ҲАДАФ: ТАҚВИЯТ, ҚОБИЛИЯТ ВА ДОНИШ

Имрӯзҳо баҳри баланд бардоштани усули таълим дар мактабҳои миёна дар кишвар корҳои зиёде ба сомон расонида мешаванд, ки боиси баланд шудани дониши муҳассилин дар мактабҳои миёна мегардад.

Дастуру раҳнамоиҳои Сарвари давлат дар бораи тақвият бахшидан ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф як гардиши куллӣ ба вуҷуд овард. Аз ин рӯ, бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мактабҳои ҷумҳурӣ баҳри баланд бардоштани тафаккури хонандагон корҳои зиёде ба сомон расонида мешаванд.

Барои мукаммал намудани дониши муҳассилин дар макотиби миёна даъвати омӯзгорони фанҳои дақиқ далели ин гуфтаҳост. Аз Федератсияи Россия бо даъвати Тоҷикистон 50 нафар омӯзгор ба Тоҷикистон омаданд. Онҳо аз шаҳри Душанбе сар карда, ба тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ фиристода шуданд, ки барои баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон дар мактабҳои русӣ мусоидат менамояд.

Дар ин раванд ду нафар омӯзгор, ду нафар намояндаи кишвари Бошқирдистон ба муассисаи таҳсилоти умумии ғайридавлатии (хусусӣ) “Мактаби Нури Раҳмон” омада, аз фанҳои биология, география ва математика - физика ба шогирдон дарс мегӯянд. Гулнара Луқманова бошад, 23 сол собиқаи корӣ ва соҳиби тахассуси олӣ аст. Дигаре Азмат Амиров-омӯзгори фанни математика ва физика буда, 26 сол собиқаи корӣ дорад, соҳиби тахассуси якум аст. Омӯзгорон санаи 15-уми октябр ба кор оғоз намуда, тӯли як моҳ аст, ки ба шогирдон дарс мегӯянд.

Дар деҳаи Дӯстии Ҷамоати деҳоти Ашт муассисаи ғайридавлатии мактаби хусусии Нури Раҳмон тӯли 8 сол шуд, ки фаъолият дорад. Дар ин мактаб 13 синф ва зиёда аз 200 нафар шогирд ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, 34 нафар омӯзгори беҳтарину собиқадор ва навовару эҷодкор фаъолият менамоянд. Бояд зикр намуд, ки аз оғози фаъолияташ шогирдони ин муассиса сад дар сад ба донишгоҳҳои олии кишвар, махсусан ба Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон дохил мешаванд. Соли 2020 бо талабу дархости аҳолии деҳоти Ашт 5 синфи таълимаш бо забони русӣ ифтитоҳ ёфт, ки он 64 нафар хонандаро фаро гирифтааст. Имрӯз барои устодоне, ки аз Федератсияи Россия ба ин муассиса омадаанд, тамоми шароит муҳайё мебошад.

Роҳбарияти муассиса ният доранд, ки барои 14 нафар омӯзгоре, ки аз гӯшаву канори Федератсияи Россия ба вилояти Суғд барои таълиму тарбияи насли наврас сафарбар шудаанд, дарси кушод ташкил намуда, онҳоро ба таълимгоҳ даъват намоянд.

Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh