Беш аз 5 ҳазор китоб харида шуд

Дар маҷлисгоҳи Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон бо иштироки васеи роҳбарият, устодону кормандон ва намояндагони васоити ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Ректори донишкада Мухтор Фозилзода оид ба фаъолияти нимсолаи аввали донишкада маълумот дода, афзуд ки теъдоди умумии кормандони штатӣ 243 нафарро ташкил намуда, аз инҳо 153 нафар корманди илмӣ, педагогӣ аз ҷумла профессорон, 48 номзади илм, дотсент, 44 нафар муаллими калон ва 56 ассистент фаъолият доранд. Алҳол донишкада тибқи иҷозатномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи 18 ихтисоси равияи кӯҳӣ – металлургӣ мутахассисон омода карда, дар се факултаи он аз рӯи 18 ихтисос ҳамагӣ 3200 донишҷӯву магистратон ва аспирантону доктарантон таҳсил намуданд.

М.Фозилзода оид ба вазъияти пешгирии бемории сироятии коронавирус иттилоъ дода, иброз дошт, ки дар ин давра чораҳои дахлдор андешида шуда, аз ҷониби кормандони бунгоҳи тиббии донишкада дар якҷоягӣ бо масъулини шуъбаву сохторҳои он дар байни донишҷӯёну устодон баҳри пешгирии паҳншавии ин беморӣ, риоя намудани гигиенаи шахсӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ вохӯрию суҳбатҳои муфид ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шудааст.

 - Донишкада ба таҳсили имсола пурра омода буда, дар ин раванд соли равон системаи обтаъминкунии он, ки солҳо инҷониб кӯҳнаву фарсуда шуда буд, таъмир шуда, инчунин синфхонаҳои бинои асосии таълимӣ ва бинои таълимии №1, озмоишгоҳҳо, хобгоҳҳо таъмиру тармим гардида, ноқилҳои барқтаъминкунанда ва таҷҳизоти барқӣ пурра азнавсозӣ шудааст, -изҳор дошт ректори донишкада.

Ҳамзамон, донишкада ба мавсими сармои имсола низ омодагии ҳамаҷониба дида, аз ҷумла барои зимистонгузаронӣ дар анборҳо беш аз 53 тонна ангиштсанг ва ба андозаи зарурӣ ҳезум захира кардааст.

Бино ба иттилои масъулин, бобати дастуру супоришоти Пешвои миллат оид ба таъсис ва муҷаҳҳазонидани китобхонаҳо бо адабиёти мухталиф, дар донишкада низ чораандешӣ гардида, соли равон беш 5 ҳазор китоби таълимиву соҳавӣ ва бадеӣ харида ба донишҷӯёну устодон пешниҳод шудааст.

Маъмурахон САМАДОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh