СТАНСИЯИ ТАЪМИРИ АВТОМОБИЛӢ ФАЪОЛИЯТИ ХУДРО БА РОҲ МОНД

- Дар Донишкадаи политехникии донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ 4 факулта, 13 кафедра, 4 марказ ва 9 шуъба амал менамоянд. Ҳамчунин, 167 синфхонаи таълимӣ, 36 озмоишгоҳи таълиму таҷҳизотӣ, 26 синфхонаи компютерӣ, 5 синфхонаи лингофонӣ, 2 толори варзишӣ, 2 майдончаи варзишӣ, 1 парки технологӣ, 3 толори маҷлисӣ, 3 китобхона, 3 қироатхона мавҷуд аст, - гуфт директори донишкада Дилафрӯз Саидӣ.

Тавре иттилоъ дода шуд, ки донишкада дорои хобгоҳ буда, он ба пуррагӣ таъмир гашта, соҳиби 450 ҷой ва 8 ошхонаи замонавӣ аст. Дар хобгоҳ ҳамаи шароитҳо барои зиндагӣ, таълим ва истироҳат ба донишҷӯён муҳайё мебошад. Дар ошёнаи якуми хобгоҳ ҳуҷраи ҳунарҳои мардумӣ ва дарздӯзӣ барои духтарон ташкил шудааст. Ҳамчунин, дар донишкада парки технологӣ амал мекунад, ки ба ҷалби донишҷӯёни соҳибзавқи донишгоҳ ба фаъолияти илмиву эҷодӣ ва ихтироъкориву инноватсионӣ маҳфилҳои гуногун ташкил намуд.

- Байни парки технологии донишкада бо литсейи донишкада шартнома оид ба омода намудани либосҳои мактабӣ, нимтанаҳо бо тамғаи донишкада ба имзо расида, тайи якчанд сол ин намуди фаъолият давом дорад. Айни замон заминаи моддию техникии паркро, асосан, озмоишгоҳҳои кафедраи маҳсулоти хӯрока ва агротехнология, ошхона, сехи дӯзандагӣ, устохонаи хизматрасонии компютерӣ ва устохонаи таълимии кафедраи автомобилҳо ва идоракунии нақлиёт ташкил медиҳанд, - гуфт Дилафрӯз Саидӣ.

Боиси қайд аст, ки соли гузашта сохтани маркази истеҳсоли нонпазӣ дар назди кафедраи маҳсулоти хӯрока ва агротехнология дар назар гирифта шуда буд. Барои истеҳсоли маҳсулоти нонӣ таҷҳизоти лозима ба кор дароварда шуда, истеҳсоли маҳсулоти нонӣ ба роҳ монда шуд.

Ҳоло маҳсулоти истеҳсолшуда дар ошхона ва ба донишҷӯён ба фурӯш бароварда шуда аст. Баробари ин стансияи таъмири автомобилӣ фаъолияти худро ба роҳ монд. Дар соли 2020 зиёда аз 15 шартнома бо муассисаҳои таҳсилоти олии ҷаҳон баста шуд, ки он имконият медиҳад, донишҷӯён ва устодони донишкада дар муассисаҳои олии пешоҳанги дунё таҳсил ва коромӯзӣ намоянд.

- Соли равон, донишкада самти гузаштан аз аккредитатсияи байналмилалиро пеш гирифт. Вобаста ба ин, бо мақсади ба сатҳи байналмилалӣ чавобгӯ будани сомонаи донишкада аз тарафи раёсати донишкада гурӯҳи корӣ ташкил шуд. Айни ҳол, аз тарафи аъзоёни гурӯҳ омӯзиш ва таҳлили сомонаҳои донишгоҳҳову донишкадаҳои хориҷӣ гузаронида шуд. Дар анҷоми нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон бо масъулин дар бобати фаъолияти донишкада саволу ҷавоб доир намуданд.

Шаҳбону ОЛИМОВА,

"Ҳақиқати Суғд"

Add comment


Security code
Refresh