ФАЪОЛИЯТИ НАЗАРРАСИ ДОНИШКАДА

Дар толори Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ бо иштироки намояндагони васоити ахбори омма нишасти матбуотӣ доир гардид. Директори донишкада, номзади илмҳои иқтисод, дотсент Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан оид ба натиҷаҳои фаъолияти донишкада дар соли 2020 маълумоти муфассал дод. Мавсуф зикр намуд, ки дар донишкада 12 кафедра дар ҳайати се факултет фаъолият менамояд.

Дар асоси қарори Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон донишкада ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ ва тайёр намудани мутахассисон дар зинаи бакалавриат аз рӯи 20 ихтисос соҳиб гашт. Донишкада тибқи иҷозатнома оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ мутахассисонро дар зинаҳои бакалавриат, магистратура, докторантура PhD ва зинаи таҳсилоти олии дуюм тайёр менамояд. Бояд зикр намуд, ки ҷараёни таълим дар се бинои таълимӣ, ки аз 80 синфхонаи алоҳида иборатанд, ташкил карда шудааст. Дар донишкада 750 компютери фардӣ, 33 тахтаи электронӣ, 103 проектор, 80 камераи назоратӣ мавҷуд мебошанд.

Бахшида ба ҷашни фархундаи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон то оғози соли нави таҳсил дар маҳаллаи Пахтакор таҷдид ва таъмири бинои нави таълимӣ ба анҷом расида, мавриди истифода қарор дода мешавад. Китобхонаи электронӣ ва муқаррарӣ, синфхонаи интернетӣ, чор синфхонаи лингофонӣ, шаш синфхонаи компютерӣ, толори фитнес бо 18 тренаҷёр, майдончаи варзишии волейбол, минифутбол, баскетбол ҳамеша ба донишҷӯён хизмат мерасонанд. Ҳамаи синфхонаҳо, толори варзиш ва биноҳои донишкада дар давраи сармо бо тариқи мутамарказ то ҳарорати муқарраршуда гарм карда мешаванд. Айни замон дар донишкада теъдоди профессорону омӯзгорон 249 нафарро ташкил менамоянд, ки аз ҳайъати умумии устодону омӯзгорон 10 нафар доктори илм ва 80 нафар номзади илм мебошанд.

Теъдоди умумии донишҷӯён 4304 нафарро ташкил намуд, ки аз онҳо 2615 нафар дар шуъбаи рӯзонаи зинаи бакалавр (аз онҳо 703 нафар духтарон), 218 нафар дар шуъбаи рӯзонаи зинаи магистратура (аз онҳо 46 нафар духтарон), 816 нафар дар шуъбаи ғоибонаи зинаи бакалавр (аз онҳо 368 нафар духтарон), 632 нафар дар низоми фосилавӣ (аз онҳо 203 нафар духтарон), дар зинаи докторантура аз рӯи ихтисос PhD 23 нафар (аз онҳо 3 нафар духтар) таҳсил намуда истодаанд. Донишкада бо зиёда аз 220 корхона, ширкат, бонк, муассисаю ташкилот, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти идоракунии маҳаллию давлатӣ шартномаҳои дуҷониба оид ба таҷрибаомӯзӣ дорад, ки дар он донишҷӯён ва магистрантон дар давоми таҳсил аз таҷрибаомӯзӣ мегузаранд. Мавриди зикр аст, ки дар нишасти матбуотӣ намояндагони беш аз 15 васоити ахбори умум, аз ҷумла нашрияҳои “Сухани халқ”, “Омӯзгор”, “Ҳақиқати Суғд”, “Согдийская правда”, “Тирози ҷаҳон”, маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон” ва телевизионҳои маҳаллӣ иштирок намуда, саволҳои худро перомуни амалишавии лоиҳаҳо, тағйироти кадрӣ, давомоти донишҷӯён, рафти супоридани имтиҳонҳои хатм, вазъи молиявии донишкада, таҳсили устодону донишҷӯён дар хориҷи кишвар, риояи таҳсил бо фосилаи иҷтимоӣ, фаъолият дар самти мубориза алайҳи COVID-19, вазъи пардохти маош ва баланд бардоштани моҳонаи устодон, дастгирии ятимону бепарасторон, вазъи забономӯзӣ, имтиёз ба донишҷӯён, таҳсил дар шуъбаҳои магистратура ва робитаҳои байналмилалӣ ва ғайра пешниҳод карда, посухҳои муфассал гирифтанд.

Дар фарҷом директори донишкада аз ҳамкории рӯзноманигорон изҳори қаноатмандӣ карда, барои инъикоси воқеъбинонаи дастовардҳои донишкада ба намояндагони васоити ахбори умум арзи сипос намуд.

Нодир ТУРСУНЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh