ТАРБИЯИ НАСЛИ НАВУ СОЛИМ БО ДИДИ НАВ

Маориф яке аз соҳаҳои афзалиятноки ҷомеа ба шумор рафта, рушду такомули он ба рушди ҷомеа тавъам аст. Дар кишвар баҳри пешрафти ин соҳаи ҳаётан муҳим чораҳои зарурӣ андешида мешавад. Зеро таълиму тарбияи насли наврас ба он мусоидат менамояд, ки хонандагон дар ҷомеа ҳамчун шахси босавод ба воя расанд.

Аз ин рӯ, баҳри пешбурди соҳаи ин ҳаётан муҳим чандин барномаҳо ба тасвиб расидаанд, ки баҳри баланд бардоштани вазъи соҳа мусоидат менамояд. Яке аз ин барномаҳо “Барномаи рушди таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи хусусӣ барои солҳои 2014- 2020” аст, ки барои иҷрои он дар ноҳияи Мастчоҳ корҳои зиёде бомаром ҷараён доранд.

Тибқи барнома, дар ин давра бунёди як қатор иншооти хусусии соҳаи маориф роҳандозӣ гашта, чандин муассисаҳо дари худро барои толибилмон боз намуданд. Дар ин ҷода дар ноҳия як қатор корҳо ба анҷом расида бошанд ҳам, иҷроиши он ба мақсад мувофиқ нест.

Тибқи қарорҳои раиси ноҳия оид ба бунёди кӯдакистони хусусӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёна, ба 5 нафар соҳибкор қитъаҳои замин ҷудо шудааст. Онҳо дар мӯҳлатҳои наздиктарин ба бунёди он оғоз хоҳанд кард. Ҳамзамон, дар ин мӯҳлат дар ноҳияи Мастчоҳ ду кӯдакистони хусусӣ дари худро барои тарбиятгирандагон боз намуд. Муассисаи таълимии томактабии хусусии «Ваҳдат» яке аз онҳо дар Ҷамоати шаҳраки Бӯстон буда, барои 160 нафар бо харҷи 1,5 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкор Абдуваҳҳоб Ҳасанов бунёд гардид.

Бино бо тарзи бунёди биноҳои муосир сохта шуда, барои тарбиятгирандагон тамоми шароитҳо муҳайёст. Муассисаи таълимии томактабии “Ваҳдат” санаи 14 - уми сентябри соли 2020 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифт. Ҳамчунин, дар маҳаллаи «40-солагии Дилварзин»-и Ҷамоати деҳоти Палдорак муассисаи таълимии томактабии хусусии “Насли Ориё” аз ҷониби соҳибкор Оймаҳмад Шарифов ба маблағи зиёда аз 1 миллион сомонӣ барои 120 нафар хонанда бунёд гардид. Он ҳам санаи 14 – уми сентябри соли 2020 бо иштироки Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ва Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Инъомзода ифтитоҳ гардид.

Айни замон дар ин муассиса се гурӯҳ амал мекунад, ки 76 нафар кӯдаки аз сесола то шашсоларо фаро гирифтааст. Бино ба гуфти мудири кӯдакистон, Раиса Шарифова муассиса тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи идораи маорифи ноҳия фаъолият намуда, баҳри тарбияи онҳо аз тамоми таҷрибаҳои пешқадам истифода мекунанд. Кӯдакон бо дарсҳои саводомӯзӣ, шиносоӣ бо муҳит, ташаккули оддитарини тасавуроти математикӣ, забони русӣ, гулмонӣ, суробсозӣ (пластилин), расмкашӣ фаро гирифта шудаанд. Аҳли кӯдакистон кӯшиш доранд, ки кӯдаконро ҳамаҷиҳата бо таълиму тарбия фаро гирифта, баҳри дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия намудани онҳо кӯшиши зиёд ба харҷ диҳанд.

Ҳамзамон, дар ноҳия боз сохтмон ва бунёди як қатор иншооти соҳаи маориф дар назар аст. Айни замон дар Ҷамоати деҳоти Мастчоҳи ноҳия аз ҷониби соҳибкор Ш.Мирзоев сохтмони бинои кӯдакистони хусусӣ оғоз гардидааст. Дар Ҷамоати деҳоти Оббурдон сохтмони 2 муассисаи таълимии хусусии дигар дар арафаи оғозёбӣ буда, тибқи нақша, онҳо бояд дар арафаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шаванд.

Тибқи нақша, дар давоми амали барнома бояд дар ноҳия 5 муассисаи таълимии хусусӣ сохта, ба истифода дода мешуд. Айни замон ду муассиса амал мекунад, ки дар маҷмуъ иҷроиш 40 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh