ҲАДАФ: БЕҲТАР НАМУДАНИ САТҲУ СИФАТИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ

Тибқи нақшаи фаъолияти филиали МД “Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф” дар вилояти Суғд бо иштироки омӯзгорон ва кормандони соҳаи маориф – намояндагони раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят, мудирони кабинетҳои  методӣ, мушовирони фаннӣ, роҳбарони иттиҳодияҳои методӣ ва омӯзгорони пешқадаму навовар аз  шаҳру ноҳияҳои вилоят дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16-уми  шаҳри Хуҷанд семинари вилоятии дастурдиҳӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Назирӣ Латофат Қаҳҳор, сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Каримзода Осим Қосимӣ иштирок намуданд. 

Чорабиниро директори филиали Донишкада Муҳаммад Исомаддинзода ифтитоҳ бахшида, роҷеъ ба моҳият ва ҳадафҳои баргузории ҳамоиши мазкур ва ҳамкориҳои филиали Донишкада бо раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят дар самти такмили малакаи касбии кормандони соҳа ибрози андеша намуд.    

Таъкид гардид, ки аҳли маорифи вилоят минбаъд низ фаъолияти худро дар партави дастуру ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, иҷроиши босифати барномаю нақшаҳои таълимӣ, татбиқи саривақтии қарору фармоишҳо, дастуру супоришҳои  марбут ба соҳа ташкилу равона месозанд.

Баъдан кори семинар дар доираи номгӯи мавзӯъҳои намунавӣ барои бахшҳои машварати августии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли хониши нави 2020-2021 дар 18 бахш ҷараён гирифт. Маҷмӯан, дар кори бахшҳо зиёда аз сад маърӯза доир ба масъалаҳои мубрами назария, амалия ва методикаи таълиму тадриси фанҳо, омӯзиши забонҳо, технологияи иттилоотӣ, таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ), фаъолияти равоншинос, китобдорӣ, идоракунии раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ ва монанди инҳо бо истифода аз маводи аёнӣ ва васоити техникӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Шавкат Рустамов,

муовини директор оид ба илм ва инноватсия

Add comment


Security code
Refresh