ҒИЗОИ МАКТАБӢ - ОМИЛИ РУШДИ ЗЕҲНИИ ХОНАНДАГОН
- Details
- Published on Friday, 21 October 2022 16:46
«Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022‐2027 дар асоси Стратегияи рушди устувори ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2027, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 уми сентябри соли 2017, №456 бо мақсади амалӣ гардонидани механизмҳои самараноки таъмини амнияти озуқаворӣ, муҳайё намудани шароити мусоид барои нигаҳдорӣ ва беҳтар намудани саломатии аҳолӣ, такмили натиҷаҳои таълимии хонандагон бо роҳи рушди устувори ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи иҷтимоӣ ва беҳтар намудани иштироки хонандагон дар раванди таҳсилот таҳия гардидааст».
Дар толори меҳмонхонаи “Суғдиён” ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ оид ба ғизои мактабӣ баргузор шуд. Дар кори ҷаласа намояндагон аз Вазорати тандурстӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намоянда аз Вазорати молия, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзӣ, ҳамчунин намояндагони БОҶ СММ дар Тоҷикистон ва Шӯрои вилоятии ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ оид ба ғизои мактабӣ ва мудирони маорифи шаҳру навоҳии вилоят, аъзои шӯрои миллӣ иштирок намуданд.
Сараввал Шералӣ Раҳматуллоев ‐намояндаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, ҳамоҳангсози барномаҳои ғизоӣ дар ҷумҳурӣ иштирокдоронро муаррифӣ намуда, аз ҳифзи саломатии модару кӯдак ҳарф зад. Мавсуф иброз дошт, ки зиёда аз 43 фисади аҳолии кишварро кӯдакон ташкил медиҳанд. Ва сол ба сол аҳолии кишвар дар ҳоли афзоиш аст. Ба ин хотир ҳифзи саломатии онҳо дар мадди назар меистад. Номбурда ҳамчунин аз ғамхориву таваҷҷуҳи Президенти кишвар ба кӯдакон ва мактабу маориф ҳарф зад. Дар ҳамин замина иброз дошт, ки ғизои кӯдакон ва зиндагии беҳбудонаи насли оянда талаботи зарурӣ ба шумор меравад. Шералӣ Раҳматуллоев аз нарасидани ғизои мактабӣ қайд карда, иброз дошт, ки бояд хонандагони синфҳои якум то чоруми муассисаҳои миёна бо ғизои солим таъмин бошанд.
Гуфта шуд, ки айни замон дар ҷумҳурӣ 3911 муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият менамояд, ки аз онҳо 53,4 фоиз ошхона барои ташкили ғизои мактабӣ доранд. Инчунин ҷониби масъулони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ эрод гирифта шуд, ки дар баъзе мактабҳои шаҳру ноҳияҳо заминҳои бекорхобида ҳастанд. Чаро масъулини муассиса боғҳо ва заминҳои наздимактабиро барои беҳтар намудани ғизои мактабӣ самаранок истифода намекунанд. Доир ба ҳамин масъала фикру ақидаҳо матраҳ гардиданд. Сипас, сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Мадина Набизода баромад намуда аз ҳамкории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ ҳарф зад. Мавсуф қайд намуд, ки барномаи озуқавории ҷаҳонӣ дар муассисаҳои вилоят аз соли 1999 амал мекунад. Ҳар соли таҳсил шартнома байни барномаи озуқавории ҷаҳонӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баста мешавад, тибқи он ба муассисаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят маводи ғизоӣ тақсим карда мешавад.
Ҳамчунин, якчанд мушкилоти ҷойдошта аз ҷониби иштирокдорон матраҳ гардид, аз ҷумла набудани ошпаз, риоя нашудани гигиена дар ошхона, ҳоҷатхона ва дастшӯйҳои мактаб, набудани нақтаҳои тиббӣ дар муассисаҳои миёна ва нарасидани оби нӯшокӣ дар як қатор муассисаҳои миёнаи шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ. Ингуна камбудиҳои ҷойдошта мавриди муҳокима қарор дода шуд. Аз ҷониби намояндаи Вазорати молияи ҷумҳурӣ иброз гардид, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғизои мактабӣ 5,5 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардид. Он барои ғизои мактаббачаҳои синфҳои якуму чорум пешбинӣ гардида дар вилоятҳои Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Хатлон мавриди истифода қарор гирифт.
Ба мудирони шуъбаҳои маориф ва директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи вилояти Суғд аз ҷониби намояндагони Вазорати молия, Вазорати маориф ва илм муроҷиат шуд, ки сари вақт бояд аз он маблағҳое, ки барои озуқаи хонандагон ҷудо карда мешавад тариқи ҳуҷҷат ба даст оварда, барои ғизои хонандагон истифода кунанд. Бо ҳамин мазмун намояндагони Шӯрои вилоятии ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ оид ба ғизои мактабӣ, намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, аз камбудиҳо дар самти ғизои мактабӣ ва бартараф сохтани он андешаҳояшонро иброз намуданд. Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ оид ба ғизои мактаб бо саволу ҷавоб байни иштирокдорон ҳусни анҷом пазируфт.
Суман ҲОМИДОВА,
«Ҳақиқати Суғд»