КАФИЛИ РУШДИ МАЪНАВИЁТИ БАШАР
- Details
- Published on Wednesday, 19 October 2022 15:25
Дар ҷомеаи мутамаддин ва рушдёфта мактабу мориф нақши калидӣ ва созандаро касб менамояд. Аз пешрафти соҳаи маориф таълиму тарбия, дараҷаи зеҳнию ақлонии ҳар як кишвар рушду такомул меёбад. Вақте соҳаи маориф пеш меравад мутахассисони баландихтисос омода гашта метавонанд рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварро таъмин намоянд.
Аз мактабу маориф на танҳо мутахассисони касбӣ омода мегардад, балки ояндаи мамлакат низ танзи мешавад. Ин аст, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф диққати хоса зоҳир намуда рушди онро дар меҳвари сиёсати худ қарор додаанд.
Дар соҳаи маориф сол ба сол пешравиву дастовардҳои назаррас мушоҳида мешаванд. Яке аз чунин пешравиҳо дар самти маориф ин афзудани муҳасилини мактаб ва ҷалби онҳо ба зинаи сеюми таҳсил мебошад. Дар ин бобат бо масъулони Раёсати маорифи вилояти Суғд ҳамсуҳбат шудем. Тавре иттилоъ доданд ба зинаи сеюми таҳсил нисбат ба солҳои пеш хонандагон бештар шуда истодаанд. Аз ҷумла дар соли таҳсили 20222023 дар муассисаҳои шаҳру навоҳӣ ва деҳоти вилоят синфи 9‐умро 42 ҳазору 867 хатм намуда, 32 ҳазору 998 нафарашон ба синфи 10‐ум қабул гардиданд. Ба зинаи сеюми таҳсил на танҳо мактаб, балки муассисаҳои касбӣ техникӣ, коллеҷҳо, муассисаҳои гуногуни касбу ҳунаромӯзӣ низ шомил мешаванд.
Бо дарназардошти шумораи хатмкардагон ба зинаи сеюми таҳсил 36 ҳазору 779 нафар фаро гирифта шуданд. Мутаассифона, дар як қатор деҳоти дурдасти кишвар волидайнашон зарурат намебинанд, ки духтарон идомаи таҳсил кунанд.
Дар вилоят ба шумораи ба зинаи сеюми таҳсил ҷалбшудагон 85, 8 фоизро ташкил медиҳад. Аз ҷумла нишондиҳандаҳои шаҳри Истиқлол (51 фоиз), ноҳияи Деваштич (78), ноҳияи Конибодом (80,3), Мастчоҳ (80,5), Ҷаббор Расулов (83,7), Ашт (82,2 фисад) дар ҳудуди вилоят нисбатан паст арзёбӣ мегардад. Вобаста ба ин вазъ бояд сохтор ва мақомотҳои дахлдори вилоят чораҳои заруриро ба роҳ монда корҳои ташвиқотию тарғиботиро барои идомаи таҳсил пурзӯр намоянд.
Махсусан фаро гирифтани духтарон ба зинаи сеюми таҳсил асоси мақсад аст. Чун ҷалби бештари духтарон ба таҳсил дар мадди назари давлату Ҳукумат қарор дорад. Хушбахтона ин муаммо нисбат ба солҳои охир кам гардидааст. Масалан, дар ноҳияҳои дурдасти вилоят аз ҷумла ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ (100 фоиз), Айнӣ (92), Исфара (86,9 фисад) собит месозанд, ки бештари духтарон ба идомаи таҳсил дар синфи 10ум фаро гирифта шудаанд. Пӯшида нест, ки дар панҷ даҳсолаи қабл чунин нишондиҳанда дар Кӯҳистони Масчоҳ ба назар намерасид. Ҳоло бошад, аз 330 нафар хатмкардагони синфи 9 ҳамаашон пурра ба синфи даҳум қабул гаштанд аз ҷумла духтарон. Махсусан ҷалби духтарон ба зинаи сеюми таҳсил боиси ташаккули маънавиёти насли навин мегардад. Ин аст, ки Сарвари давлат дар ҳар баромадашон аз таҳсил ва бо касбу ҳунар фаро гирифта шудани духтарон дастуру супоришҳои зарурӣ медиҳанд.
Раёсати маорифи вилоят дар ҳамкорӣ бо раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳия барои боз ҳам пурра фарогирии хатмкунандагони синфи 9 ба зинаи сеюми таҳсилот чораҳои заруриро амалӣ намуда истодааст. Бо якҷоягии директорни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру навоҳии вилоя, раисони маҳаллаву фаъолон корҳои ташвиқотию фаҳмондадиҳиро амалӣ менамояд. Тибқи маълумоти бадастомада бо сабабҳои дохил шудан ба марказҳои омӯзишӣ, литсейҳои касбӣ техникӣ, омӯхтани касбу ҳунар, муҳоҷират ҳамроҳи хонавода маъмулан баъди хатми синфи нуҳ зинаи сеюми таҳсилро идома намедиҳанд.
Боиси қайд аст, Раёсати маорифи вилоят тарғиби идомаи таҳсил ва чораҳои судбахшро баҳри болоравии маънавиёти насли наврас ба зинаи сеюми таҳсил мунтазам ба роҳ мондааст.
Суман ҲОМИДОВА,
«Ҳақиқати Суғд»