МАШҚУ ТАЪЛИМ ҲАР ДУ МЕБОЯД...

Қаҳрамони олимпиадаи “Tееnеaglе” ё чӣ гуна хонандаи тоҷик забони англисиро тез ёд гирифт?

Чанде пеш Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро ба ғолибони олимпиадаҳои байналмилалии фаннӣ мукофотпулии яквақтаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғдро супорида, даъват карданд, ки минбаъд низ бо баҳои аъло таҳсил карда, Парчами Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар арсаи байналмилалӣ парафшон созанд. Аз ҷумла, Фирӯза Абдуллоева – хонандаи Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд соҳиби мукофотпулӣ гардид.

Фирӯза Абдуллоева дар олимпиадаи байналмилалии “Tееnеaglе” аз фанни забони англисӣ, ки дар Донишгоҳи Оксфорди шаҳри Лондон доир шуд, ширкат варзида, соҳиби ҷоми “Уқоби тиллоӣ” ва медали тилло гардида буд. Ӯ дар гурӯҳи хонандагони синфҳои болоӣ холи баландтаринро соҳиб шуда, қаҳрамони олимпиадаи байналмилалӣ дониста шуд. Олимпиадаи байналмилалии «Tееnеaglе» аз фанни забони англисӣ, аз 31уми июл то 7 уми август дар шаҳри Лондони Британиёи Кабир баргузор шуд. Дар он зиёда аз 400 нафар хонанда аз 300 муассисаи таълимии дунё ва 27 кишвари олам ширкат варзиданд. Дар озмун хонандагони мактабҳои вилояти Суғд, аз ҷумла муассисаҳои таълимии Хуҷанд, Истаравшан, Зафаробод, Бӯстон дар бахшҳои гуногун, дар маҷмӯъ, 13 медал ба даст оварданд. Намояндагони Тоҷикистон бо дастоварди беназир мақоми аввал, Озарбойҷон мақоми дувум ва кишварҳои Камбоҷаву Бангладеш мақоми сеюмро ишғол намуданд. Фирӯза Абдуллоева дар баробари омӯзиши доимӣ боз беш аз як моҳ ба олимпиадаи “Tееnеaglе” омодагӣ дида буд, аз ин лиҳоз, ҳама бахшҳоро бомувафақият гузашт.

Олимпиада аз 4 бахш иборат буд, аз ҷумла “Knowlеdgе quiz” – викторина оид ба дониш, суханронӣ (ҷавоб додан ба як саволи тасодуфӣ дар назди 4 муаллим), навиштани иншо ва донистани қоидаҳои имло.

Ҳамсуҳбати мо қабл аз ба Лондон рафтан дар даври аввал тариқи онлайн ба маҷмӯи саволҳои тестӣ ҷавоб дода буд. Дар бахши якуми даври асосии озмун саволҳои нисбатан мушкилтар пешниҳод шуд. Аммо хонандаи муваффақ ҳаракат кард, ки аз маҷмӯи маводи хондааш ба саволҳо посухи дуруст диҳад. Вай аз рафти олимпиада нақл кард:

Саволи тасодуфие, ки аз қуттичаи саволҳо гирифтам, чунин буд: “Ба фикри Шумо, сафар кардану ҷаҳонро дидан ба ҳаёти шахсӣ чӣ гуна таъсир мерасонад?”.

Дар назди 4 муаллим нотарсида фикрамро баён кардам: “Одам бояд саёҳат кунад ва аз пайи орзуҳои худ бошад, зеро орзуҳо моро қавӣ мегардонанд, ё водор мекунанд, ки корҳои ғайриимконро анҷом диҳему уфуқҳои нав кашф намоем. Барои ҷоннок шудани фикр аз романи “Aлхимик” – и нависандаи бразилӣ Пауло Коэло мисол овардам. Қаҳрамони ин асар ба орзуҳояш содиқ мемонад ва дар охири сафар мукофотонида мешавад. Барои ба муроди дил расидан аз ҳеҷ душвории сари роҳ наметарсад. Тоҷири булӯр ном персонажро ҳам мисол овардам, зеро аз тарси ба вуҷуд омадани тағйирот дар зиндагӣ ба орзуи бузургтаринаш – зиёрати Макка нарасид. Дар охир гуфтам, ки шахс бояд сафар кунад, ҷойҳои навро бубинад ва аз пайи амалишавии орзуҳо бошад.

Фирӯза Абдулоева аз он хурсанд аст, ки ба воситаи озмун ба Британияи Кабир рафт ва дӯстони зиёде пайдо кард. Зимни сайри кӯчаҳои шаҳри Лондон бо ҳамсолони хориҷияш ҳамсуҳбат шуд ва дар бораи зодгоҳ, ҳаёти мактабӣ, интизорӣ аз озмун ва нақшаҳои оянда гуфтугӯ намуд.

 ‐Лаҳзае, ки ба дастам ҷоми “Уқоби тиллоӣ” ва медали тиллоро супориданд, зери бори ҳаяҷон мондам. Аз таҳти дил шодӣ кардам, чун пас аз ин шогирди ҳақиқии муаллимон ва фарзанди бовафои волидон будани худро исбот карда тавонистам. Дар айни маросими ҷоизасупорӣ Парчами миллиро ба китфони худ гузоштам. Фикр мекунам, ки ҳар кас агар кӯшишу ғайрат кунад, сарфи назар аз касбу кор боиси ифтихори ҳамагон гардида метавонистааст, – иброз дошт духтарак.

Фирӯза бештар фанҳои алгебра ва биологияро дӯст медорад. Аз синфҳои поёнӣ дар озмунҳои фаннӣ ширкат меварзад. Ҳамзамон, дар дили кӯчак ҳаваси омӯзиши забонҳои хориҷиро мепарварад. Дар самти забономӯзӣ муаллимоне дорад, ки барои дар олимпиада омода шуданаш саҳм гузоштаанд. Қаҳрамони мо дар баробари эҳтироми хос нисбат ба муаллим доштан, боз китобро ҳам қадр мекунад. Аслан, беҳтарин муаллим китоб аст.

Барои хондани китобҳои илмӣ ва бадеӣ вақти зиёд сарф мекунам. Масалан, ёд дорам, ки омӯзиши ҷиддии забонро аз синфи 7 сар карда будам. То ба имрӯз беш аз 100 китоб бо забони англисӣ хондам. Соли равон 50 китоб хондам, ки “Thе 12 gifts of lifе” яке аз онҳост. Китоби мазкур хеле муасссир буд ва аз он боз калимаю ибораҳои нав омӯхтам. Фирӯза то синфи 7 дар гимназияи №1 – и шаҳри Истравшан таҳсил кардааст. Дар он ҷо фақат аз рӯйи барномаи мактабӣ забони англисиро меомӯхт. Фикр мекардам, ки сатҳи забондониям дар сатҳи зарурӣ аст. Аммо соли 2018 толибилми Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд шудаму фаҳмидам, ки лаёқати забондониям хеле суст аст.

Дар мактаби нав қариб ҳамаи хонандагон забони англисиро хуб медонистанд. Маҳз дар муҳити литсей ба забономӯзӣ ҷиддӣ пардохтам. Китобҳои гуногуне, ки барои омӯзиши забон муҳайё буданд, ҳамарӯза истифода бурдам. Фирӯза усули ба худ хоси омӯзиши забони англисиро доштааст ва ба дигар ҳамсолон низ тавсия медиҳад: “Дар аввал бисёр луғат аз ёд кардам ва баъдан ба хондани китобҳо бо забони англисӣ шуруъ намудам. Ҳангоми хондани китоб ҳар калимаи ба худам навро навишта мегирифтам ва тарҷумаи онро ёфта, дар дафтарчаам қайд мекардам. Аз ҳар китоб то 100 – 300 калимаи навро пайдо мекардам. Пас аз он ки фонди луғавиам беҳтар шуд, ба муошират оғоз кардам. Бояд гӯям, ки хондани асарҳои бадеӣ ва аз худ кардани қоидаҳои имло сабаб шуд, ки забонро тезтар аз худ кунам. Фақат бо роҳи муошират кардан забонро ёд гирифтан дуруст нест”. Ман нисбат ба омӯзиши илмҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла психология ва ҷомеашиносӣ шавқ дорам. Аз ин рӯ, психологияро ҳамчун ихтисоси аввалин ва тиҷоратро ҳамчун ихтисоси дуюм интихоб мекунам. Падару модарам тоҷир мебошанд. Онҳо дар таълиму тарбияи ман ва бародаронам ҳеҷ чизро дареғ намедоранд.

Бародарам – Баҳриддин баъди хатми литсей таҳсилро дар яке аз донишгоҳҳои кишвари Лаҳистон давом медиҳад. Ману додарчаам – Муҳаммад ҳоло хонандаи литсей ҳастем. Ҳамеша кӯшиш мекунем, ки волидон дар бораи мо аз муаллимон ва нафарони дигар суханони беҳтарин шунаванд, – қотеъона мегӯяд Фирӯза.

Файзуллохон ОБИДОВ,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh