КОЛЛЕҶИ ОМӮЗГОРӢ: Роҳандозии таҳаввулот ва муносибати нав ба таълиму тадрис

Рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд» тасмим гирифт, ки дар партави ташаббусҳои маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ...» ва Солҳои 2020 – 2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» аз фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят маводҳо ба нашр расонад. Инак, маводи мазкур ба инъикоси фаъолияти Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» бахшида шуда, аз дастовардҳо ва вазъи кору таҳсили устодону донишҷӯёни ин боргоҳи маърифат нақл менамояд.

БОРГОҲИ ИЛМУ МАЪРИФАТ

Ҳукумати кишвар дар радифи корҳои бунёдкориву созандагӣ ва пешравию муваффақиятҳо соҳаи маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки ҷомеа арзёбӣ намуда, дар ин раванд тадбирҳои мушаххас ва корҳои заруриро амалӣ менамояд.

Рушди ин соҳа дар такомулу густариши раванди таълиму тарбия рӯз то рӯз тақвият ёфта, шароити хуби таҳсил барои муҳассилин муҳайё гардидааст. Муҷаҳҳазгардонии муассисаҳои таълимӣ бо таҷҳизоти навтарини муосир ва компютеркунонӣ шаҳодат медиҳанд, ки ҳамаи ин падидаҳои вусъатбор аз сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарак медиҳанд.

Ҷомеаи меҳнатии Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” бо шукргузорӣ аз дастовардҳои беназири даврони Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ дар татбиқи сиёсати созандаи Сарвари давлат, ки меҳвари асосии онро рушди бонизоми Ватани маҳбубамон ташкил медиҳад, камари ҳиммат бастаанд. “Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳуҷҷати муҳими давлатӣ буда, дурнамои сиёсати давлатро дар ин самт муайян мекунад ва тамоюли инкишофи ин ҷиҳати аҳамияти муҳимдоштаро дар шароити муносибатҳои нави ҷамъиятӣ ба танзим медарорад. ҷамъиятӣ ба танзим медарорад. Ҷузъҳои таркибии мазмуну мундариҷаи ин ҳуҷҷат мақом, мақсад ва вазифаҳои тарбияи ҷавононро дар марҳалаи нави таърихӣ муқаррар менамояд. Раёсати Коллеҷи омӯзгорӣ инчунин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон” - ро сармашқи кори худ намуда, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ин ҳуҷҷати муҳим як зумра корҳоро ба анҷом мерасонад. Дар ин замина, баҳри сифатан беҳтар намудани кори таълиму тарбия дар тамоми ҷабҳаҳои фаъолият тасмиму талоши созанда идома доранд.

Дар муассисаи давлатии таълимӣ барои ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои мухталифи тарбиявӣ, қайди санаҳои таърихӣ, ҷашну маросими миллӣ, мулоқоту маъракаҳои сиёсию фарҳангӣ ва тадбирҳои маданию адабӣ аҳамияти калон дода мешавад. Устодон ва донишҷӯёни Коллеҷи омӯзгорӣ арҷ оварданро ба дастовардҳои замони Истиқлолият, ташаккули ҳисси баланди ватандорӣ, таъмини якпорчагиву ягонагии Тоҷикистони соҳибистиқлол, таҳкими рушди давлатдории демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ваҳдати мардуми маскуни кишварро пос медоранд ва дар чорабиниҳои умумиколлеҷӣ, шаҳрию вилоятӣ фаъолона ширкат меварзанд.

АЗ ДАРИЧАИ ТАЪРИХ

Тибқи иттилои директори муассиса Кенҷазода Манучеҳра Солеҳ, Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” (собиқ Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Хуҷанд) дар асоси қарори мушовараи Комиссариати халқии маорифи РСС Ӯзбекистон аз 1 – уми феврали соли 1928 ҳамчун техникуми омӯзгории мардона таъсис дода шудааст. Бо фармони Комиссариати халқии маорифи РСС Тоҷикистон аз 27 – уми январи соли 1939 техникуми педагогии занона бо омӯзишгоҳи омӯзгории №1 ва техникуми педагогии мардона бо омӯзишгоҳи педагогии №2 сабти ном шуд.

Ибтидои моҳи марти соли 1941 бошад, бо муттаҳид гардидани ин техникумҳо Омӯзишгоҳи педагогии Ленинобод ба номи Н.К.Крупская таъсис ёфт. Бо мақсади таъмини таълими бисёрзинагӣ ва татбиқи стандарти давлатии маълумоти олии касбӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 - уми июли соли 1999 «Дар бораи ба Коллеҷи омӯзгорӣ табдил додани омӯзишгоҳҳои омӯзгории шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб» омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Хуҷанд ба Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров табдили ном кард. - Баҳри иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 – уми июли соли 1999, №262 то 10 - уми августи ҳамон сол бояд кафедраҳои мухталифи ба ихтисосҳои коллеҷ мансуббуда бо мутахассисони илмию педагогии дорои дараҷаи унвонҳои илмидошта таъмин мешуданд. Бо ин мақсад бо фармони ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз 8 - уми декабри соли 2000 дар коллеҷ кафедраҳои забон ва адабиёти тоҷик, риёзию табиӣ, таърих ва ҷомеашиносӣ, педагогика ва психология, умумимаърифатӣ ташкил ёфта, дертар кафедраҳои забонҳо ва забони англисӣ низ ба фаъолият шурӯъ намуданд, - зикр дошт Манучеҳра Кенҷазода.

Дар Коллеҷи омӯзгорӣ 16 ихтисос, аз ҷумла ихтисосҳои математика, информатика, таърих, тика, информатика, таърих, забон ва адабиёти рус, забон ва адабиёти тоҷик, забони англисӣ, адабиёти тоҷик, забони англисӣ, забон ва адабиёти тоҷик барои мактабҳои ғайритоҷикӣ, тарбияи ҷисмонӣ, таҳсилоти ибтидоӣ, ҷисмонӣ, таҳсилоти ибтидоӣ, таҳсилоти томактабӣ, биология, таҳсилоти томактабӣ, биология, тарбияи экологӣ, технология (меҳнати технологӣ, нақшакашӣ), (меҳнати технологӣ, нақшакашӣ), логопедия, география, китобхонашиносӣ ва китобшиносӣ амал мекунанд. кунанд. Ин боргоҳи таълимӣ довталабонро баъди хатми синфи 9 бо ихтисосҳои забон ва адабиёти рус, забони англисӣ, забон ва адабиёти тоҷик қабул карда, давоми се сол мутахассисонро тайёр менамояд. Ҳамчунин, курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши забонҳои русию англисӣ, информатика амал карда истодаанд.

СИФАТИ ТАЪЛИМ ВА ОМОДА КАРДАНИ КАДРҲОИ ҶАВОН

Ҳукумати Тоҷикистон ҷавононро нерӯи тавоною созанда ва пешбарандаи ҳаёти ҷомеа ва миллат ҳисобида, ҳалли мушкилоту масъалаҳои вобаста ба зиндагӣ ва таҳсилу фаъолияти ҷавононро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлат эътироф менамояд. Имрӯз на ба теъдоди донишҷӯён дар таҳсил, балки ба сифати таълим ва кадрҳои ҷавон аҳамияти махсус дода мешавад, зеро он метавонад, барои пешрафти давлат нақши босазо дошта бошад. Аз ҷониби дигар, зиёд рӯ овардани ҷавонон ба илмомӯзӣ, боз гардидани дари муассисаҳои таълимӣ барои бо ихтисосҳои гуногун соҳиби маълумот шудани мутахассисон ҷиҳати рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар нақши муҳим мебозад.

Барои пуштибонӣ ва дастгирии иқдоми бунёдкоронаи ҷавонони кишвар аз ҷониби давлату Ҳукумат тадбирҳои мушаххас амалӣ мегарданд. Дар ин замина, муҳайё намудани шароити мусоид барои ташаккули ҳамаҷонибаи ҷавонон, тарбияи хуб ва босамари насли ояндасоз, ҳидоят намудани онҳо ба роҳи дурусти зиндагӣ ва кору фаъолият, андешидани чораҳои зарурӣ баҳри аз худ намудани заминаҳои мусоид барои дар оянда ҳамчун ворисон ва меросбарони сазовори миллату халқи соҳибтамаддун ба воя расидани ҷавонон пайваста дар суханрониҳои Пешвои миллат таъкид мегарданд.

Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар самти баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа, муҳайё сохтани шароити мусоид барои таълиму тарбияи онҳо, илму касбомӯзӣ, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои муосири иттилоотию коммуникатсионӣ дар Коллеҷи омӯзгорӣ баҳри ҷавонон тамоми шароитҳои зарурӣ муҳайё буда, барои амалӣ гардидани ташаббусҳои онҳо заминаи мусоид фароҳам оварда шудааст.

ШАҲСУТУНИ ИЛМҲОИ ДУНЁ – КИТОБ

 Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳсутуни илмҳои дунёро китоб номида, дар бораи баланд бардоштани мавқеи китобхонаҳо борҳо изҳори назар кардаанд. Инчунин, дар Паёми навбатӣ қайд карда шуд, ки ҳар сол озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ...» баргузор ва он дар се самт: якум - миёни тарбиягирандагон, дуюм - таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, сеюм - байни калонсолон васеъ ба роҳ монда шавад. Дар ин замина, барои тақвият бахшидани кори китобхона ва дарёфти истеъдодҳои нав китобхона фаъолияти худро ҳамеша мувофиқи нақшаи тасдиқшуда амалӣ мегардонад.

Дар давоми сол аз рӯи нақша: намоиши китобҳои Президент, хулосаҳои библиографӣ, соли 2018 – “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, солҳои 2019 - 2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, “Даҳсолаи байналмилалии “Об-барои рушди устувор - солҳои 2018 -2028”, ташкил ва гузаронидани озмунҳо, ба монанди “Шеърхони беҳтарин”, “Китобхони беҳтарин” мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҷоиз ба қайд аст, ки дар китобхонаи Коллеҷи омӯзгорӣ давоми соли таҳсили 2019 - 2020 байни ҳашт кафедра аз рӯйи нақша озмуни “Шеърхони беҳтарин” гузаронида шуд, ки донишҷӯён аз ҳар кафедра дар он ширкат варзида, беҳтаринҳо муайян шуданд ва аз тарафи раёсати коллеҷ қадрдонӣ гардиданд.

Бояд зикр кард, ки махзани китобхона дар соли таҳсили 2020 - тобхона дар соли таҳсили 2020 - ум 23757 нусха адабиётро дарбар мегирад, ки аз онҳо: таълимӣ – 14731 адад, илмию методӣ – 4948 адад, ҷамъиятию сиёсӣ – 326 адад ва бадеӣ – 3754 ададро ташкил медиҳад. Яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти китобхона харидории китоб ва ба ин васила ғанӣ гардонидани хазинаи китобхона мебошад. Бо дастгирии роҳбарияти муассиса давоми соли 2019 аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, МД «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ», “Энсиклопедияи миллии тоҷик”, нашриёти «Адиб» ва дигар нуқтаҳои китобфурӯшӣ 81 номгӯ ба миқдори 526 адад китоб харидорӣ шуд. Китобхона дорои ҳуҷраҳои алоҳидаи китобнигоҳдорӣ ва толори хониш буда, барои устодону донишҷӯён – 46 ҷои нишаст муҳайёст. Инчунин, дар назди хобгоҳ низ толори нисбатан хурд бо мизу курсӣ ташкил ва дорои 30 ҷои нишаст буда, ҳамагӣ 76 ҷой барои мутолиаи китоб ва машғулияти корҳои илмӣ муҳайё карда шудааст.

Дар китобхонаи электронӣ бошад, ҷамъоварии адабиёти тахассусию таълимӣ ва дигар маводи иттилоотӣ оид ба ҷараёни таълиму тарбия идома дорад. Маводи электроние, ки то имрӯз ба китобхонаи электронӣ дастрас шудааст, ба 1465 адад расид, ки донишҷӯён ҳамарӯза аз имкониятҳои он бархурдоранд. Вобаста ба дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар макони маърифатӣ ҳамчунин 52 ҳафтаи «Шеърхони беҳтарин» ташкил шудааст, ки дар он донишҷӯён вобаста бо ихтисосҳо иштирок намуда истодаанд. муда истодаанд. Ҳоло донишҷӯёни кафедраҳои забон ва адабиёти тоҷик, математика ва технологияи муосир, фанҳои табиӣ, методикаи таълими фанҳои тахассусӣ, забон ва адабиёти рус дар ин озмун иштирок намуда, шеърхони беҳтарини худро муайян намудаанд.

Ҳамин тавр, озмуни “Шеърхони беҳтарин” дар ин даргоҳи маърифат ҳоло низ давом дорад. Дар ҷамъбасти озмун, яъне баъди он, тамоми кафедраҳо “Шеърхони беҳтарин”- и кафедраи худро муайян мекунанд.

 ДАСТОВАРДҲОИ БАХШИ ИЛМ НАЗАРРАСАНД

Яке аз шартҳои асосии тарбия ва камолоти маънавии инсон омӯхтани илму дониш мебошад. Вақте инсон аз донишҳои замона баҳра мебардорад, дар навбати аввал худро мешиносад ва баъдан ба фалсафаи зиндагӣ ва арзишҳои фарҳанги башарӣ таваҷҷуҳ зоҳир менамояд. Раванди илм яке аз самтҳои асосии ин макони маърифатӣ мебошад, ки дар инкишофу тараққиёти боргоҳи маърифат саҳмгузор буда, ба масъалаҳои илмиву тадқиқотӣ, илмиву методӣ, баргузории семинарҳои назариявӣ - илмӣ, дар сатҳи баланд омода ва баргузор намудани конфронсҳои илмию адабӣ ва ба монанди ин марбут аст. Имрӯзҳо дар ин боргоҳи маърифат 11 нафар номзади илм ва фат 11 нафар номзади илм ва дотсентон фаъолият доранд. дотсентон фаъолият доранд.

Кору пайкори ин олимон буд, ки имрӯз 25 нафар омӯзгорон унвонҷӯ буда, ба тадқиқотҳои илмии худ машғуланд. машғуланд. Барои он ки риштаи илм мустаҳкам гардад, конфронсҳои илмӣ - анъанавии устодони коллеҷ мунтазам идома ёфта, натиҷаи онҳо дар китобҳои алоҳида ҳамчун маҷмӯаҳои дастҷамъӣ ба табъ мерасанд. Боиси зикр аст, ки дар назди кафедраҳо семинарҳои илмӣ - назариявӣ, маҳфилҳои фаннӣ амал мекунанд ва беҳтарин омӯзгорон роҳбарии онро ба уҳда доранд, маърӯзаҳои илмии устодону шогирдон дар кӯраи муҳокима ва баҳсҳои он пухта мегарданд.

Давоми се соли охир дар самти илм беҳбудии зиёде ба назар расид. Аз ҷумла, нашри китобҳои илмию методӣ ва публисистӣ ба назар мерасад, ки теъдоди онҳо зиёда аз 30 адад мебошад. Аз ҷумлаи тадбирҳои пешгирифтаи бахши илми коллеҷ аз нашри як силсила китобҳо мебошад. Маҷмӯаи мақолаҳои илмии омӯзгорон, ки таҳти унвони “Найистони маърифат” (қисмҳои 1, 2, 3) ва “Найистони маърифат” ( “Қомус”) - маводҳо оид ба таърихи 90 - солаи ин макони маърифат чоп шудааст. Ҳамчунин, бахшида ба бузургдошти 700 - солагии Камоли Хуҷандӣ китоб таҳти унвони “Суханат олам гирифт” чоп гардид, ки мураттибони он С. Кенҷаев, М.С. Кенҷазода ва П.Абдураупова мебошанд. Инчунин, якчанд китобҳои ҷашнӣ ҳамчун армуғон ба муносибати 90 - солагии Коллеҷи омӯзгории ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров рӯи чоп омаданд. Ба монанди “Лексикаи сарулибос дар забони тоҷикӣ” (муаллиф, номзади илмҳои филологӣ, дотсент М.Ҳалимова), “Сайри дунёву ҳунар” (мураттибон, С.Кенҷаев, Р.Абдуллоева), “Сайргоҳи дар олами биҳиштӣ” (муаллиф, Ҳ.Фаттоев), “Бонуи олами маърифат” (муаллиф, Т.Ҷалилова), “Каъбаи дил” (муаллиф, номзади илмҳои филологӣ, дотсент М.С.Кенҷазода). “Забони тоҷикӣ” (муаллиф М.С.Кенҷазода, ду маротиба чоп гардид). Шӯрои таъбу нашри Коллеҷи омӯзгорӣ моҳнома (ҷарида)-и худро дорад, ки он дар асоси Низомномаи ҶИД, ки шӯрои олимони коллеҷ аз 24 – уми ноябри соли 2006, №4 тасдиқ кардааст, нашр мешавад. Дар ин моҳнома андешаҳо, хабару мақолаҳо, шеъру ҳикояҳои омӯзгорон ва донишҷӯёни эҷодкор дарҷ мегарданд.

КОМЁБИҲОИ ДОНИШҶӮЁН

Соли ҷорӣ як қатор донишҷӯёни коллеҷ дар озмуни ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд. Аз ҷумла, Хосият Салимова - донишҷӯи курси сеюми ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик дар озмун аз фанни забон ва адабиёти тоҷик бахшида ба “Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” иштирок варзида, барои ишғол намудани ҷойи намоён бо Сипосномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дипломи дараҷаи 3 сарфароз гардонида шуд.

 Боз дастаи “Хушдилон” ва “Ҳозирҷавобон” - и ин боргоҳи таълимӣ бо номи “Адреналин” соли 2018 ғолиби лигаи “Хушдилон” ва “Ҳозирҷавобон” гардида, аз тарафи Раиси вилоят Дипломи дараҷаи аввал ва 10 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ гаштанд. Дар соли 2019 якчанд донишҷӯёни Коллеҷи омӯзгорӣ аз тарафи Раиси вилоят ва Раиси шаҳри Раиси вилоят ва Раиси шаҳри Хуҷанд қадрдонӣ карда шуданд. Аз ҷумла, Меҳрангис Ризоева, Дилбарҷон Турдиева, Мавлудахон Содирова, Зарнигор Саидова ва Шаҳзод Хушвахтов аз ҷумлаи онҳо мебошанд. мебошанд.

Ҳамчунин, дар озмуни вилоятии «Донишҷӯи сол» бошад, байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят донишҷӯи ихтисоси забони англисӣ Меҳрангис Ризоева иштирок намуда, сазовори ҷойи сеюм гардид.

Соли равон барои иштирок дар озмуни вилоятии «Донишҷӯи сол – 2020» байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилояти Суғд донишҷӯи соли дуюми ихтисоси таърих Ҳаитбой Худоёрӣ пешниҳод карда шудааст. Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи омӯзгории ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” бо тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олиии касбӣ ҳамкории зич дорад. Имрӯзҳо аз ҷониби раёсати муассиса барои барқарор кардани робитаҳо бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии хориҷӣ чораҷӯӣ карда шуда истодааст.

ОБОДКОРӢ ДАР КОЛЛЕҶ

Баҳри хубтару беҳтар намудани муассиса дар давраи тирамоҳу зимистон бинои таълимӣ, хобгоҳ ва дигар биноҳои ёрирасони муассиса ба системаи ягонаи гармидиҳӣ пайваст карда шудааст. Ҳамчунин, соли 2019 даромадгоҳи бино ва саҳни коллеҷ пурра сафолакпӯш гардид. Инчунин, боми бинои №1 пурра иваз карда шуд. Имрӯзҳо роҳбарияти боргоҳи таълимӣ аз тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба рушди варзиш ва оммавигардонии он иқдом гирифта, мавигардонии он иқдом гирифта, соли 2016 майдончаи варзишӣ барои бозии баскетболро сохта, барои бозии баскетболро сохта, ба истифода дод. ба истифода дод.

Бояд гуфт, ки варзиш дар ҳама давру замон воситаи беҳтарини муаррификунандаи давлату миллат дар арсаи ҷаҳон маҳсуб ёфта, ҷавонони моро зарур аст, ки бо такя ба шароит ва имконоти мусоиди фароҳамгардида баҳри рушди ин соҳа саҳми сазовор гузоранд.

ТОЛИБИЛМОНИ ҲУНАРОМӮЗ

Хобгоҳ дорои 45 ҳуҷра буда, дар он айни ҳол 150 донишҷӯ (духтарҳо), ки аз шаҳру ноҳияҳои дурдаст ва оилаҳои камбизоат дар коллеҷ таҳсил менамоянд, истиқомат доранд.

Шароити зисти донишҷӯён дар хобгоҳ хуб буда, аз тарафи маъмурияти муассиса бино аз таъмири ҷорӣ бароварда, барои донишҷӯён ҳуҷраи хӯрокпазӣ бо нуқтаи оби гарм, ҳуҷари шустушӯй бо нуқтаи оби гарм, барои ҷомашӯйӣ бо нуқтаи оби гарм, ки дар он 2 мошинаи ҷомашӯйӣ васл гардидааст, ташкил карда шуд. Инчунин, дар хобгоҳ толори хониш амал мекунад, ки дар он рӯзномаҳои даврӣ, китобҳои бадеӣ, илмӣ ва оинаи нилгун гузошта шуда, донишҷӯён дар вақтҳои холигии худ аз онҳо ба таври васеъ истифода мебаранд.

Шурӯъ аз соли 2017 биноҳои таълимӣ ва хобгоҳи коллеҷ ба шабакаи ягонаи гармидиҳӣ пайваст буда, он бо ангишт ва ҳезум гарм карда мешавад. Барои давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020 - 2021 аз ҷониби муассиса ба миқдори 85 тонна ангишт ва 7 мукааб метр ҳезум захира карда шудааст. Инчунин, бояд қайд намуд, ки барои донишҷӯёне, ки дар хобгоҳ истиқомат мекунанд, маҳфилҳои гуногун, аз қабили шеърхонӣ, расмкашӣ, кашидадӯзӣ, муҳрабофӣ, қолинбофӣ, маҳфили пухтани таомҳои миллӣ амал мекунанд ва ба онҳо омӯзгорони соҳибтаҷриба ҳунарҳои миллӣ ва омода намудани таомҳои миллиро меомӯзонанд.

Ҷомеаи меҳнатии муассисаи мазкур ҷавобан ба ин ғамхориву дастгириҳои Пешвои миллат кӯшиш бар он доранд, ки ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати илму маърифат дар коллеҷ, тарбияи шогирдонро дар рӯҳияи ватандорӣ, ватандӯстӣ ва ба меъёрҳои ҷаҳони муосир мутобиқ гардонидани раванди таҳсилот равона созанд.

Бо боварӣ метавон гуфт, ки ин ҳама ҳидоят ва раҳнамоӣ, ғамхориҳои Сарвари давлат ҷомеаи меҳнатӣ, омӯзгорон ва донишҷӯёни коллеҷро илҳом мебахшанд, ки дар роҳи расидан ба чунин ҳадафҳои наҷиб аҳлона, якдилона заҳмат кашида, дар қатори дигар сокинони Тоҷикистони азиз барои истиқболи сазовори ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми кӯшишу ғайрати хешро равона созанд. 

Нодир ТУРСУНЗОДА,
“Ҳақиқати Суғд”,
аксбардор Инъомҷон РАБИЕВ

 

Add comment


Security code
Refresh