МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТӢ: АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ ОЗМУНИ ТАҚСИМОТИ ТАКРОРӢ

Санаи 24-уми июл натиҷаи озмуни тақсимоти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Довталабон тавассути паёмакҳо ва ё аз утоқи инфиродиашон доир ба натиҷаҳои имтиҳоноти дохилшавӣ маълумот пайдо намуданд. 

Чуноне ки медонем, даври асосии имтиҳонҳои Маркази миллии тестӣ аз санаи 1-уми июл оғоз ва то санаи 7-уми июл идома кард. Дар вилояти Суғд 11 маркази имтиҳонӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд, Истаравшан, Конибодом, Панҷакент ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташкил шуда, 24712 нафар довталаб имтиҳон супориданд.

Бино ба иттилои сармутахассиси Бахши минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, Ромиш Неъматов марказҳои имтиҳонӣ бо ҳамаи шароитҳо таъмин гашта, соли ҷорӣ бори аввал имтиҳонҳо тавассути камераҳои назоратӣ ба таври онлайн аз марказ, яъне шаҳри Душанбе назорат шуданд.

Вобаста ба пешгирии сироят ба вируси COVID-19 дар марказҳои имтиҳонӣ тамоми чораҳои зарурӣ гузаронида шуда, ҳамаи синфхонаҳо ҳамарӯза бо маводи зиддифунунӣ коркард ва дастони довталабон қабл аз ворид гаштан ба синфхонаҳо бо маводи антисептикӣ тоза карда шуд. Дар марҳалаи имтиҳонсупорӣ довталабони бениқоб аз ҷониби Маркази миллии тестӣ бо ниқобҳои ройгон таъмин шуданд, ҳангоми имтиҳонот зиёда аз 24000 қуттии оби нӯшокӣ ройгон ба довталабон дар вилоят дода шуд.

Ҳамзамон, санаи 12-уми июл бори аввал дар сатҳи вилоят имтиҳони иловагӣ низ баргузор шуд. Аз ҷумла дар шаҳри Хуҷанд 3 маркази имтиҳонӣ ташкил шуд, ки 980 нафар имтиҳон супориданд. Натиҷаи имтиҳонҳо санаи 19-уми июл эълон шуд.

Хушбахтии нафароне, ки шарафи донишҷӯ шудан насибашон гашт, ҳадду канор надорад.

Он довталабоне, ки оид ба натиҷаи озмуни тақсимот маълумот пайдо накарданд, тавонистанд, ки аз нуқтаҳои иттилоърасоние, ки аз ҷониби Маркази миллии тестӣ ташкил шуд, иттилоъ дастрас намоянд.

Аз ҷумла дар шаҳри Истаравшан, Панҷакент ва шаҳри Хуҷанд. Сармутахассиси Бахши минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Ромиш Неъматов қайд кард, довталабоне, ки аз рӯи натиҷаи имтиҳон ба ягон донишгоҳ дохил шуданд, имкон доранд, то санаи 5-уми август ҳуҷҷатҳои худро ба муассисаи таълимӣ пешниҳод намоянд. Дар ҳолати то санаи 5-уми август пешниҳод накардан ҷои онҳо ба таври автоматӣ банд гардида, дар озмуни тақсимоти такрорӣ ҳамчун ҷои холимонда эълон мешавад. Бояд зикр намуд, ки Маркази миллии тестӣ чун ҳамасола ба довталабоне, ки аз рӯи озмуни тақсимоти асосӣ ба ягон муассисаи таълимӣ дохил намешаванд, имкон додааст, ки аз санаи 10-ум то 13-уми август дар азнавбақайдгирии озмуни тақсимоти такрорӣ иштирок намоянд.

Соли ҷорӣ барои навбатпоии зиёд нашудан бори аввал довталабон тавассути смс-паёмак огоҳ карда мешаванд, ки кадом рӯз ба кадом нуқтаи бақайдгирӣ ҳозир шуда, аз қайд гузаранд. Нафароне, ки дар озмуни тақсимоти такрорӣ иштирок менамоянд, дар асоси бали аввалияи бадастовардаашон арзёбӣ мегарданд. Санаи 17-уи август натиҷаи озмун эълон мегардад ва довталабон имкон доранд, ки то санаи 19-уми август ҳуҷҷатҳояшонро ба муассисаи таълимӣ пешниҳод намоянд.

 Қайд кардан бамаврид аст, ки соли ҷорӣ қабули донишҷуён ба 35 муассисаи таълимии таҳсилоти олӣ ва 66 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.

Дар давоми баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ Маркази миллии тестӣ тавонист, ки дар тамоми раванду марҳалаҳои имтиҳонҳои мазкур шаффофияту адолатро таъмин намуда, боварии ҷомеаро нисбат ба фаъолияти худ ва ин имтиҳонҳо афзун гардонад.

 Сурайё ҲАКИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh