Аёдати собиқадорони меҳнат дар шаҳри Хуҷанд

18 август Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд чанде аз собиқадорони соҳаҳои маорифу тандурустиро аёдат кард.

Раиси вилоят аз ҷумла аз ҳоли собиқадори соҳаи маориф Рафоат Раҳимова, собиқадорони соҳаи тандурустӣ Латофат Раҷабова, Фазилат Эргашева, Юсуф Ҷабборов хабар гирифта, ба онҳо кӯмакҳои моддӣ расонид.

Зимни суҳбат бо собиқадорон роҳбари вилоят таъкид кард, ки бо дастгириҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаҳои гуногун, аз ҷумла маорифу тандурустӣ таъмин гардида, барои фаъолияти муаллимону табибон шароитҳои хуби корӣ фароҳам оварда шудааст. Дар партави дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат ҳамасола дар вилоят даҳҳо иншооти маорифу тандурустӣ бунёд гардида, мутахассисони ҷавон аз дастгириҳои давлатӣ бархурдор ҳастанд.

Қайд карда шуд, ки меҳнатҳои содиқонаи собиқадорон мунтазам қадр гардида, кору пайкори  шахсиятҳои пешсафи ҷомеа намунаи ибрат барои наслҳои оянда аст.

Собиқадорони меҳнат барои ғамхориҳои доимӣ ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории худро баён дошта, таъкид карданд, ки дар тарбияи кадрҳои ҷавон саҳми худро мегузоранд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh