Бунёди кӯдакистони замонавӣ дар деҳаи Нурободи ноҳияи Деваштич

Дар деҳаи Нурободи ноҳияи Деваштич бо иқдоми соҳибкори маҳаллӣ кӯдакистоне бунёд гардид, ки дар он 100 нафар хурдсолон ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дирӯз ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва муҷаҳҳазсозии кӯдакистонро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.

Иттилоъ дода шуд, ки кӯдакистон дар доираи корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Абдусамад Соҳибов бо харҷи беш аз 1,5 миллион сомонӣ сохта шуд.

Иншоот аз ду ошёна иборат буда, дар чор гурӯҳ 100 нафар ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, 15 нафар соҳиби ҷойи корӣ мегарданд.

Дар шафати кӯдакистон ҳамзамон тарабхона барои гузаронидани тӯйу маъракаҳо ва як ошхона барои аҳолӣ бунёд шуда, бо ташаббуси соҳибкор ҳудуди иншоот ободу зебо гардонида хоҳад шуд.

Раиси вилоят барои анҷоми корҳои ободонӣ ва бунёди иншооти барои мардум зарурӣ ба соҳибкор изҳори сипос карда, сохтмони чунин биноҳои замонавиро дар деҳоти ноҳия талаботи рӯз арзёбӣ намуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh