ОFОЗИ ТАҲСИЛ 17 АВГУСТ
- Details
- Published on Wednesday, 12 August 2020 16:35
Аз санаи 17-уми августи соли 2020 таҳсили хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олӣ оғоз мегардад. Овозаҳои мухталифи мардум ҷиҳати саршавии таҳсили нав, фурӯши либоси ягона, пардохти маблағи таҳсил, харидани лавозимоти хониш ва баъди он бозпас ба карантин фаро гирифта шудани толибилмон моро водор сохт, ки бо сардори Раёсати маорифи вилоят, муҳтарам Осим Каримзода ҳамсуҳбат шавем.
- Устод, ҳадафи аз санаи 17-уми август ба фаъолият оғоз кардани муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро шарҳ медодед?
- Дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 17 - уми август тасодуфӣ интихоб нашудааст. Ба ҳамагон маълум аст, ки бинобар дар кишвари мо низ пайдо шудани нишонаҳои бемории сироятии коронавирус ва пешгирии он мо, маорифчиён имкони ба пуррагӣ ҷамъбаст намудани чоряки чорумро дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ пайдо накардем. Соатҳои дарсие, ки дар барномаи таълимӣ омадаанду бояд давоми чоряки чорум гузашта мешуданд, ҳамагӣ 84 фисад мебошанду бас. Он замон умед бар он буд, ки баъди чанде беморӣ аз байн меравад ва ё коҳиш меёбаду барномаи таълимӣ идома дода мешавад. Агар хонандагони рӯзнома огоҳ бошанд, он замон супоридани имтиҳонҳои аз синф ба синфгузаронӣ ва хатм низ дар назар дошта шуда буд. Аз сабаби вазъияти ногувори баамаломада аз рӯи баҳоҳои пешин чоряки чорум, солона ва имтиҳонҳо гузошта шуданд. Ҳадаф аз муайян кардани ин сана он аст, ки аз санаи 17 - уми август то 31 - августи соли 2020 соатҳои боқимондаи барномаи таълимии соҳаи маориф бояд азхуд карда шаванд. Аз оғози моҳи сентябр бошад, ҳам муаллимон ва ҳам хонандагони муассисаҳои таълимӣ ба соли таҳсили нав шуруъ хоҳанд кард.
- Дарс дар ин муддат чӣ гуна ҷараён мегирад?
- Бо қарори ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми июли соли 2020, таҳти рақами 11/19 тартиби омодагӣ ва баргузории Рӯзи донишу дарси сулҳ дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуда, он дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори тавсиявии ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (КОВИД-19) таҳия гардидааст. Тибқи он соли таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ аз 17 – уми августи соли 2020 оғоз гардида, 14 - уми июни соли 2021 ба анҷом мерасад. Дарсҳо дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ чун пешин дар ду баст ташкил шуда, мувофиқи барномаи таълимӣ ҷадвали дарс аз ҷониби маъмурият тартиб дода мешавад. Давомнокии дарсҳо дар муассисаҳои таълимӣ барои синфҳои якум 35 дақиқа, барои синфҳои 2-11 на зиёда аз 45 дақиқаро ташкил медиҳад. Машғулиятҳои таълимӣ дар муассисаи таҳсилоти умумӣ дар басти якум соати 8-00 оғоз ёфта, соати 12-55 ба охир мерасад. Басти дуюм соати 13:10 оғоз шуда, соати 17:55 анҷом мепазирад.
- Риояи қоидаҳои беҳдоштӣ чӣ гуна бояд сурат гирад?
- Бо мақсади риояи масофаи байни хонандагон пеш аз ҳама, дар саҳни муассиса ба андозаи 1,5 – 2 метр хатҳои уфуқӣ кашида шуда, дар даромадгоҳи муассисаҳои таълимӣ аз ҷониби кормандони тиб ва омӯзгорон муоинаи мунтазами саломатии хонандагон гузаронида мешавад. То оғози соли таҳсил бо гузаронидани маҷлиси падару модарон аз хонандагон даъват ба амал оварда мешавад, ки дар машғулиятҳои таълимӣ ҳатман бо ниқоби муҳофизатӣ ва маҳлули безараргардонӣ (антисептикӣ) иштирок намоянд.
Ҳамчунин, ҷиҳати пешгирии беморӣ воридшавӣ ва баромадани хонандагон аз даромадгоҳи алоҳида ба роҳ монда шуда, зинапояҳои бино ва баромадгоҳи эҳтиётӣ дар ҳолати истифодабарӣ қарор дода шавад. Машғулиятҳои таълимӣ аз ҳамаи фанҳо дар синфхонаҳо, бе назардошти кабинети фаннӣ ба роҳ монда шуда, машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ, суруд ва мусиқӣ, омодагии ибтидоии ҳарбӣ мувофиқи имконият аз синфхона берун гузаронида мешавад. Боиси қайд аст, ки дар раванди дарсҳои технологияи меҳнат ба роҳ мондани дӯхтани ниқобҳои муҳофизатӣ ба мақсад мувофиқ мебошад.
Аз омӯзгорон даъват ба амал оварда мешавад, ки дар раванди таълим фосилаи байни онҳо ва хонанда то 2 метр риоя гардад. Толорҳои варзишӣ, маҷлисгоҳ ва дигар иншооти ёрирасон муваққатан ҳамчун синфхонаи таълимӣ ба истифода дода шуда, дару тирезаҳои синфхонаҳо новобаста ба вазъи обу ҳаво бо мақсади таъмин намудани ҳавои тоза ва шамолдиҳии синфхона мунтазам кушода шавад.
- Ошхонаи муассисаҳои таълимӣ фаъолият мекунанд?
- Бале, аммо дар давоми рӯз ва дар байни бастҳо ҷое, ки рафту омади хонандагон зиёд аст, аз қабили ошхонаи муассиса, ҷойҳои дастшӯӣ, ҳоҷатхона мунтазам безарар гардонида, бояд тоза нигоҳ дошта шаванд. Аз омӯзгорон даъват ба амал оварда мешавад, ки ба хонандагон мунтазам шустани дастонро таъкид намоянд. Мавҷудияти собун, маҳлули антисептикӣ ва дезинфексионӣ пеш аз оғози дарс ва басти навбатии муассиса зери назорати роҳбарият қарор гирифта, то ҳадди имкон маҳдуд намудани тамоси байни хонандагон тавассути ба низом даровардани ҷадвали дарсҳо ва вақти танаффус (масалан 5 дақиқа пеш аз ҷавоб додани хонандагони синфҳои ибтидоӣ аз дарс ва бо навбат ба танаффус ҷавоб додани хонандагон) риоя гардад. Барои истифода аз ошхонаи муассиса дар вақти муайян хонандагон ба гурӯҳҳо тақсим шуда, бо навбат аз хизматрасониҳои ошхона бархурдор хоҳанд гашт. Дар ҳолати будани имконият хонандагони синфҳои ибтидоӣ бо риояи талабот дар синфхонаҳои таълимии худ ғизо мехӯранд. Вақти хӯрокхӯрии хонандагон аз тарафи маъмурияти муассиса ба танзим дароварда мешавад, ки ин ҳама барои пешгирии омма, бахусус, насли наврас аз бемории сироятӣ маҳсуб меёбад.
- Вазъият дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ чӣ гуна сурат мегирад?
- Ҳамаи муассисаҳои томактабии вилоят ба қабули кӯдакон омодаанд , аз ин рӯ, гуфта метавонем, ки ба таври мукаммал кӯдаконро ба муассисаҳои томактабӣ қабул намоем. Бояд гуфт, ки кӯдакистонҳо безарар гардонида шуда, қабули кӯдакон аз даромадгоҳи ҳавлии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ба роҳ монда мешавад. Ба дохили бинои муассиса даромадани падару модар ва шахсони бегона қатъиян манъ буда, ҳамаи кормандон низ пеш аз ба кор оғоз намудан ҳатман аз ташхиси тиббӣ бояд гузаранд. Аз ҷониби маъмурияти муассисаи томактабӣ гурӯҳ, айвонча ва ҳоҷатхонаҳо бояд безарар гардонда ва тоза нигоҳ дошта шаванд. Машғулиятҳо низ бо назардошти риояи қоидаҳои санитарӣ – эпидемиологӣ дар саҳни ҳавлӣ ва айвончаҳои тобистона гузаронида мешаванд. Аз падару модароне, ки имконияти дар хона тарбия ва нигоҳ доштани кӯдакро доранд, хоҳиш менамоем, ки то ба эътидол омадани вазъият кӯдакашонро дар муҳити оила нигоҳ доранд. Дар чунин ҳолат ҷои кӯдак дар кӯдакистон нигоҳ дошта шуда, дар ин муддат маблағ барои нигоҳубини кӯдак пардохт намешавад.
- Дар бобати либоси ягонаи муассисавӣ чанд сухан мегуфтед?
- Ба ҳамагон, бахусус, падару модарон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ маълум бояд бошад, ки ҳадаф аз либоси ягонаи мактабӣ аз байн бурдани нобаробарӣ байни толибилмон аст.
Як ҳадафи дигари ба тасвиб расидани ин дастурамал ҷилавгирӣ аз фарҳанги бегона мебошад. Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои хонандагони мактабҳои миёнаи Тоҷикистон соли 2007 ва барои либоси омӯзгорон соли 2009 ба тасвиб расида, мавриди истифода қарор гирифтааст. Бояд гуфт, ки харидории либоси ягона ба ҳеч кас маҷбурӣ нест.
Ҳарчанд бо гузашти 11 – 13 сол аз ҷорӣ шудани либоси ягонаи мактабӣ баҳсҳо миёни хонандагон ва омӯзгорон ҳанӯз идома доранд ва дар оғозу анҷоми ҳар соли таҳсили нав баҳсҳо авҷ мегиранд, аммо бояд дар хотир дошт, ки дар аксари макотиб масъулон бо розигии кумитаи падару модарон тибқи дархости онҳо бо ширкатҳои дӯзандагӣ шартнома баста, бо як нархи муайян либоси мактабӣ пешниҳод мекунанд.
- Чӣ гуфтаниҳое ногуфтанӣ монд?
- Аллакай чанд рӯзи дигар боқӣ мондааст, ки тамоми таълимгоҳҳо дари худро ба рӯи ташналабони илму дониш боз намоянд. Аз масъулини соҳаи маориф, бахусус, омӯзгорону устодон хоҳиш менамоем, ки дар ин вазъияти мураккаб, ки ҷомеаи ҷаҳониро бемории коронавирус фаро гирифтааст, такя ба донишу малакаи касбӣ намуда, пеш аз ҳама, рисолати касбиашонро масъулиятшиносона иҷро намоянд, ба гуфтаҳои беасос бовар накунанд, дарси аввали худро дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ҳамчун дарси Сулҳ гузаранд.
Дар машғулияти аввал барои баланд бардоштани руҳияи хонандагон моҳияти сулҳу ваҳдат, арҷгузорӣ ба дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ мавриди баррасӣ қарор диҳанд. Масъулини муассисаҳои таълимӣ вазифадор ҳастанд, ки дар муассиса барои тамошои суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ шароит муҳайё намоянд.
Мусоҳиб
Шоира КАРИМЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»