Маросими супоридани гувоҳнома ба​ иштирокчиёни ҳафтаи идоракунӣ

23 майи соли 2022 дар доираи чорабиниҳои Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар толори қабули расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят маросими супоридани гувоҳнома ба иштирокчиёни ҳафтаи идоракунӣ баргузор гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар суҳбат бо иштирокчиёни Ҳафтаи идоракунии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таъкид кард, ки таваҷҷўҳ ба фаъолияти ҷавонон ва татбиқи муваффақонаи сиёсати давлатии ҷавонон имрўз яке аз муҳимтарин самтҳои сиёсати Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб ёфта, ба фаъолияти ҷавонон, бахусус донишҷўёну магистрантон ва аспирантон дар қаламрави кишвар эътибори бештар зоҳир гардида, иқтидор ва имкониятҳои онҳо барои пешрафти ҷомеа босамар истифода мегардад. Муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии вилоят рисолати аслии хешро баҳри мусоидат ба рушди маърифатнокии ҷомеа, тарбияи шахсиятҳои бузург, арбобони давлативу сиёсӣ, ходимони ҷамъиятӣ, олимону адибон нигаронида, соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакатро бо мутахассисони дорои касбу кори гуногун таъмин менамоянд.

Бо назардошти ин, ҳамасола баҳри боз ҳам вусъат бахшидани корҳо дар самти тарбияи кадрҳои роҳбарикунанда Қарори Раиси вилоят дар бораи Ҳафтаи иштироки донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар идоракунии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба тавсиб расонида шуда, ба ҷавонони болаёқат имконият фароҳам оварда мешавад, ки дар идоракунии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бевосита ширкат намоянд.

Таъкид карда шуд, ки аз байни 134 нафар иштирокчиёни озмун барои интихоби ҷавонон ҷиҳати иштирок дар ҳафтаи идоракунӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят танҳо ба 40 нафар муяссар гардид, ки давоми як ҳафта дар вазифаҳои гуногуни роҳбарӣ, аз муовинони Раиси вилоят то ба мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи Раиси вилоят ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят иштирок намоянд. Раиси вилоят ҳамзамон иброз дошт, ки бо назардошти эълон гардидани “Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” донишҷӯён бояд дар омўзиш ва аз худ кардани илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ зиёдтар таваҷҷўҳ намоянд, зеро улуми дақиқ барои тавсеаи тафаккури техникии ҷавонон ва ба талаботи замони муосири ба илму технологияи замонавӣ асосёфта мутобиқ тарбия намудани онҳо хеле зарур мебошад. Изҳори боварӣ карда шуд, ки донишҷўён ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро амиқ эҳсос намуда, дар замони рушди босуръати илму техника ба азхудкунии технологияи муосир, ташаккули фарҳанги техникии ҷомеа, омўхтану истифода кардани дастовардҳои илм аҳамияти хоса дода, бо маърифати баланд, кўшишу талошҳои пайгирона ва эҳсоси баланди ватандўстию меҳанпарастӣ дар пешрафти кишвари соҳибистиқлоламон саҳми арзанда хоҳанд гузошт.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh