БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМ

Дар маҷлисгоҳи Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон ҷаласаи навбатии Шӯрои рушди маорифи назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таҳти раёсати муовини Раиси вилоят Зайнура Азимӣ доир гардид. Муовинони соҳавии раисони шаҳру навоҳӣ, сардорони раёсату мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят, роҳбарони зерсохторҳои Раёсати маорифи вилоят, сарварони коллеҷҳои қаламрави вилоят иштирокчии ҷаласа буданд.

Ҷаласа бо сухани ифтитоҳии муовини Раиси вилоят Зайнура Азимӣ оғоз ёфт. Нахуст масъала оид ба ҳолати иҷроиши Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 – 2020 дар соҳаи маориф мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Оид ба масъалаи мазкур корманди Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Нарзизода Вайсиддин маълумоти муфассал дод. Сипас, сардори Раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода дар заминаи таҳлили фаъолияти муассисаҳои таълимӣ дар самти баланд бардоштани сатҳ ва сифати таълим, ба низом даровардани фаъолияти молиявӣ ба сарварони коллеҷҳои ҳудуди вилоят дастру ҳидоятҳо дод.

Мавсуф ҳамчунин дар бораи ҳолати риоя ва иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” дар қисми таъмини кафолати давлатии шахс ба таҳсил, муҳайё намудани шароит барои азхудкунии барномаҳои таълимӣ, фароҳам овардани заминаи устувори ахлоқ ва тарзи ҳаёти солим дар раёсату шуъбаҳои маориф ва муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят гузориш дод. Номбурда оид ба вазъи таъминот бо кадрҳои омӯзгорӣ, раванди азнавсозӣ ва таъмиру тармими бинои муассисаҳои таълимии садамавӣ то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазъи таъминоти Марказҳои таҳсилотии иловагии шаҳру ноҳияҳо бо бино, раванди татбиқи “Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020”, ҳолати таъмини хонандагон бо китобҳои дарсӣ, иштироки хонандагон дар озмуну олимпиадаҳо, вазъи ҷиноятсодиркунии ноболиғон ва ҳолатҳои худкушии наврасон сухан ронд.

Муовини Раиси вилоят Зайнура Азимӣ дар баробари зикри дастовардҳои соҳа, ҳамзамон барои рафъи камбудиҳо дар мавриди баланд бардоштани сатҳ ва сифати таълим ва дар ин замина тақвият бахшидани маҳорати педагогии омӯзгорон, ширкати фаъолона дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, омодагӣ ба зимистонгузаронӣ, татбиқи амалии Барномаҳои давлатӣ, ҳамкории мутақобила бо падару модарон, ҳолати санитарии муассисаҳои таълимӣ, муҳайё намудани шароит ҷиҳати пешгирии бемории сироятии коронавирус, вазъи ҷинояткорӣ ва худкушӣ байни наврасон назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошт.

Ҳамчунин, дар мавриди баррасии масъалаҳои ҷории соҳа сардори Раёсати маорифи вилоят оиди вазифаҳое сухан ронд, ки ба ҷараёни муташаккилонаи маъракаи обуна ба матбуоти даврӣ, пардохти саривақтии маблағи иҷораи китоб, ба истироҳат фарогирии хонандагон дар давраи таътил мусоидат мекунанд. Бо қабули қарорҳои дахлдор ҷаласаи навбатии Шӯрои рушди маорифи назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба кори худ хотима бахшид.

Абдусабур АБДУВАҲҲОБОВ, 

рӯзноманигор

Add comment


Security code
Refresh