МУҲАЙЁ КАРДАНИ ШАРОИТИ ХУБИ ТАЪЛИМУ ТАДРИС

Баробари фаро расидани фасли тирамоҳу зимистон дар тамоми муассисаву сохторҳои вилоят омодагӣ ба давраи зимистонгузаронӣ оғоз меёбад. Бино ба иттилои масъулини ситоди зимистонгузаронӣ дар буҷети вилоят барои соли 2022 ҷиҳати харид, захира намудани маводи сўхт ба маблағи умумии 18337,7 ҳазор сомонӣ хароҷот пешбинӣ шуда, 17974,2 ҳазор сомонии он барои хариди ангишт равона шудааст, ки ба соҳаи маориф 13260 ҳазор сомонӣ, нигаҳдории тандурустӣ – 4274,6 ҳазор сомонӣ, фарҳанг – 241,7 ва ба дигар соҳаҳои буҷетӣ 197,8 ҳазор сомонӣ, инчунин барои хариди ҳезуми сахт 363,5 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шуда, 324,4 ҳазор сомонии он ба соҳаи маориф, 30 ҳазор сомонӣ ба соҳаи нигаҳдории тандурустӣ, 5,6 ҳазор сомонӣ ба соҳаи фарҳанг ва 3,5 ҳазор сомонӣ ба дигар соҳаҳои буҷетӣ рост меояд.

Ҷоиз ба қайд аст, ки дар соҳаи маориф масъалаи мазкур ҳамеша дар мадди назари роҳбарияти вилоят қарор дорад, зеро дар фасли сармо муҳассилин бояд дар синфхонаҳои гарм бо таълим фаро гирифта шаванд. Имрўз дар муассисаҳои таҳсилоти вилоят омодагӣ дар кадом сатҳ қарор дорад? Барои давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022‐2023 дар муассисаҳои маорифи вилоят ба ангишт бо назардошти бақияи аввали мавсим 17674,9 тонна ва ҳезум 8256,7 метри мукааб талабот муайян шудааст.

Ба ҳолати якуми октябри соли 2022 дар муассисаҳои соҳаи маориф захираи ангишт бо назардошти бақия 17681 тонна (100 фоиз) ва ҳезум 8343,4 метри мукааб (101,1 фоиз) ро ташкил намудааст. Бино ба иттилои масъулини шуъбаи саноат ва энергетикаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ангишт ба шаҳру навоҳии вилоят аз “Кони ангишти “Фон Яғноб” и ноҳияи Айнӣ ба маблағи 350 сомонӣ барои як тонна ва ангишти “Кони Шўроб” и шаҳри Исфара ба маблағи 460 сомонӣ барои як тонна бе назардошти роҳкиро харидорӣ карда шудааст. Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов вобаста ба мавсими зимистонгузаронӣ корҳои мушаххас ба роҳ монда шудааст. Дар тамоми муассисаҳои таҳсилотӣ захираи ангишту ҳезум ва шишабандии тирезаҳо ба анҷом расонида шудааст.

Бино ба иттилои мудири шуъбаи маорифи ноҳия Н.Халифазода, фармоишу нақша чорабиниҳоро оид ба омодагии давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022 2023 омода намуда, то имрӯз муассисаҳои таълимии ноҳия аз рӯйи нақша 732 тонна ангишт, 295 метри мукааб ҳезум захира намуда, нақшаро 100 фоиз иҷро кардаанд. Ҳамчунин дар ноҳияи Мастчоҳ дар ин самт омодагӣ ба таври зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Бино ба иттилои муовини раиси ноҳияи Мастчоҳ Шавкат Солеҳиён, захираи маводи сўхт, аз ҷумла ангиштсанг, ҳезуми хушк, гази моеъ, сўзишвории дизелӣ ва ғайра, маводи ғизоӣ барои муассисаҳои буҷетӣ ва аҳолӣ (орд, равғани растанӣ, биринҷ, сабзавот, мевагиҳо ва ғайраҳо), захираи хошокиҳои дурушт барои чорвои ҷамъиятӣ ва сектори хусусии аҳолӣ ба нақша гирифта шуда, таъминоти он тибқи нақшаи пешбинишуда амалӣ шуда истодааст.

‐Дар соҳаи маорифи ноҳия 47 муассисаи таълимӣ ва 13 муассисаи томактабӣ мебошанд. Дар асоси нақша чорабинӣ дар соҳаи маориф нақшаи ангиштсанг 535,5 тонна буда, бақия аз мавсими гузашта 57,7 тонна мавҷуд буд. Барои харидории ангишстсанг ба миқдори 477,9 тонна бо нархи 1 сомонию 20 дирам ба ҶДММ “Некрӯз” шартнома баста, ба муассисаҳои таълимӣ то ба имрӯз 477,9 тонна ангишт ворид шуд, ки бо назардошти бақия аз мавсими гузашта 535,6 тоннаро ташкил медиҳад, ки аз рӯӣ нақшаи тасдиқшуда 100 фоизро дар бар мегирад.

Нақшаи ҳезум 283 метри мукааб, бақия аз мавсими гузашта 63 метри мукааб дар ҳамаи муассисаҳо бо пуррагӣ ҳезум захира шудааст. Сўзишвории дизелӣ 150 литр ва 97 метри кубӣ шишабандии тирезаҳо ба нақша гирифта шуда, ба пуррагӣ иҷро шудааст, ‐гуфт Шавкат Солеҳиён.

 Баҳри дар сатҳи баланд паси сар кардани давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022 2023 ситод ташкил гардида, ба ҳолати якуми октябри соли равон дар тамоми муассисаҳои таълимӣ ва муассисаҳои томактабӣ захираи ангишт, ҳезум ва сўзишвории дизелӣ ба пуррагӣ таъмин шудааст.

Дар ин давра толибилмон метавонанд, бе мушкилӣ бо таълиму тарбия фаро гирифта шаванд. Масъулин боварӣ доранд, ки зимистони солҳои 2022 – 2023 – ро хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабӣ бе мушкилӣ паси сар хоҳанд кард.

Шаҳбону ОЛИМОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh