БАШОРАТДЕҲИ РОҲИ МУНИРИ ФАРДО

Ҳукумати кишвар бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамому чораву тадбирҳои заруриро ҷиҳати рушди соҳоти гуногуни кишвар, аз ҷумла маориф ва фарҳанг равона карда истодааст.

Воқеан, таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ба соҳаи маориф ва баланд бардоштани сатҳи донишу ҷаҳонбинии насли навраси кишвар тақозои замон ва шарти аслии рушду инкишофи давлат дар замони муосир мебошад. Имрӯз дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ ҷавобгӯи сатҳу сифати ҷаҳонӣ будани мутахассисони ҷавон имкон медиҳад, ки Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мавқеи хешро муайян ва муаррифӣ кунад. Чунонки Сарвари давлат борҳо таъкид намудаанд, ояндаи Тоҷикистон дар дасти насли нав мебошад, тарбияи дуруст ва додани дониши ҷавобгӯи талаботи замони муосир бошад, вазифаи ҳар шаҳрванди кишвар, насли калонсоли ҷомеа аст.

Дар раванди бемайлони ҷаҳонишавӣ муҳимтарин омили пешгирии воридшавии унсурҳои бегона ба фарҳанги миллӣ ин рӯ овардан ба таърих ва огоҳ будан аз аслу насаби хеш мебошад. Расидан ба ин шинохт танҳо тавассути донишу хирад ва касби илм муяссар мешавад.

Сарвари давлат дар Паёми хеш ба ин нукта ишора намуда, таъкид намуданд, ки барои ҳар як фарди миллат, хусусан насли наврасу ҷавон дониши баланду хиради муосир зарур ва ҳатмӣ мебошад. Албатта, дар ин замина омӯхтани забонҳои хориҷӣ барои ҳар нафари худогоҳ шарти нахустини рушд ба ҳисоб меравад. Бинобар ин баҳри такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷиҳати тақвияту густариши омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус забонҳои русӣ ва англисӣ чораҳои зарурӣ андешида шуданд. Алҳол дар муассисаҳои таълимии вилоят 3280 нафар омӯзгори забони русӣ ва 2814 нафар омӯзгори забони англисӣ фаъолият доранд. Тавсеаи марказҳои забономӯзӣ дар маркази вилоят ва шаҳру навоҳии дурдаст низ аз самараи таваҷҷуҳи махсуси масъулин ба рушди забономӯзӣ мебошад.

Хурсандиовар аст, ки бо илҳом аз ҳидоят ва раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пиру барно ба илму дониш ва китобхонӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда истодаанд. Диққати аввалиндараҷа додан ба мутолиаи китоб ҷиҳати баланд бардоштани маърифатнокии худ, саъю талоши ҷавонон моро хушбин месозад, ки Тоҷикистони азиз дар ояндаи наздик бо мутахассисони сатҳи ҷаҳонӣ маъруфу машҳур гашта, хидмати фарзандон ба ободии кишвар дучанд мегардад.

Албатта, то имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушду тараққиёти соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг тадбирҳои судмандро роҳандозӣ намуда, дар ин замина татбиқи сиёсати ҷавонон, занон ва оила ва рушди варзиш низ шоистаи зикр аст.

Дар Паёми гузашта Сарвари давлат таъкид намуданд, ки то ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ 128 муассисаи томактабӣ ва 338 муассисаи таҳсилоти умумӣ бунёд гардида, дар маҷмӯъ 1332 муассисаи таълимӣ ва томактабӣ тармиму таҷдид карда мешавад.

Имрӯз мо мушоҳида мекунем, ки воқеан дар ин самт корҳо хеле хуб ҷараён дорад: Ҳукумати кишвар ва соҳибкорони ватаниву бурунмарзиамон ва дигар шахсони ҳимматбаланд дар амалӣ шудани ин нақшаҳои пешбинишуда талоши пурбор доранд. Зимнан гуфтанист, ки дар вилояти Суғд бо мақсади бо дастовардҳои назаррас истиқбол гирифтани санаи таърихии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19-уми декабри соли 2017, №968 “Дар бораи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, қарори Раиси вилоят аз 14-уми марти соли 2018, №89 “Дар бораи эълон намудани 1300 рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба тасвиб расида, нақшаи чорабиниҳо тасдиқ шуданд. Бо гузашти наздик ду сол мо муҳимият ва саривақтӣ будани ин қарори Раиси вилоятро эҳсос мекунем. Тадбирҳое, ки дар доираи шиори “1300 рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ” амалӣ шуданд, ба низом ва баракати кор мусоидат кард. Иншооти зиёди ҷашнӣ сохта, ба истифода дода шуданд. Дар соли 2020 –ум низ бо вуҷуди соли вазнин будан корҳои созандагиву ободонӣ вусъати тоза гирифтанд. Новобаста аз он, ки пандемия ба буҷаи давлат хисороти ҷиддӣ овард, нақшаҳо бо низом амалӣ гаштанд. Чуноне аз ҳисоботи Раиси вилояти Суғд бармеояд, танҳо дар 11 моҳи соли 2020 барои 660 ҷойи нишасти талаба дар муассисаҳои таҳсилоти миёна, барои 510 ҷой дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ иқтидорҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд.

Давоми соли 2020-ум баҳри таҳкими корҳои ободониву созандагӣ бо маблағгузории буҷети ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин бо ҷалби сармояи ватанӣ чандин иншооти ҷашнӣ бунёд гардиданд, ки дар ин миён мактабу кӯдакистон кам набуданд. Чунончӣ, соли гузашта кӯдакистони хусусии соҳибкорон Н.Ғафурова ва И.Исроилов барои 150 кӯдак, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 барои 640 хонанда дар ду баст дар деҳаи Нови Ҷамоати деҳоти ба номи Турсун Ӯлҷабоев, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии замонавӣ барои 1280 хонанда дар ду баст, дар ноҳияи Спитамен, дар Ҷамоати деҳоти Саразм, дар Ҷамоати шаҳраки Суғдиёни шаҳри Панҷакент бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 1200 хонанда дар ду баст дар маҳаллаи Ганҷободи Ҷамоати шаҳраки Суғдиён, кӯдакистони хусусии «Насли Ориё» барои 120 кӯдак бо 15 ҷойи нави корӣ, дар маҳаллаи «40-солагии Дилварзин»-и Ҷамоати деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ, бинои нави сеошёнаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №36 барои 720 хонанда дар Ҷамоати деҳоти Понғози ноҳияи Ашт ва ғайраҳо сохта, ба истифода дода шуд.

11 муассисаи таълимии садамавӣ барқарор гардида, дар 15 бинои садамавии муассисаҳои таълимӣ корҳои сохтмонӣ идома доранд.

Ҳамзамон, таъмиру таҷдиди 228 муассисаи таълимӣ ба нақша гирифта шудааст ва то ҳол 199 муассисаи таълимӣ аз таъмири куллӣ бароварда шуда, дар 26 муассиса корҳо идома доранд. Ин тадбирҳои амалӣ ва ғамхории пайвастаи давлат моро рӯҳбаланд сохта, ҳидоятгари ободиву созандагиҳои нав ба нав мегардад.

Боиси хурсандист, ки ҳар сокини бонангу ори кишвар дар бунёду таҷдиди муассисаҳои маориф ва фарҳанг саҳми ватандӯстона гузошта истодаанд. Устодон назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонида, ба наврасону ҷавонон барои мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ раҳбалад гашта, анъанаи устодиву шогирдӣ таҳким ёфта истодааст. Ин амал, албатта, қобилияти эҷодии насли ҷавонро тақвият мебахшад.

Бояд қайд кард, ки дар Паёми хеш Сарвари давлат ба таълиму тадриси чуқури фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, дар замони муосир аҳамияти аввалиндараҷа доданро ба фанҳои дақиқ амри зарурӣ унвон намуданд. Аз ин ҷост, ки бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020 -2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон шуд.

Дар соли нахустини бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои дақиқ мо аллакай аз самараи ин ташаббуси бесобиқа баҳравар шуда истодаем. Таваҷҷуҳ ба фанҳои даққиқ боиси афзун шудани корҳои созанда ва ташаббусҳои нек дар ин самт шуда истодааст. Дар макотиби оливу миёнаи кишвар озмунҳои гуногунҷабҳа аз фанҳои дақиқ баргузор гардида, истеъдодҳои нав ба навро пайдо карда истодааст. Мутмаинем, ин 20 сол барои Тоҷикистон олимони забардасти фанҳои дақиқро омода хоҳад сохт.

Сарвари давлат арзиши илмии ин ташаббусро ниҳоят бузург арзёбӣ намуда, тазаккур доданд, ки бо заҳмати чандинсолаи мо дар ин самт барои насли оянда меваи шакарбор хоҳад овард.

Дар шароити кунунӣ, яъне замоне, ки ҳар як фарди ҷомеа ба худшиносӣ ва ҳифзи хотираи таърихии худ беш аз пеш ниёз дорад, ба илмҳои дақиқ, ба ободиву созандагӣ ва густариши эҳсоси ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва болоравии сатҳи маърифатнокии ҷомеа ҳамаҷониба мусоидат хоҳад кард.

Дар ин робита роҳбарону масъулони соҳа низ ба сатҳу сифати таълим аҳамият дода, ҷиҳати боло рафтани савияи донишу маърифатнокии хонандагону донишҷӯён тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намуда истодаанд. Дар ин ҷода диққати бештар додан ба тарбияи насли наврас боиси хушнудист. Баргузории озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ...” аз рӯи се самт: якуммиёни тарбиягирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ; дуюм - таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва сеюм - дар байни калонсолон, ки ҳамасола баргузор шуда, натиҷаҳои қонеъкунанда дода истодааст башорати роҳи мунир аст, ки миллати тоҷик бо роҳбарии Пешвои муаззами хеш интихоб кардааст.

Сурайё ҲАКИМОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh