ТАҲАВВУЛОТИ МАДАНӢ ВА ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ НАСЛИ ХУДОГОҲ

Дар сомонаи Оҷонсии миллии иттилотии «Ховар» нашр шудани андешаҳои Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа таҳти унвони ”Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва таҳаввулоти маданӣ дар Тоҷикистон” паҳлуҳои зиёди фаъолияти бобарори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар мавриди расидан ба истиқлолияти комили давлатӣ кушода медиҳад.

Воқеан ҳам, пас аз нобасомониҳои аввали солҳои навадуми асри гузашта касе умедвор набуд, ки миллати тоҷик таҳти сарварӣ ва роҳнамоии Роҳбари оқилу сарсупурдааш ба чунин дастовардҳои азиму нодир хоҳад расид. Академик Абдуҷаббор Раҳмонзода бо мисолҳои возеҳ чӣ тавр аз давлатсозӣ ба давлатдории миллӣ расиданро баён дошта, қайд намудааст, ки бузургтарин неъмат ва дастоварде, ки халқи тоҷик ба он зафарёб шуд, ин дар мадди авввал гузоштани хиради воло, гузашт аз гуноҳи якдигар ва фаротар аз он, бо дасту дили тоза ба бунёдкориву созандагӣ оғоз намудан буд.

Тибқи мушоҳидаҳо, яке аз афзалиятҳои пешрафти кишвар ва нуқта гузоштан ба якдигарнофаҳмӣ он аст, ки дар тинати мо инқилоби маданӣ, ё ба таъбири дигар, таҳаввулоти маданӣ ҷӯш зад. Дар зеҳну тафаккури мардум андешаи он сар зад, ки миллатамонро ба ҷуз худамон дигар касе соҳибӣ ва обод нахоҳад кард. Калиди ҳама муваффақиятҳо дархӯри розу ниёзи мардум будани сиёсати давлатдории Сарвари олишони мост. Маҳз, дар шароити тангнои иқтисодиву иҷтимоӣ, вақте пушти сангарҳо ва дараҳои касногузар душманони миллат камин гирифта, ҳар лаҳза мехостанд, оромиро халалдор созанд, аз пайи истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ ва эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона шудани Пешвои муаззами миллат дурнамои хоҷагии халқ ва самтҳои фаъолияти аҳли ҷомеаро муайяну мушаххас намуд.

Дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ дар ҷодаи татбиқи се ҳадафи стратегии Ҳукмати ҷумҳурӣ борҳо инъикос гардидаву муаллиф онҳоро мӯйшикофона муаррифӣ намудааст. Дар ин радиф ҳадафи чоруми миллӣ эълон гардидани саноатикунонии босуръатро иқдоми саривақтӣ меҳисобад. Ҳоло кишвари мо дар марҳалаи оғози бесобиқаи навоварӣ ва таҳаввулоти техникӣ қарор дорад. Таҳаввулоти техникӣ маҳз аз таҳаввулоти маданӣ маншаъ мегирад. Мусаллам аст, ки мо дар ҷодаи омӯзиш ва густариши илмҳои гуманитарӣ қадами устувор мегузорем. Ҳамасола даҳҳо нафар олимон, хоса ҷавонон дар риштаҳои илмҳои гуманитарӣ ба дарёфти унвонҳои илмӣ мушарраф мешаванд. Мардум тавассути олимони соҳа аз ғановати осори адабиву илмӣ огоҳии бештар пайдо менамоянд. Ба ин васила ҳувият ва ифтихори миллии шаҳрвандон боло рафта истодааст. Соли равон ба соли 2010 – ро “Соли фарҳанги техникӣ” эълон кардани Пешвои муаззами миллат як даҳсола сипарӣ гардид. Дар самти рӯ овардан ба илмҳои техникӣ, дақиқ ва табиӣ дар ин давра ба дастовардҳои зиёд соҳиб шудем. Аммо таҷрибаи давлатҳои пешрафта ҳар лаҳза моро ҳушдор медиҳад, ки дар самти бедории тафаккури техникӣ ҳанӯз дар саргаҳи инқилоби техникӣ қарор дорем.

Тавре дар мақола таъкид шудааст, яке аз омилҳои муҳими таҳаввулоти маданӣ ба рушди бесобиқаи илму маориф, санъату фарҳанг ва дастгирии ин самтҳои афзалиятнок алоқаманд мебошад. Сарвари давлат аз рӯзҳои аввали ба даст гирифтани зимоми давлатдорӣ ба ин соҳаҳо аҳамияти ҷиддӣ дода, махсусан дар ду даҳсолаи охир наврасону ҷавононро ба илмомӯзӣ, забономӯзӣ ва дуруст аз бар кардани нозукиҳои касби дӯстдоштаашон даъват мекунанд ва барои беҳтар шудани сатҳу сифати таълим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир менамоянд. Мақсади Сарвари давлат аз ин ташаббусҳои наҷиб аз он иборат аст, ки бояд мактабу маориф барои васеъ гардидани доираи дониши наврасон самаранок истифода гарданд ва манфиат ба бор оваранд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, шахсан Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода, тибқи чунин ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо назардошти соҳаи афзалиятноки самти иҷтимоӣ эълон гардидани соҳаи маориф, ба рушду инкишофи он, босифат тайёр намудани кадрҳои баландихтисос, баланд бардоштани сатҳу сифати донишандӯзии хонандагону донишҷӯён дар ҳамаи намудҳои муассисаҳои таълимӣ диққати махсус медиҳад, нисбати кормандони соҳаи маориф, бахусус омӯзгорон ғамхориву дилсӯзӣ ва эҳтироми беандоза зоҳир менамояд.

Дар соли равон аз таъмири куллӣ ва ҷорӣ баровардани 225 муассисаи таълимӣ, танҳо дар давоми як моҳи охир мавриди истифода қарор гирифтани чандин муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ дар шаҳру навоҳии Панҷакент, Мастчоҳ ва Ашт бо иштироки Пешвои муаззами миллат ва рӯйдоди фараҳбахши дигар бо ширкати меҳмонони олиқадр аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон баистифодадиҳии муассисаи таълимии замонавӣ дар ноҳияи Спитамен бозгӯи гуфтаҳои болоист.

Таъсису роҳандозӣ намудани Ҷоизаи Раиси вилоят дар соҳаи маориф, стипендияҳои номии Раиси вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, татбиқи имтиёзҳои муқарраргардида ба мутахассисони ҷавон, ҳамасола ба фароғату истироҳат ройгон ҷалб гардидани омӯзгорони собиқадору навовар, дастгирии моддиву маънавии ғолибони олимпиадаҳои сатҳи байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ, инчунин баргузор намудани озмунҳои соҳавии вилоятӣ - «Беҳтарин муассисаи таълимӣ», «Беҳтарин муассисаи томактабӣ», «Беҳтарин омӯзгори ҷавони сол» аз тадбирҳое мебошанд, ки барои баланд бардоштани сатҳ ва сифати таълиму тарбия такони тоза мебахшад.

Натиҷаи ҳамин таваҷҷуҳу ғамхорӣ аст, ки дар панҷ соли охир омӯзгорону мураббиёни вилоят дар озмуни ҷумҳуриявии “Омӯзгори соли Тоҷикистон” ва “Мураббии соли Тоҷикистон” ғолибият ба даст меоранд. Дар ин радиф танҳо дар як соли охир дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ 130 нафар хонандаи муассисаҳои таълимии вилоят соҳиби мақомҳои ифтихорӣ гардиданд. Боиси хушнудист, ки аз рӯи натиҷаҳои ҷамъбасти аттестатсияҳои хатми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят дар соли таҳсили 2019 - 2020 12 нафар ба дарёфти медали тилло, 3 нафар ба гирифтани медали нуқра мушарраф гардиданд.

Агар мо хоҳем, ки давлатамон пешрафтаву нерӯманд ва ҷомеаи кишварамон осудаву мутамаддин бошад, коре кунем, ки фарзандонамон босаводу донишманд бошанд, дастовардҳои навини илму технологияҳои инноватсиониро азхуд намоянд, ду забони хориҷӣ, бахусус русӣ ва англисиро ба мисли забони модарӣ донанд ва ҳамқадами замон бошанд. Нуктаи мазкур дар мақолаи пурмуҳтавои “Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва таҳаввулоти маданӣ дар Тоҷикистон” бори дигар ба таври мушаххас таъкид шудааст: “Ҳоло наврасоне пайдо шудаанд, ки бо ду ва ё се забони хориҷӣ ҳарф мезананд ва тарҷумонӣ мекунанд. Бояд кӯшиш кард, ки сафи чунин наврасон зиёд гарданд ва онҳо дар ҷомеа чун пайравони Пешвои миллат муаррифӣ шаванд.

Дар ин кори муқаддас агар падару модар, мактаб ва ҷомеа дар ҳамкории зич фаъолият дошта бошанд, мо ин иқдоми Сарвари ватандӯсти худро ба таври комил татбиқ намуда метавонем».

Дар робита бо ин масъала бояд гуфт, ки тибқи “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020”, дар муассисаҳои таълимии вилоят маҳфилҳои забонҳои русию англисиро барои мукаммал гардонидани дониши хонандагон фаъол гардонида, ҳафта, моҳонаи забондонӣ, озмунҳои “Шеърхони беҳтарин”, “Донандаи беҳтарини забонҳои англисӣ ва русӣ” натиҷабардорӣ карда мешаванд.

Тибқи нақшаи чорабиниҳо, дар муассисаҳои таълимӣ ҳар сешанбе - рӯзи забони русӣ ва ҳар чоршанбе - рӯзи забони англисӣ эълон гардидааст. Дар гурӯҳҳои калон ва тайёрӣ ба мактаби кӯдакистонҳо омӯзиши ин забонҳо ба роҳ монда шудааст. Дар чунин муассисаҳо машғулиятҳои таълимӣ аз забонҳои русӣ ва англисӣ аз синни 4 - солагӣ бо хоҳиши волидайн роҳандозӣ мегардад.

Соли 2020 баҳри омӯзиш ва ҷараёни таълими забонҳои русӣ ва англисӣ дар муассисаҳои таълимии вилоят шумораи кабинети лингафонӣ ба 44 адад расонида шуд.

Дар даври ҷумҳуриявии сессияи 41 - уми Академияи хурди илмҳо аз вилояти Суғд дар бахши забонҳои русӣ ва англисӣ 70 нафар хонанда иштирок намуда, 13 нафар ба гирифтани унвони узви вобаста, 17 ҷойи якум, 20 ҷойи дуюм ва 12 ҷойи сеюм мушарраф гардиданд. Дар назди Маркази таҳсилоти иловагии вилоят ду маҳфили забонҳои русӣ ва англисӣ бо ҷалби 50 талаба ва дар шаҳру ноҳияҳо 131 маҳфили забонҳои русӣ ва англисӣ бо ҷалби 1408 толибилм ройгон амал мекунад.

Соли таҳсили 2019 - 2020 дар олимпиадаи вилоятии фаннии хонандагони синфи 5 - 11 зиёда аз 360 толибилми лаёқатманди шаҳру ноҳияҳо аз фанҳои забонҳои русӣ, забон ва адабиёти рус ва забони англисӣ ширкат варзиданд. 24 нафар ғолибон дар даври ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ шуданд. Омӯзгори фанни забони англисии литсейи физикӣ - математикии №1 - уми шаҳри Хуҷанд Дилафрӯз Умарзода ғолиби озмуни “Омӯзгори соли Тоҷикистон - 2019” дониста шуд.

Дар шаҳри Хуҷанд Маркази илмию фарҳангии Россия чун системаи иттилоотӣ ва таълимӣ фаъолият дошта, имкони дастрасӣ ба маълумоти бештари илмӣ ва таълимиро аз Россия фароҳам меорад ва дар самти омӯзиши забон ва фарҳанги русӣ дар заминаи усулҳои пешрафтаи таълим ва барномаҳои таълимӣ мусоидат мекунад. Раёсати маорифи вилоят бо ин марказ ҳамкории густурдаро ба роҳ мондааст.

Тавре Пешвои муаззами миллат дар суханронии худ бахшида ба Рӯзи дониш таъкид намуданд, дар шароити кунунӣ илму дониш нишондиҳандаи асосии дараҷаи инкишофи ҳар як давлату миллат буда, бо раванди рушди нерӯи инсонӣ робитаи мустақим дорад. Аз ҳамин хотир, солҳои 2020 – 2040 “Солҳои омӯзиш ва рушди илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ” эълон гардид. Шарти асосии амалӣ кардани ин ҳадаф беҳтар намудани сатҳу сифати таҳсилот, ҷорӣ кардани усулҳои нави таълим ва самаранок истифода намудани соатҳои дарсӣ дар муассисаҳои таълимӣ мебошад. Академик Абдуҷаббор Раҳмонзода низ таҷрибаи кишварҳои мутараққиро ҷиҳати фарогирии илму технологияи муосир барои насли ҷавон бисёр муҳим мешуморад.

Алҳол дар муассисаҳои таълимии вилояти Суғд 1 ҳазору 122 синфхонаи компютерӣ, 18 ҳазору 973 компютер, 2 ҳазору 832 принтер мавҷуд буда, 604 тахтаи электронӣ ва 872 проектор мавриди истифода қарор доранд. Танҳо соли 2020 муассисаҳои таҳсилоти умумии таълимии вилоят бо 491 компютери ҳозиразамон таъмин гардиданд. Дар ин давра 85 тахтаи электронӣ харидорӣ шуда, дар доираи татбиқи “Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018 - 2020 “ 336 адад кабинет ва озмоишгоҳҳо ташкил гардиданд. Маврид ба зикр аст, ки 845 муассисаи таълимии вилоят бо шабакаи байналмилалии интернет пайваст мебошанд.

Тавре муаллифи мақола менигорад, насле, ки имрӯзҳо дар Ватани маҳбубамон ба воя расида истодааст, завқи баланди техникӣ доранд, бо барномаҳои компютерӣ ва технологияҳои дигари иттилоотию иртиботӣ ба таври шоиста шинос мебошанд, аз уҳдаи ҳифзи маълумот мебароянд, истеъдоди кашф карданро доранд ва ихтироъкориро дӯст медоранд. Бо амалӣ гардидани ин ташаббуси созандаи Президенти мамлакат тафаккури техникӣ рушд карда, насли ба истилоҳ, технократ пайдо мешавад.

Вақти он расидааст, ки дар марказҳои шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла дар мактабҳо, литсейҳо бояд клубҳои ихтироъкорони ҷавон аз нав таъсис ёбанд ва тарҳрезию моделсозӣ бо усулҳои муосир ва бо истифода аз технологияҳои нав ба роҳ монда шаванд.

Бо назардошти ин, дар ҳудуди вилояти Суғд 28 Маркази таҳсилоти иловагӣ фаъолият мебарад. Айни ҳол ба маҳфилҳои муасиссаҳои таҳсилоти иловагии вилоят 20 ҳазору 200 нафар хонанда ҷалб гардидааст, ки 1 ҳазору 846 гурӯҳ ва 641 маҳфилро ташкил медиҳад.

Ҳамасола дар самти баланд бардоштани дониши онҳо ва тақвият бахшидани малакаю истеъдодашон корҳои муайян ба иҷро мерасанд. Аз ҷумла, пирӯзии хонандагони вилоят дар озмуни байналмилалии «Робототехника», ки аз ҷониби созмони бонуфузи амрикоии «Fiқst gloӣall challangӯ - 2019» дар шаҳри Дубай доир гардид, дар миқёси кишвар бори нахуст мебошад. Ё худ дар озмуни “Беҳтарин лоиҳаи иҷтимоӣ”, ки бо дастгирии Созмони байналмилалии хазинаи кӯдакон (ЮНИCЕФ) роҳандозӣ шуд, аъзои фаъоли маҳфилҳо 54 лоиҳаи иҷтимоиро пешниҳод намуданд.

Академик Абдуҷаббор Раҳмонзода дар ҳошияи эълон гардидани озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” таъкид намудааст, ки рӯ овардан ба китоб, мутолиаи ахбори нав, фаъол гаштани ҷомеа дар ин самт ва баргузор намудани ду озмуни ҷумҳуриявӣ ба ташаккули таҳаввулоти маданӣ, барҳақ, мусоидат карданд.

Далели ин гуфтаҳо дар вилояти Суғд низ равшан ба назар мерасад. Соли равон, новобаста ба мушкилоту муаммоҳои бамиёновардаи бемории сироятии COVID – 19, дар сатҳи баланди омодагию ташкилӣ ҷараён гирифтани озмунҳои мазкур ва танҳо барои қадршиносии ғолибони даври вилоятии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷудо гардидани зиёда аз 250 ҳазор сомонӣ маблағ худ бурҳони қотеъ мебошад.

Дар умум, андешаҳои ҷолиби муаллифи мақола дастури амал барои падарону модарон, омӯзгорону мураббиён, устодони муассисаҳои таҳсилоти миёнаву олии касбӣ ва аҳли ҷомеа дар самти таълиму тарбия маҳсуб гардида, тақозо менамоянд, ки наврасону ҷавонон бо дарки масъулияти баланди фарзандӣ, донишу ҷаҳонбинии муосир, одобу ахлоқи ҳамида, эҳтиром ба волидайну дӯстон, устодону омӯзгорон, калонсолону барҷомондагон ва бо арҷгузорӣ ба арзишу муқаддасоти Ватан дар рушди давлатдории миллиамон фаъолона ширкат варзида, насли бонангу номус, далеру шуҷоъ ва соҳибватан будани худро дар амал исбот намоянд.

Осим КАРИМЗОДА,
сардори Раёсати маорифи вилоят, доктори илмҳои
таърих, профессор

Add comment


Security code
Refresh