Аз литсей ба донишгоҳ рафтанд

 

 

 

Литсейи  касбию техникӣ, саноатию кишоварзии  ноҳияи Деваштич   соли 1978  таъсис ёфтаасту давоми мавҷудияташ ҳазорҳо нафар ҷавононро соҳиби касбу ҳунар намуд. Литсей имрӯз низ фаъолияти худро мутобиқи замони нав ба роҳ монда, баҳри ҳарчӣ бештар омӯхтани касбу ҳунар ба ҷавонон  тибқи дастуру ҳидоятҳои  Пешвои муаззами миллат  пеш мебарад. Аз ҷумла, соли таҳсили 2019-2020  дар шуъбаҳои кафшергари  барқию газӣ, тракторчигӣ, челонгарӣ, дӯзандагӣ 122 нафар таҳсил намуданд. Дар як вақт 85 нафар хатмкунандагон баробари  гирифтани ихтисоси касбӣ соҳиби маълумоти миёнаи умумӣ гардиданд.

-Аз ҳисоби хатмкунандагон 19 нафар тариқи Маркази миллии тестӣ ба донишгоҳҳои олии  мамлакат дохил шуданд ва дар як вақт 7 нафар ба гирифтани  дипломи аъло мушарраф  шуданд, - гуфт директори литсей Азиз Ёқубов. - Соли нави таҳсил мувофиқи нақша бояд 200 нафар ба ҳунаромӯзӣ ҷалб карда шавад. Хушбахтона то имрӯз  наздик 150 нафар хоҳиши таҳсил  намуданд. Барои омӯзиши касбу ҳунар дар ин ҷо рӯзҳои наздик сехи  бозомӯзии талабагон ба кор оғоз менамояд. Ҳамчунин, синфи комютерӣ низ дар хизмати  хонандагон аст… Бо қувваи 62 нафар ҷомеаи меҳнатӣ 10 синфхона пурра  таъмир шуд…

Бо омодагии ҳамаҷониба соли нави таҳсил дар макони касбу ҳунар оғоз меёбад.

 Э.СОҲИБНАЗАРОВ,

ноҳияи Деваштич

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh