Маросими қадршиносии ғолибони озмунҳои «Донишҷӯи сол – 2022» ва «Ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилоят»

21 декабри соли 2022 дар толори қабули расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд маросими қадршиносии ғолибони озмунҳои «Донишҷӯи сол – 2022» ва «Ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилоят» баргузор гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни иштирок дар чорабинӣ иброз дошт, ки дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақшаҳои дурбинонаи Ҳукумати кишвар дар самти ташаккул додани афкори созанда дар зеҳни ҷавонон, рушд бахшидан ва татбиқи илми пешрафтаи замони муосир мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят пайваста кўшиш мекунад, то фазои мусоидро барои ҳамаи наслҳо, бахусус насли ояндасоз фароҳам созад.

Боиси ифтихор аст, ки таваҷҷуҳ ба илму адаб, маънавиёту фарҳанг, рушди илму ҳунарҳои гуногун, аз ҷумла илмҳои дақиқ, забономўзӣ, китоб ва китобхонӣ, омўзиш ва аз худ намудани технологияҳои муосири замонавӣ ва ихтироъкорӣ дар байни насли ҷавон, тарбияи ҳисси зебоипарастӣ ва ба ин восита ташаккул додани донишу ҷаҳонбинӣ, парвариши эҳсоси хештаншиносӣ, тарбияи ватандўстии насли ояндасоз нишони барҷастаи ғамхории давлат барои такмили тафаккури аҳли ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Дар ин замина, баргузор гардидани озмунҳои «Донишҷўи сол - 2022», «Ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилоят» баёнгари бовариву эътимоди давлату миллат ба насли наврасу ҷавони кишвар буда, талошу кўшишҳои онҳо дар самти омўзиш ҳамаҷиҳата мавриди ғамхорӣ ва қадршиносӣ қарор мегирад.

Таъкид карда шуд, ки ҳадафи баргузории чунин озмунҳо, пеш аз ҳама дарёфти донишҷўёни беҳтарин, лаёқатманд, ташаббускор ва соҳибмаърифат буда, тибқи қарорҳои Раиси вилоят барои ғолибон дар ҳамаи озмунҳо мукофотҳои ҳавасмандгардонӣ пешбинӣ карда шуда, дар чорабинии имрўза супорида мешавад.

Аз ҷумла, бо мақсади дарёфти донишҷўёни беҳтарин, лаёқатманд, ташаббускор ва соҳибмаърифат қарори Раиси вилоят дар бораи озмуни вилоятии “Донишҷўи сол-2022” байни донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят баргузор гардида, беҳтаринҳо сазовори номи баланди “Донишҷўи сол-2022” гардиданд.

Қарори Раиси вилоят “Дар бораи гузаронидани озмуни ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилояти Суғд” бошад, бо мақсади рушду инкишофи ташаббускорӣ, ҳавасмандии фаъолияти ихтироъкорию навоварӣ, дарёфти истеъдодҳо дар соҳаи илм, истеҳсолот ва таъмини минбаъдаи пешрафти иҷтимоиёт ва иқтисодиёти вилоят  ба тасвиб расид, ки дар шароити азнавсозиҳои ҷамъиятӣ ва эълон гардидани солҳои 2022-2026 - “Солҳои рушди саноат” ба пешравии илму техника ва ҳавасманд намудани ташаббускорию фаъолияти ихтироъкорӣ ва навоварӣ дар байни ҷавонон мусоидат менамояд.

Зеро дар ҳар давру замон илм барои рушд ва такомули ҷомеаи инсонӣ мақоми шоиста дошта, сатҳ ва дараҷаи тараққиёти давлат ва пешрафти ҷомеа аз сатҳу сифати саводнокӣ ва маърифатнокии ҷомеа вобастагии калон дорад.

Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибони озмунҳо мукофотпулиҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят супорида шуд. Дар озмуни «Донишҷӯи  сол – 2022» аз рўи равияи фанҳои дақиқ байни донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят шахсони зерин ғолиб гардиданд:

  1. Мунирҷон Азимов – донишҷӯи курси 3-юми факултети технология ва низоми иттилоотии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд бо дипломи дараҷаи сеюм ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 1000 сомонӣ;
  2. Дилноза Рашидова - донишҷўи курси 3-юми факултети математикаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо дипломи дараҷаи дуюм ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 2000 сомонӣ;
  3. Меҳрангез Зоҳирова – донишҷӯи курси 3-юми факултети молия ва қарзи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд бо дипломи дараҷаи якум ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 3000 сомонӣ.

Аз рўи равияи фанҳои гуманитарӣ байни донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ шахсони зерин ғолиб шуданд:

  1. Маликабону Рӯзиматова – донишҷӯи курси 4-уми факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо дипломи дараҷаи сеюм ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 1000 сомонӣ;
  2. Сарвиноз Оқилова – донишҷӯи курси 3-юми факултети иқтисодиёт ва идора дар корхонаи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд бо дипломи дараҷаи дуюм ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 2000 сомонӣ;
  3. Ангубин Фарҳодӣ - донишҷӯи курси 2-юми факултети ҳифзи муҳандисии муҳити зисти Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, бо дипломи дараҷаи якум ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 3000 сомонӣ.

Байни донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ шахсони зерин ғолиб гардиданд:

  1. Рустамҷон Асрорқулов – донишҷўи курси 3-юми факултети кори табобатии Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи профессор Юсуфхон Исҳоқӣ бо дипломи дараҷаи сеюм ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 800 сомонӣ;
  2. Бисолеҳа Сулаймонова – донишҷӯи курси 2-юми факултети математикаи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд бо дипломи дараҷаи дуюм ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 1000 сомонӣ;
  3. Мусфира Исрофилова – донишҷӯи курси 3-юми факултети таҳсилоти ибтидоии Коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакент бо дипломи дараҷаи якум ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 2000 сомонӣ.

Ғолибони озмуни вилоятии “Ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилояти Суғд” ба тариқи зерин муайян ва бо туҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд:

Дар бахши ихтироъ ва навоварӣ Далер Қосимов – мудири озмоишгоҳи инноват-сионии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҷиҳати ихтирои «Тарзи сохтани қабатҳои равшанкунанда аз оксиди кремний» бо дипломи дараҷаи сеюм ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 1000 сомонӣ, Дилоромхон Муротова – докторанти соли 2-юми факултети биология ва химияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷиҳати ихтирои «Тарзи ҳосил кардани коагулянт аз гили коалин барои  тоза кардани оби ифлосшуда» бо дипломи дараҷаи дуюм ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 1500 сомонӣ,  Анӯшервон Поччоев  – муаллими калони кафедраи геология ва корҳои нафту гази Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҷиҳати ихтирои «Функсияи равандҳои гузаранда ва моделҳои гидродинамикаи усули пешгӯии равандҳои обёрии конҳои газ ва гази конденсат» бо дипломи дараҷаи якум ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 2000 сомонӣ;

Дар бахши модел ва конструксияҳо Ҳайдархӯҷа Сайдализода – донишҷўи курси 2-юми факултети кори дорусозии Муассисаи таълимии ғайридавлатии Коллеҷи тиббии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷиҳати ихтирои «Бехатарии ҷойи зист» бо дипломи дараҷаи сеюм ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 1000 сомонӣ, Ҷамшед Назаров – донишҷӯи курси 2-юми факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷиҳати ихтирои «Ҳавопаймои бесарнишин» бо дипломи дараҷаи дуюм ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 1500 сомонӣ,  Шоҳин Тоҷибоев – донишҷӯи курси 3-юми факултети электромеханикаи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҷиҳати ихтирои «Кафшернамоии металлҳо бо таҷҳизоти маҳлули намакдор» бо дипломи дараҷаи якум ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 2000 сомонӣ;

Дар бахши маҳсулоти барномавии технологияҳои иттилоотӣ Сӯҳробҷон Ғафуров ва Ҷаҳонгир Раҳмонов – донишҷўёни курси 4-уми ихтисоси таъмини барномавии технологияи иттилоотии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд ҷиҳати ихтирои «Коркарди таъминоти барномавии «Каталоги электронии бемориҳо» бо дипломи дараҷаи сеюм ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 1000 сомонӣ, Абдураззоқ Негматов – донишҷӯи курси 1-уми ихтисоси телекоммуникастия ва технологияҳои иттилоотии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷиҳати ихтирои «Замимаи мобилии «Равона» бо дипломи дараҷаи дуюм ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 1500 сомонӣ ва Нуруллохон Олимов – донишҷӯи курси 4-уми факултети телекоммуникастия ва технологияҳои иттилоотии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷиҳати ихтирои «Замимаи мобилии «Алифбо» бо дипломи дараҷаи якум ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 2000 сомонӣ.

Байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 9 нафар беҳтаринҳо бо диплому мукофотпулиҳо сарфароз гардонда шуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh