Ҳамовозӣ cафои илм ва рисолати соҳибкасбӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олӣ ба соҳаи ояндасози ҳар як давлат-илм дахл намуда, дар назди аҳли маориф вазифа гузоштанд, ки ба омӯзондани фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар дода, ҷиҳати тақвият бахшидани қобилияти эҷодии наврасону ҷавонон, дар замири онҳо бедор кардани меҳри китобдӯстӣ ва мутолиаи асарҳои бадеиву илмӣ чораҳои зарурӣ андешанд: «…Назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонда, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд».

Маҳз, ба шарофати таваҷҷуҳи хосаву ҳамешагии Пешвои муаззами миллат мо - ҷавонон оид ба ҳувияти миллӣ, арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ, муқаддасоти Ватани азизамон – Тоҷикистон огоҳии комил пайдо намуда истодаем.

Дар тамоми паёмҳо, суханронӣ ва вохӯриҳои худ Пешвои миллат ба мо, ҷавонон чунин таъкид мекунанд: «Фарзандони азиз! Ҳамаи кору пайкор ва заҳмату талошҳои мо барои таъмини зиндагии шоистаи шумо, фароҳам овардани шароити замонавӣ барои таҳсил ва муҳайё намудани имконияти мусоид ҷиҳати ҳамчун инсони комил ба воя расидани ҳар яки шумо равона карда шудааст.

Мо хуб эҳсос мекунем, ки наврасону ҷавонони замони Истиқлолият бо Ватани маҳбуб ва миллати хеш ифтихор мекунанд ва умедворем, ки онҳо дар оянда ифтихори Ватан ва миллати худ хоҳанд шуд. Барои ин зарур аст, ки шумо ҳар рӯзро самаранок истифода карда, илм омӯзед, соҳибкасб гардед, забонҳои хориҷиро аз худ кунед, ҳунарманд бошед, бо варзиш машғул шавед ва оянда бо заҳмату талошҳои созанда ва иқдому ташаббусҳои бунёдкорона диёри аҷдодии хешро обод ва Парчами давлати тоҷиконро боз ҳам баландтар бардоред».

Дар маҷмӯъ, метавон гуфт, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми паҳлӯҳои ҳаёти ҷомеаро фаро гирифта, ҳуҷҷати тақдирсозест, ки моро ба ояндаи неку дурахшон раҳнамун месозад.

Динорахон Раззоқова,

донишҷӯи курси дуюми

факултети забонҳои

хориҷии ДДХ ба номи

академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh