ВОЛИДОН - РОҲНАМОИ ЗИНДАГИИ ФАРЗАНД

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода нисбат ба тарбияи насли наврас аҳамияти хоса зоҳир намуда, ҳамеша таъкид мекунанд, ки насли ҷавон ояндаи кишвари мо мебошанд. Барои дар амал татбиқ намудани ин сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат, Ҳукумати кишвар тамоми шароити моддиву маънавиро баҳри ҷавонон фароҳам овардааст. Далели гуфтаҳои болоӣ бунёди даҳҳо муассисаи таълимиву томактабӣ, иншооти варзишӣ, марказҳои омӯзишӣ ва ҳунармандӣ, таъсиси омӯзишгоҳҳои касбӣ шуда метавонанд. Ҷавобан ба ин ғамхориҳо бояд ҷавонони мо ҳамқадами замони муосир гашта, ба омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунар машғул бошанд ва ба роҳи дурусти зиндагӣ қадам гузоранд.

Боиси дастгирист, ки Комиссия оид ба ҳуқуқи кўдаки назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз оғози соли 2021-ум фаъолияти хешро тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кўдак» Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №377 аз 1 - уми августи соли 2008 «Дар бораи таъмини ҳифзи ҳуқуқи кўдак», Низомномаи Комиссия оид ба ҳуқуқи кўдак аз 25 - уми январи соли 2017, №29 ва Низомномаи мақомоти васоят ва парасторӣ аз 25- уми январи соли 2017, №30 ба роҳ монда, бо мақсади иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Конвенсия оид ба ҳуқуқи кўдаки Созмони Милали Муттаҳид,татбиқи «Барномаи миллии пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон барои солҳои 2020-2024» ташкили чорабиниҳои пешгирикунандаи ҳолатҳои беназоратии ноболиғон, қонуншиканӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб байни наврасон, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо дар ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаёт ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти дахлдор, ки маҳз бо масъалаҳои марбут ба кўдакон кор мебаранд, силсилаи тадбирҳоро амалӣ намуд. Баробари чунин дастгириҳо мутаассифона, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро на ҳама волидайн ба таври ҷиддӣ риоя менамоянд.

Бобати мавзӯи мазкур мудири бахш оид ба ҳуқуқи кӯдаки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Мадинахон Салимзода иброз дошт, ки дар давраи ҳисоботии соли 2021 ба унвони Комиссия оид ба ҳуқуқи кўдаки шаҳру навоҳии вилоят 1705 аризаи хаттӣ, 2522 адад муроҷиати шифоҳӣ, 1663 мактуб ворид гашта, дар 157 ҷаласаи комиссия мавриди муҳокимаву баррасӣ қарор дода шуд. Тибқи қарори раисони шаҳру ноҳияҳо 118 нафар кўдак ба васоят ва 76 нафар ба парасторӣ гирифта шуданд. Дар асоси ҳалномаҳои судӣ 319 кўдак ба фарзандхонӣ қабул шуданд. Айни ҳол дар ҳудуди вилоят 442 нафар кўдаки ятими кулл, аз онҳо 225 нафар духтар ба қайд гирифта шуда, мунтазам аз ҷониби масъулини Комиссия оид ба ҳуқуқи кўдаки шаҳру ноҳияҳо мавриди аёдат ва назорат қарор доранд.

Бо мақсади таҳти ҳимоя ва ғамхорӣ қарор додани кўдакон 14 нафар кўдаки дар вазъи ногувори зиндагӣ қарор дошта ва аз таҳсил дур монда барои офиятгардонӣ ба Муассисаи давлатии “Маркази солимгардонии норасоӣ ва ҳифзи кўдакон”-и шаҳри Хуҷанд аз шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Хуҷанд, Бўстон, Бобоҷон Ғафуров, Айнӣ, Зафаробод ва Ашт ҷойгир карда шуда, ба онҳо кўмакҳои равонӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ расонида шуда истодааст. Дар раванди ҷаласаҳои комиссия оид ба ҳуқуқи кўдак ба волидони ин кўдакон муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ба таври бояду шояд фаҳмонида шуд, - иброз дошт мавсуф. Инчунин, дар ҳудуди вилоят 14 муассисаи таълимии типи мактаб-интернат фаъолият мебарад, ки дар он 1296/431 нафар кўдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, аз ин шумора кўдакони имконияти маҳдуддошта 739 нафар, ятими кулл 26 нафар, 35 нафар бепарастор мебошад. Алҳол дар Муассисаи давлатии “Маркази дастгирии оила ва кўдак”- и шаҳри Хуҷанд 35 нафар кўдак тарбия гирифта истодаанд, ки аз ин шаш нафар кўдаки волидонашон дасткашида, 18 нафар тибқи қарори комиссия оид ба ҳуқуқи кўдак муваққатан ҷойгир карда шуда, як нафар дарёфтшуда мебошанд. Соли 2021- ум 16 нафар кўдак ба оилаи худ баргардонида ёздаҳ нафар ба фарзандхондӣ дода шуданд.

Дар назди Хонаи кўдаки шаҳри Хуҷанд дар асоси оинномаи муассиса тибқи иҷозатномаи маркази санитарӣ-эпидемиологии шаҳри Хуҷанд аз моҳи сентябри соли 2021-ум гурўҳи будубоши кўтоҳмуддат таъсис дода шуд, ки дар он 46 нафар кўдаки имконияти маҳдуддошта ба тавонбахшӣ фаро гирифта шуданд. Бо мақсади ошноӣ пайдо кардан аз вазъи таълиму тарбия ва шароити нигоҳубини кўдакони ятиму бепарастор МД “Маркази дастгирии оила ва кўдак”-и МИҲД-и шаҳри Хуҷанд, МД “Маркази дастгирии оила ва модар”- и шаҳри Истаравшан, МД “Мактабинтернат барои кўдакони ятим ва бепарастор”-и МИҲД-и вилояти Суғд дар шаҳри Бўстон ва “Мактаб-интернат”-и шаҳри Истаравшан мавриди омўзиш қарор дода шуда, ба масъулини соҳа бобати шартҳои дурусти нигоҳубин ва таълиму тадриси кўдакон тавсияҳо дода шуд. Дар соли 2021 Хадамоти огоҳонӣ, пешгирӣ ва ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд тибқи нақшаи ҳамкорӣ бо Комиссия оид ба ҳуқуқи кўдаки шаҳру навоҳии вилоят 2209 амалиёти муштарак доир намуд.

Ҳамчунин, қайд гардид, ки баҳри дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 –уми феврали соли 2017-ум №835 “Дар бораи андешидани тадбирҳои иловагӣ оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” имрўзҳо дар 18 шаҳру навоҳии вилоят 1530 комиссияи ҷамъиятӣ таъсис дода шуда, аз ин шумора 137 адад дар сатҳи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ва 1169 адад дар назди муассисаҳои таълимӣ мебошад. Комиссияҳои ҷамъиятӣ фаъолияти худро тибқи Низомнома ва нақшаи корӣ ба роҳ монда, баҳри иҷрои нақшаҳои корӣ дар самти татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” тадбирҳои муассир андешида шуда истодааст. Дар заминаи ин тадбирҳо ҷаласаҳои комиссияи ҷамъиятӣ баргузор гардида, 942 қарори дахлдор қабул гардид. Аз ҷониби комиссияҳои ҷамъиятӣ дар байни аҳолӣ 1819 чорабинии тарғиботиву ташвиқотӣ бобати муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” доир гардид. Тибқи нақшаи кории комиссия оид ба ҳуқуқи кўдаки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади расонидани ёрии методӣ фаъолияти комиссия оид ба ҳуқуқи кўдак ва комиссияҳои ҷамъиятии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Бўстон, Гулистон ва Истаравшан мавриди омўзиш қарор дода шуд.

Ба масъулини комиссияҳо баҳри ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва беҳтар намудани кор дар самти ошкор, ҷо ба ҷокунии кўдакон ва таъмини ҳуқуқу манфиатҳои онҳо дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёт таклифу пешниҳодот дода шуд. Комиссияҳои ҷамъиятӣ бо мақсади таъмини ҳуқуқу манфиатҳои кўдакон дар ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаёт, пешгирии ҳолатҳои зўроварӣ дар оила нисбат ба кўдакон ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” фаъолияти пурсамар бурда истодаанд. Комиссия оид ба ҳуқуқи кўдаки назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо мақсади татбиқи “Барномаи миллии пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон барои солҳои 2020-2024”, баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ, ҷиноятсодиркунӣ, шомилшавӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ва дигар падидаҳои номатлуб дар байни ноболиғон, мунтазам бо иштироки хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва аҳолӣ корҳои тарғиботиву ташвиқотиро ба роҳ мондааст. Дар заминаи ин тадбирҳо бо мақсади ба шуғл фарогирии кўдакон ва пешгирии ҳама гуна зуҳуроти номатлуб дар байни ноболиғон имрўз дар ҳудуди вилоят 28 марказҳои таҳсилоти иловагӣ, 1861 маҳфил бо фарогирии 24000 кўдак фаъолият мебаранд.

Қобили зикр аст, ки тибқи “Барнома оид ба ислоҳоти низоми адолати судӣ нисбати кўдакон барои солҳои 2017- 2021” ва бо мақсади такроран содир накардани ҷиноят наздик ба 16 маҳфилҳои марказҳои таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Панҷакент, Конибодом, Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кўдакон ҷалб шудаанд. Комиссия оид ба ҳуқуқи кўдаки назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, минбаъд низ бо мақсади беҳдошти ҳаёти кўдакон нақша – чорабиниҳои худро вусъат бахшида, баҳри дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», “Барномаи миллии пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон барои солҳои 2020-2024” ва ташкили чорабиниҳои пешгирикунандаи ҳолатҳои беназоратии ноболиғон, қонуншиканӣ ва дигар падидаҳои номатлуб дар байни наврасон, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо дар ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаёт ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти дахлдор, чораҳои мушаххас хоҳад андешид, - иброз дошт Мадинахон Салимзода. Мақсади қонуни мазкур пурзўр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд баҳри дар рўҳияи инсондўстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ ба воя расонидани фарзанд, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзанд мебошад.

Шаҳноза ҲОМИДОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh