Сафари кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Айнӣ

17 феврали соли 2021 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ ва бунёди иншооти ҷашнӣ ба ноҳияи Айнӣ сафар намуд.

Боиси зикр аст, ки дар ноҳияи Айнӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди 499 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шуда, то имрӯз беш аз 400 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.

Сокинони ноҳия имрӯзҳо барои дар сатҳи зарурӣ таҷлил намудани ҷашни таърихӣ аҳлона меҳнат намуда, барои густариши корҳои ободонӣ саҳми назаррас мегузоранд.

Зимни сафар Раиси вилоят нахуст ҷараёни корҳои сохтмониро дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 15-и деҳаи Зеробод мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Тавре иттилоъ дода шуд, иншоот бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бунёд шуда, фармоишгар Идораи сохтмони асосии вилоят ва пудратчӣ ҶДММ “Тоҷик Элит сохтмон” мебошад.

Бинои мактаб аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, он дар баробари синфхонаҳои таълимӣ ва утоқи омӯзгорон дорои китобхона, синфхонаи омӯзиши дӯзандагӣ, синфхонаи таълими меҳнат, ошхона низ мебошад.

Бо мавриди истифода қарор гирифтани бинои нави таълимӣ барои таълиму тарбияи хонандагон шароити зарурӣ фароҳам оварда мешавад.

Сипас, роҳбари вилоят рафти сохтмони коргоҳи дӯзандании соҳибкори маҳаллӣ Гулчеҳра Ҳасановаро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Соҳибкор тасмим гирифтааст, ки бо таъсиси коргоҳи дӯзандагӣ занону духтаронро ба кор ҷалб созад.

Гулчеҳра Ҳасанова иттилоъ дод, ки ҳамзамон барои духтарон ва занон курсҳои омӯзишӣ ташкил карда, ба ин васила барои коҳиш додани сатҳи бекорӣ миёни бонувон саҳми хешро мегузорад.

Раҷаббой Аҳмадзода иқдоми соҳибкорро намунаи пайравӣ арзёбӣ карда, иброз дошт, ки бо ташкили чунин коргоҳҳои хурди дӯзандагӣ метавон занону бонувони хонашинро ба кор ҷалб намуд. Занон бо омӯхтани ҳунари дӯзандагӣ метавонанд даромади хуб ба даст оварда, зиндагии хешро пеш баранд.

Дар идомаи сафар Раиси вилоят бо сохтмони бинои мактаб-интернати замонавӣ дар деҳаи Анзоби Ҷамоати деҳоти Анзоб ошно гардид.

Бино аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, фармоишгари иншоот Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон,  пудратчӣ ҶДММ “Ҳаммод” ва лоиҳакашаш ҶСК “Селтехпроект” мебошанд.

Бинои мактаб-интернат дорои коргоҳи дӯзандагӣ бо 16 дастгоҳ, сехи коркарди чуб бо 18 дастгоҳ, ошхона, толори хониш, хобгоҳ, ҳуҷраи комендант, ҳуҷраи кӯмаки тиббӣ, 10 ҳуҷраи санитарӣ, толори варзишӣ аст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh