ТАҲКУРСИИ РУШДИ ДАВЛАТ

Пешрафти соҳаҳои ҳаёти ҷомеа аз сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф вобастагии зич дорад. Бесабаб дар Тоҷикистон рушди соҳаи мазкур яке аз самтҳои меҳварии сиёсатии Ҳукумати ҷумҳурӣ муқаррар нашудааст. Зеро таҳкурсӣ ва пояи рушди соҳаи иқтисодиёту сиёсат ва иҷтимоию фарҳанг аз омода кардани кадрҳои баландихтисос вобаста мебошад. Гарчанде ҷанги шаҳрвандӣ ба рушди соҳаи маориф монеа гардид ва хисороти зиёд ба миён овард, вале сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати Тоҷикистон ва талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис гардид, ки дар ҷумҳурӣ садҳо мактаби нав бунёд шуданд ва таваҷҷуҳ барои беҳтар намудани шароити таълиму тарбия бамаротиб афзуд.

Воқеан, дар рӯҳияи худшиносии миллӣ, худогоҳиву меҳанпарстӣ тарбия намудани насли ҷавон ва омода кардани кадрҳои баландихтисос шарти муҳими рушди ояндаи кишвар ба ҳисоб меравад.

Дар Паёми Пешвои миллат вобаста ба тақвият бахшидани рушди илмҳои дақиқ ва ҳавасманд намудани хонандагон пешниҳод гардид, ки ҳамасола олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ оид ба илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баргузор гарданд, ғолибони озмунҳо аз ҷониби вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз лиҳози моддиву маънавӣ қадрдонӣ ва ҳавасманд гардонида шаванд. Омода намудани кадрҳои баландихтисос ва тарбияи ҷавонони соҳибмаърифату ватандӯст бо сатҳу сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ вобастагии зиёд дорад.

Дар шароити муосир дар бозори меҳнати ҳам дохили кишвар ва ҳам берун аз он асосан хатмкунандагоне соҳиби ҷои кор мешаванд, ки дорои касбияти баланд, донандаи технология ва забонҳои хориҷӣ бошанд. Гузашта аз ин, маҳорати ташкилотчигӣ ва доштани малакаи муошират бо одамон шартҳои муҳими ба кор қабул гардидан ва комёбӣ дар зинаҳои фаъолияти меҳнатӣ ба ҳисоб меравад. Дар давраи соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани маърифати наврасону ҷавонон корҳои назаррасро ба анҷом расонид, ки ҳар яке аз онҳо каме ҳам бошад, дар рушди маънавиёти шаҳрвандон мусоидат намуда истодааст. Дар ин радиф ташкил ва баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Тоҷикистон Ватани азизи ман», ки бо дастгириву роҳнамоии Пешвои миллат сурат мегирад, дар баланд бардоштани завқи наврасону ҷавонон ва умуман, оммаи мардум ба мутолиаи китоб ва донишомӯзӣ нақши назаррас гузошт.

Пешвои миллат ҳамасола дар Рӯзи дониш ва ҳангоми мулоқоту вохӯрӣ бо кормандони соҳаи маориф ҷиҳати беҳтар намудани сифати таълиму тарбияи наврасону ҷавонон пешниҳоду вазифаҳои мушаххас ба миён мегузоранд. Аз ҷумла, дар Паёми навбатии хеш омӯзгоронро вазифадор намуданд, ки назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонида, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.

Имрӯз дар назди омӯзгорон дар самти тарбияти насли наврас ва ҷавонон вазифаҳои бисёр пурмасъулият меистад, ки иҷрои он, аз як ҷониб, бисёр пурмашаққат буда, аз тарафи дигар, кори арзишманд ва пуршараф мебошад. Иҷрои ин рисолат аз ҳар омӯзгор ҷонфидоиву садоқат, самимияту масъулиятшиносӣ ва кӯшишу ғайрати дучандро талаб менамояд.

Пешрафти ояндаи давлат аз кӯшишу ғайрати омӯзгорон дар самти таълиму тарбияи дурусти насли наврас дар руҳияи ватандӯстиву худогоҳӣ ва омода намудани кадрҳои баландихтисос вобастагии бевосита дорад. Ҳар чӣ қадар мақоми омӯзгор дар ҷомеа баланд ва зиндагии иҷтимоии беҳтар дошта бошад, ҳамон андоза дар таълиму тарбияи насли наврас хизмати содиқона анҷом медиҳад.

Имрӯз барои рушди соҳаи маориф ва иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муассисаҳои таълимӣ ба омӯзгорони соҳибмаърифату соҳибкасб ва масъулиятшиносу ватандӯст ниёз доранд. Аз сафи омӯзгорон тоза намудани шахсони бесавод ва тасодуфӣ ва бо роҳи озмун ба кор қабул намудани омӯзгорон бисёр муҳим буда, он ба сифати таълиму тарбияи донишҷӯён ва омода кардани кадрҳои баландихтисос таъсири назаррас дорад. Оид ба ин масъала соле қабл Пешвои миллат ҳангоми суханронии хеш ба муносибати Рӯзи дониш дар Донишкадаи идоракунии давлатӣ ишора намуданд, ки дар шароити имрӯза омӯзгорон бояд мунтазам дониши худро такмил дода, дарсҳои худро поквиҷдонона ва дар сатҳи баланд ташкил намоянд.

Хулоса, саҳми омӯзгорон дар рушди соҳаи маориф бисёр назаррас буда, хизмати содиқонаву пурмасъулияти онҳо дар тарбияи кадрҳои ояндасози миллат, пешрафти соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва дар умум ба рушди устувори кишвар ва боло рафтани эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамояд.

Шӯҳрат Саидзода,
устоди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,
бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh