МАҚОМИ АРЗАНДАИ МАОРИФЧИЁН
- Details
- Published on Friday, 14 August 2020 16:07
Машварати августии кормандони соҳаи маориф бо иштироки муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирзода Диловар Баҳриддин, муовини Раиси вилоят Зайнура Азимӣ, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо сарпарасти соҳаи маориф, ректорони донишгоҳу донишкадаҳо, директорони коллеҷҳо, мудирони шуъбаҳои маориф, собиқадорони соҳа, директорон ва омӯзгорони муассисаҳои таълимии вилоят дар Театри мазҳака - мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят баргузор гардид.
Дар машварат вазъи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти беҳдошти соҳаи маориф дар вилоят, сатҳи таълиму тарбия, ҳамчунин масъалаҳои мубрами соҳа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Сараввал муовини Раиси вилоят Зайнура Азимӣ Паёми табрикии Раиси вилоят муовини аввали Раиси Маҷлиси Олии Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзодаро ба муносибати Рӯзи дониш ба самъи ҳозирин расонда, иброз дошт, ки соҳаи маориф ҳамчун таъминкунандаи рушди устувори давлат ва шарти асосии пешрафти ҷомеа маҳсуб ёфта, мактаб макони муқаддасе мебошад, ки фарзандони мо дар он соҳиби саводу маърифат ва илму дониш мегарданд. Мероси гаронбаҳои таърихи халқамонро азхуд мекунанду сабақи ватандӯстиву оини ватандорӣ мегирад ва байни кишвар ва ҷомеа мақоми арзанда пайдо менамоянд.
Дар машварат сардори Раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода дар бораи фаъолияти маорифчиёни вилоят дар амалӣ шудани сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат, ба натиҷаҳои умедбахш ноил гардидани маорифчиён дар баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбияи фарзандон сухан кард.
- Маҳз дар натиҷаи аҳли маориф муносибати ҷиддиву эҷодкоронаи онҳо, ба робитаи хуб бо падару модарон хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят дар олимпиадаҳои ноҳиявию вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ фаъолона ширкат карда, соҳиби мақом ва ҷоизаҳои ифтихорӣ гардиданд, - гуфт Осим Каримзода.
Дар машварат ҳамчунин намояндагони соҳаи маориф – ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Муаллими сол - 2019» Дилафрӯз Умарзода ва «Мураббияи сол – 2019» Розия Нурматова сухан гуфта, миннатдории худро ҷиҳати дастгирии ҷавонон иброз доштанд.
Муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирзода Диловар Баҳриддин аз номи Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ маорифчиёнро бо фарорасии Рӯзи дониш шодбош гуфт.
Намояндагони соҳаи маорифи вилоят дар фарҷом барои дастовардҳои арзанда дар соҳаи илм, тарбияи насли наврас, тарбияи худшиносӣ ва ватанпарварии онҳо, иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ бо унвони Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва мукофоти пулию туҳфаҳои хотиравӣ қадр гардиданд.
Шоира КАРИМЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»