили ихтисос ва ташаккули малакаи касбии омӯзгорон дастуру ҳидоятҳо доданд.

Дар Иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҷониби Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба рушди соҳаҳои маориф ва тандурустӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, таъкид шуд, ки омӯзгорон бояд дар масъалаи бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарғиботӣ ҷиҳати риояи гигиенаи шахсӣ, тарзи ҳаёти солим, масофаи иҷтимоӣ байни мардум, истифодаи ниқоб ва монанди ин чораҳои зиддиэпидемикӣ ҷиҳати мубориза алайҳи паҳншавии бемории нави коронавирус байни аҳолӣ фаъол бошанд.

Инчунин, бо назардошти шароити бамиёномада ҷиҳати ҳарчи зудтар ташкилу роҳандозӣ шудани курсҳои такмили ихтисоси фосилавӣ ва онлайн-курсҳо барои омӯзгорони шаҳру ноҳияҳои вилоят ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.

Боиси қайд аст, ки роҳбарияти филиали донишкада шуруъ аз нимаи дуюми моҳи июн дар асоси дастуру супоришҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузории курсҳои такмили ихтисоси сайёрро дар шаҳру ноҳияҳои вилоят роҳандозӣ намуда, оид ба ташкили курсҳои фосилавӣ тадбирҳои мушаххас андешида истодааст. Чунончӣ, бо ҶСК «Тоҷиктелеком» шартнома ба тасвиб расонида, cомонаи мустақили филиали муассиса (www.djtio-sugd.tj) омода гардид.

Ҷиҳати мубориза алайҳи бемории зикршуда аз ҷониби кормандону омӯзгорони филиали донишкада корҳои фаҳмондадиҳӣ роҳандозӣ гардида, дар ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо ва бо дастури Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд муассисаҳои таълимии вилоят тавассути раёсату шуъбаҳои маориф маводи тарғиботӣ ба миқдори 3700 дона буклет, 3700 дона диск оид ба риояи беҳдошти гигиенаи шахсӣ, 558 дона ё ба миқдори 14832 литр маҳлулҳои антисептикӣ тақсим ва дастрас шуданд. Ҳайати кормандони филиали донишкада музди маоши якрӯзаи худро ба суратҳисоби фонди хайриявии ташкилнамудаи Ситоди ҷумҳуриявии зидди бемории коронавирус COVID-19 гузарониданд.

Шавкат РУСТАМОВ,

муовини директори филиали

Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили

ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи

 маориф дар вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh