Фаъолияти муташаккилонаи маорифчиён

- Дар назди раёсату шуъбаҳои маорифи муассисаҳои таълимии вилоят баҳри пешгирии бемории сироятии коронавирус ситод таъсис ёфта, дар ҳамкорӣ бо Маркази санитарӣ – эпидемиологии шаҳру ноҳияҳо маводи безараргардонӣ захира шуданд.

Боиси қайд аст, ки оид ба ҳолатҳои баамаломада дар маҳал омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулодда риояи қоидаҳои санитарию гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ корҳои фаҳмондадиҳию омӯзишӣ гузаронида шудааст.

Аз санаи 27 – уми апрели соли 2020, тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ, баҳри гузаронидани чораҳои зиддиэпидемикӣ дар ҳамаи муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарсу машғулиятҳо қатъ гардида, хонандагон ба таътил фаро гирифта шуданд, - иброз дошт сардори Раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода дар нишасти матбуотӣ бо рӯзноманигорони васоити ахбори омма.

Қайд шуд, ки соли таҳсили 2019 – 2020 дар вилоят 929 муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият дошта, дар онҳо 547 ҳазору 925 нафар, аз ҷумла 267 ҳазору 888 нафар духтар ба таълиму тарбия фаро гирифта шуданд.

Дар ҳудуди вилоят 13 муассисаи таълимии типи мактаб – интернат фаъолият доранд. Дар муассисаҳои номбурда теъдоди тарбиятгирандагон як ҳазору 227 нафар буда, аз ин миқдор 35 нафар ятим, 136 нафар бепадар, 58 нафар бемодар, 96 нафар тарбиятгирандае, ки муассисаи таълимӣ аз ҷои зисташон дур ҳастанд ва 902 нафар кӯдаки маъюб ва нуқсондор мебошанд.

Аз рӯи натиҷаҳои ҷамъбасти аттестатсияҳои хатми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят ва Мактаби Президентии шаҳри Бӯстон барои дарёфти медалҳои тилло ва нуқра ҳуҷҷатҳои 21 нафар довталаб ба комиссияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, аз онҳо 12 нафар ба дарёфти медали тилло, 3 нафар ба гирифтани медали нуқра мушарраф гардиданд. Шаш нафари дигар бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз шуданд.

Дар фарҷом рӯзноманигорон ба суолҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Шоира САЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh