Боздиди Раиси вилоят аз мактаби ба номи А.П. Чехов ва Мактаби Президентӣ
- Details
- Published on Wednesday, 23 November 2022 16:06
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолияти муассисаи таълимии Россия ва Тоҷикистон ба номи А.П.Чехов ва ҷараёни тадрис шинос шуд.
Нахуст аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Раиси вилояти Суғд, муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон китобҳои тозанашри «Сарвар, Президент, Пешво», «Эҳёгари Суғд» ва «Иҷлосия: Парвозгоҳи Пешвои миллат» ва нишони сарисинагии ҷашнии Иҷлосияи тақдирсоз ба роҳбарияти ин муассисаи таълимӣ тақдим гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки бо кўшишҳои пайгиронаи роҳбарияти олии ду давлат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин дар давоми се даҳсолаи охир ин ду кишвари дўст дар роҳи рушд ва таҳкими муносибатҳои шарикии стратегӣ, ки дар воқеъ имрӯз тамоми самтҳои асосии ҳамкориро фаро мегиранд, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд.
Дар рӯзномаи муносибатҳои Тоҷикистон ва Русия масъалаҳои вобаста ба густариши пайвастаи равобити гуманитарӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои маориф, илм ва фарҳанг мақоми хосса доранд. Тавсеаи минбаъдаи ҳамкории фарҳангӣ ва гуманитарӣ дар раванди мулоқоту тамосҳои доимӣ дар сатҳи олӣ ҳамеша мавриди баррасӣ қарор дорад. Дар давраи гузашта заминаи зарурии шартномавию ҳуқуқии бахшҳои таълимӣ ва илмию тадқиқотии муносибатҳоямон фароҳам оварда шуд. Дар сатҳи ҳукуматҳо, идораҳои соҳавӣ ва донишгоҳҳои ду кишвар зиёда аз дусад санад оид ба ҳамкории дуҷониба ба имзо расидааст, ки ҳамчун заминаи боэътимоди густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои маориф ва илм хизмат менамоянд.
Сипас, роҳбари вилоят аз Мактаби Президентӣ дар шаҳри Бӯстон боздид карда, ба ин муассисаи таълимӣ низ китобҳои тозанашри «Сарвар, Президент, Пешво», «Эҳёгари Суғд» ва «Иҷлосия: Парвозгоҳи Пешвои миллат» ва нишони сарисинагии ҷашнии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро супорид.
Дар суҳбат бо хонандагону омўзгорони муассиса Раҷаббой Аҳмадзода таъкид кард, ки толибилмон бояд аз имкониятҳои мавҷуда пурсамар истифода бурда, забонҳои хориҷиро дар сатҳи баланд азхуд намоянд ва дар оянда ҳамчун мутахассисони касбӣ ба халқу Ватан хизмат кунанд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд