Дастовардҳо назаррасанд

Дар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир гардид, ки дар он директори донишакда, номзади илмҳои иқтисод, дотсент Олимӣ Рауф Латифзода, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Тоҷибой Султонӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд.

Сараввал директори донишкада баромад карда, перомуни дастоварду комёбиҳои ҷомеаи меҳнатӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ маълумоти муфассал дод.

Таҳсилот дар донишкада бо се забон - тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст. Зиёда аз 35 нафар олимону омӯзгорон дар гурӯҳҳои таҳсил бо забони англисӣ машғулиятҳоро аз ҳамаи фанҳо (иқтисодӣ, риёзӣ, ҳуқуқ, ҷомеашиносӣ ва ғайра) бо забони англисӣ мегузаронанд.

Заминаи моддию техникии донишкада ҷавобгӯи талаботи стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ буда, ҷараёни таҳсил дар се бинои таълимӣ, ки аз 80 синфхонаи алоҳида иборатанд, дар ду баст ташкил шудааст.

Базаи моддию техникӣ дар сатҳи лозима қарор дошта, аз ҷумла 606 компютери замонавӣ, 70 ноутбук, 20 телевизор, 18 экран барои проектор, 103 проектор, 33 тахтаи электронӣ ва 134 камераи назоратӣ мавҷуд мебошанд.

Дар донишкада китобхонаи анъанавӣ, электронӣ, синфхонаҳои интернет, лингафонӣ, компютерӣ, синфхонаи таълимии бонкӣ, маркази омӯзиши забонҳо, толори маҷлисгоҳ, толори фитнес, майдончаи варзишӣ, ошхона, хобгоҳ ва бунгоҳи тиббӣ мавҷуд аст.

Донишкада бо зиёда аз 220 корхона, ширкат, бонк, муассисаҳои таҳсилот, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти идоракунии маҳаллию давлатӣ шартномаҳои дуҷониба оид ба таҷрибаомӯзӣ дорад, ки дар онҳо донишҷӯён ва магистрантон дар давоми таҳсил таҷриба меомӯзад.

Бояд гуфт, ки ин боргоҳи таълим бо зиёда аз 60 донишгоҳҳои Аврупо, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Осиё ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил созишномаҳои ҳамкорӣ дошта, устодону магистрон ва донишҷӯён тибқи барномаҳои ЭРАСМУС – МУНДУС, ТАРГЕТ 1 ва 2, ТЕМПУС ва лоиҳаи ФЛЕПП метавонанд, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзиро дар кишварҳои хориҷӣ ба роҳ монанд.

Дар донишкада дар доираи лоиҳаи грантии таълимоти касбӣ ва амалӣ намудани донишҷӯдухтарон барои фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ ва меҳмондорӣ ташкил шуда, аввалин хатмкунандагони он – 60 нафар сазовори Сертификат гардиданд.

Дар охир рӯзноманигорон перомуни таҳсили устодону донишҷӯён дар хориҷи кишвар, риояи таҳсил бо фосилаи иҷтимоӣ, фаъолият дар самти мубориза алайҳи COVID – 19, вазъи пардохти маош ва рухсатпулиҳои устодон, баланд бардоштани мақоми зан дар донишкада, дастгирии ятимону бепарасторон, вазъи забономӯзӣ, таҳсил дар магистратура ва ғайра суол дода, посух гирифтанд.

Нодир ТУРСУНЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh