ТАЪМИНИ ХАТМКУНАНДАГОН БО ҶОЙИ КОРӢ

- Бе истифодаи таҷҳизоти мултимедӣ, технологияи иттилоотӣ ва шабакаи интернетии баландсуръат баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот имконнопазир буда, дар ин самт раёсати Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон ба дастоварди назаррас ноил гардид.

Имрӯз дар раванди таълим 50 адад проектору тахтаҳои электронӣ, 400 адад компутери ҳозиразамон, 78 адад принтер, китобхонаи электронии бо шабакаи интернет пайвастшуда ва дорои зиёда аз 14 ҳазор варианти электронии адабиёти тахассусӣ мавриди истифода қарор дорад, - гуфт ректори донишкада Бахтиёр Маҳмадалӣ.

Тибқи маълумоти масъулин, алҳол донишкада таҳсилро бо ду забон тоҷикӣ ва русӣ ба роҳ монда, аз рӯи 18 ихтисоси равияи кӯҳӣ - металлургӣ мутахассисон, тайёр менамояд. Алҳол дар донишкада 3481 нафар донишҷӯ таҳсил менамоянд, ки аз ин миқдор 2937 нафар тариқи шартномавӣ ва 544 нафар тариқи буҷавӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Баробари ин дар донишкада 89 нафар шаҳрванди хориҷӣ аз ҷумҳуриҳои Ӯзбекистону Афғонистон таҳсил карда истодаанд. Алҳол донишкада бо 22 корхонаҳои азими кишвар, аз ҷумла ҶМТКММ "Апрелевка", ҶСК "Ангишт", ҶДММ "Ширкати кӯҳӣ - саноатии Тоҷикистону Хитой", ҶДММ "Ширкати идоравии минтақавии саноатии Тоҷикистону Хитой", заводи металлургии шаҳри Истиқлол, ҶСК "Суғднафтугаз" ва амсоли ин шартнома бастааст.

Хатмкунандагони гурӯҳҳои буҷетӣ ба корхонаҳои мазкур барои фаъолияти корӣ намудан сафарбар мешаванд. Оид ба фаъолияти Институти Конфутсий, ки дар назди донишкада аз соли 2016 фаъолият мебарад, иттилоъ дода шуд, ки шарики донишкада аз тарафи Ҷумҳурии Мардумии Чин Донишгоҳи нафти Чин мебошад. Айни ҳол дар донишкада 5 нафар омӯзгори чинӣ фаъолият мебаранд. Дар курсҳои кӯтоҳмуддат 6463 нафар шунаванда, аз ҷумла донишҷӯён, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва дигарон дарс омӯхтанд.

Дар асоси ҷамъбасти имтиҳонҳо аз тарафи Донишкадаи Конфутсий ҳар сол довталаб ба муассисаҳои давлати Чин тавсия дода мешаванд, ки онҳо таҳсили худро дар қаламрави Ҷумҳурии Мардумии Чин давом медиҳанд. - Соли гузашта новобаста аз мушкилиҳои паҳншавии бемории сироятии COVID - 19, чорабиниҳои зиёди илмӣ бо риояи қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ ва масофаи иҷтимоӣ ба таври онлайн ва офлайн баргузор карда шуд. Ҳамчунин, дар ин давра ба донишҷӯён ва устодони ба бемории коронавирус ва илтиҳоби шуш гирифторшуда аз ҷониби Раёсати донишкада кӯмаки моддӣ ва молиявӣ расонида шуд, - афзуд Бахтиёр Маҳмадалӣ.

Дар анҷоми нишасти матбуотӣ аз тарафи рӯзноманигорон доир ба бо хобгоҳ фаро гирифтани донишҷӯён, парки технологӣ, таъминот бо ҷойи корӣ, тадбирҳо оид ба пешгирии гаравидани муҳассилин ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, ҷиноятсодиркунии донишҷӯён, таҳсили донишҷӯёни хориҷӣ, ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ, ҷалби довталабон ба донишкада, ҳамкорӣ бо корхонаҳои саноативу ғайрисаноатӣ ва амсоли ин саволу ҷавоб доир гардид.

Шаҳбону ОЛИМОВА,

"Ҳақиқати Суғд"

Add comment


Security code
Refresh