МАСТЧОҲ: ВАЗЪИ ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ ЧӢ ГУНА АСТ?

Зимистони навбатӣ нисбат ба зимистони солҳои гузашта барвақт омад. Ҳамчунин ин фасли сол ба диёри офтобии мо, ки солҳои пеш чунин хунукӣ надошт, хеле сард омад. Ба мавсими зимистонгузаронӣ дар муассисаҳои таълимӣ баҳри таълими доимии муҳассилин тайёрии ҳамаҷониба мебинанд.

Омодагиҳои муассисаҳои маорифи ноҳияи Мастчоҳ ба зимистонгузаронӣ дар кадом вазъ қарор доранд. Онҳо то кадом андоза ба ин мавсим омода гардиданд? Ба ин суол муовини мудири шуъбаи маорифи ноҳия Қудратбек Сафаров ҷавобҳои мушаххас дод. Мавсуф зикр намуд, ки барои мунтазам ва самаранок гузаронидани давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 корҳои зиёде ба сомон расонида шудаанд.

Дар ноҳия 42 мактаби миёнаи умумӣ, 1 литсей, 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи асосӣ 11 кӯдакистон фаъолият дорад. Барои бо гармӣ таъмин намудани ин муассисаҳои таълимӣ дар ноҳия 18 дегхонаи хурду калон амал менамояд. Дар муассисаҳои таълимии ноҳия 671 адад печи бухорӣ, 214 адад гармкунакҳои барқӣ мавҷуд буда, соҳаи маорифи ноҳия 582 187 килограм ангишт захира шудааст, ки он аз иҷрои пурраи нақшаи солона дарак медиҳад. Ҳамзамон, мавсуф изҳор кард, ки ҳамаи маводҳои сӯхт дар анборҳои муассисаҳои таълимӣ захира шудааст. Захираи ҳезум бошад зиёда аз 230 м3-ро дарбар мегирад, ки он низ 100 фоизи иҷрои нақшаро бозгӯ мекунад. Бояд изҳор дошт, ки дабистону кӯдакистонҳои ноҳия 97 метри куб оинабандӣ карда шуда, якқабата салафанпеч шудаанд.

Тамоми муассисаҳои маорифи ноҳия бо сӯзишворӣ ба миқдори 150 литр таъмин гардидаанд. Бояд зикр намуд, ки дар муассисаҳои таълимии №№36, 7 -уми Ҷамоати деҳоти Оббурдон, МТМУ №41, МТМУ №39, Ҷамоати деҳоти Мастчоҳ Ҷамоати деҳоти Навбаҳор мактаби №13, дегхонаи махсус дошта, ба таври марказонидашуда гарм карда мешаванд. МТМУ №22-и Ҷамоати деҳоти Мастчоҳ ва МТМУ №12 низ дегхонаҳои хурди худро доранд, ки бо ин усул гарм карда мешаванд. Маводҳои сӯхт дар анборҳои муассисаҳои таълимӣ хуб нигоҳдорӣ мешаванд. Инчунин, дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ шахсони масъул ба техникаи бехатарии зидди сӯхтор шинос карда шуда, аловмонӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст.

Шуъбаи маориф дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия назоратро барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани мавсими зимистонгузаронии имсола хуб ба роҳ монда, кӯшиш менамоянд, ки давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 хуб ҷамъбаст гардад.

Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh