ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ ХУБ АСТ?!

Тибқи қарори раиси шаҳри Хуҷанд, ки аз санаи 4‐уми майи соли 2022, таҳти №187 ба тавсиб расидааст, корҳои омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон бо маром ҷараён дорад. Баҳри амалигардонии қарори мазкур дар КД «Истифодабарии манзил»‐и соҳили росту чапи шаҳри Хуҷанд якқатор корҳо ба сомон расонида шуданд.

Мутобиқ ба дастури раиси шаҳр идораву ташкилот ва корхонаҳои шаҳр муваззаф гардидаанд, ки дар заминаи нақша чорабиниҳои тасдиқгардида, корҳои ободониву созандагиро равнақ бахшанд.

Аз тарафи ҷомеаи меҳнатии Корхонаи давлатии «Истифодабарии манзил»‐и соҳили росту чапи шаҳр ба корҳои ободонию бунёдкорӣ, аз он ҷумла, таъмиру таҷдиди боми хонаҳои баландошёна, тозаву озода нигоҳ доштани кӯчаву маҳаллаҳо вусъати тоза бахшида шуд.

Алҳол дар 7 кумитаи маҳалла ва 5 қитъаи корхонаи давлатии «Истифодабарии манзил»‐и соҳили рости шаҳри Хуҷанд ҷиҳати ободу зебо намудани кӯча, бино ва рангубор намудани биноҳои баландошёна мутобиқ ба талаби замон анҷом ёфта, таъмири бомҳои хонаҳои истиқоматӣ тибқи нақша‐3 ҳазор метри квадратӣ, иҷрои он 3 ҳазору 97 метри квадратӣ, шиферпӯш кардани бомҳо 10 дона, иҷроиш 130 дона, таъмири даромадгоҳҳо 40 адад, иҷро 48 адад, тоза кардани таҳхонаҳои биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ 120 адад, иҷроиш 120 адад, тоза кардани ҷӯйборҳо 1700 метр, иҷро 1870 метр, таъмири лифти одамкашон 4 адад, иҷро 6 адад, таъмири намои бино 5 адад, иҷро 9 адад, иваз кардани қубури оби ташноб 230 метр, иҷро 248 метр, оинабандии даромадгоҳҳо 120 метри квадратӣ, иҷроиш 120 метри квадратиро ташкил медиҳад. Аз иҷрои корҳои ба сомон расида, маълум мешавад, ки масъулини соҳа вазифаи бар дӯшашон гузошташударо сарбаландона иҷро карда истодаанд ва дар оянда корро боз ҷоннок хоҳанд кард.

Аз маълумоте, ки масъулини Корхонаи давлатии «Истифодабарии манзил»‐и соҳили чап пешниҳод кард, аён гардид, ки онҳо соли равон чунин корҳоро ба анҷом расонидаанд: таъмири бомҳои хонаҳои истиқоматии баландошёна бо толи эронӣ 2000 метри квадратӣ, иҷро 3192 метри квадратӣ, шиферпӯш кардани бомҳо 70 дона, иҷро 345 дона, таъмир ва иваз намудани қубурҳои обу ташноб 170 метр, иҷроиш 257 метр, таъмири даромадгоҳҳои биноҳои баландошёна тибқи нақша 30 адад, иҷро 47 адад, тоза кардани таҳхонаҳо 60 адад, иҷро 64 адад, тоза намудани ҷӯйбор 300 метр, иҷро 520 метр, оинабандии даромадгоҳҳо 60 метри квадратӣ, иҷро 68,8 метри квадратӣ мебошад.

‐Бояд гуфт, ки имрӯз аксари биноҳои истиқоматии баландошёна дар тавозуни корхонаи давлатии «Истифодабарии манзил»‐и соҳили рост ва чапи шаҳри Хуҷанд мавҷуд аст, ки нигоҳдошти зебои ин биноҳои шаҳр масъулияти дуҷонибаро талаб менамояд. Аз ин лиҳоз, бояд шаҳрвандон бо пардохти маблағи хизматрасонии техникӣ ва ё худ ба истилоҳ хонапулиҳо фаъол гардида, дар ободонии маҳалли зисти худ ва ё шаҳр ҳиссагузорӣ намоянд,‐мегўяд роҳбари корхонаи мазкур Шуҳрат Раҳимбоев.

Қайд кардан ба маврид аст, ки ин ҳама иқдомот дар заминаи татбиқи барномаҳои ободонию созандагӣ ва зебо гардонидани симои шаҳри бостонии Хуҷанд мегарданд. Меҳри Ватан дар қалби ҳар як шахси меҳанпараст бояд нақши абадӣ дошта бошад ва агар мо онро содиқона дӯст дорем, ҷиҳати ободонии он аҳлона заҳмат кашем ва барои пешрафташ хизмат кунем, маркази вилоятро боз ҳам обод ва барои мардум зиндагии шоистаро таъмин менамоем.

Нодир ТУРСУНЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh