БОЗТОБИ ИЛМ ВА МАЪНАВИЯТ
- Details
- Published on Tuesday, 10 January 2023 16:39
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар партави сиёсати созандаву маънавибунёди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолият дошта, бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол намудани ҷашни фархундаи миллат‐35‐солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ободониву созандагӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, ба талабот ва меъёрҳои муосир мутобиқ гардонидани раванди таълим, вусъат бахшидан ба корҳои илмӣ‐тадқиқотӣ, густариши робитаи муштарак бо муассисаҳои таҳсилоти олии ватаниву хориҷӣ ва тақвият додани технологияҳои муосир дар ҷараёни таҳсил, тадбирҳои судмандеро роҳандозӣ намуд.
Хушбахтона, соли 2022 барои ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ ва таълимгирандагони он бобарор омад. Таҷлили ҷашни 90‐солагии донишгоҳ бошад, басо хотирмон буд. Дар мавриди роҳи тайкардаи донишгоҳ дар тӯли таърих суханҳо зиёданд. Перомуни дастоварду муваффақиятҳои донишгоҳи мазкур бо ректори донишгоҳ, доктори илмҳои таърих, профессор Усмонзода Аюб Ислом суҳбате оростем, ки онро манзури хонандагони рўзнома мегардонем.
‐Муҳтарам Аюб Усмонзода тавре шоҳидем Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз ҷониби Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қатори сегонаи беҳтарин донишгоҳҳои ҷумҳурӣ дохил гардид, ки ин яке аз рӯйдодҳои муҳими самти таълим маҳсуб меёбад. Мегуфтед, ки донишгоҳ ба ин дастоварди беҳтарин чӣ гуна ноил гардид?
‐Боиси сарфарозист, ки бо ҳидояту роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҷдати миллӣ‐Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз бахшидан ба сохтмони бинои замонавии нўҳошёнаи дорои 144 синфхона барои чаҳор ҳазор донишҷӯ ҳанўз оғози кор аст. Он дорои ҳафт толори лексионӣ, ду маҷлисгоҳи хурд ва 18 озмоишгоҳ буда, дар канори он кўдакистон, толори калони маҷлисгоҳ, ошхона, маҷмааи варзишӣ сохта, мавриди истифода дода мешавад. Ин мавзеъ ба як маҷмааи комили шаҳраки донишгоҳ табдил ёфта, тамоми биноҳои таълимӣ ба як маҷмааи муттаҳид ва комилу ягона қомат меафрозад. Ҷиҳати дар сатҳи баланди касбӣ тайёр намудани кадрҳои тахассусманди омўзгориву техникӣ факултети нави муҳандисӣ техникӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов таъсис дода шуд, ки аз татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлат дарак медиҳад. Афзун бар ин, кафедраҳои иттилоот ва технологияҳои робитавӣ, назарияи физика, лабораторияи методикаи таълими физика (механика ва физикаи молекулявӣ) ва ихтисосҳои системаҳои радифӣ ва рўизаминии алоқаи мобилӣ, таълими касбӣ (агромуҳандисӣ) ва биоэкология, забон ва адабиёти ўзбек, забон ва адабиёти рус, забони англисӣ, таълими касбӣ (энергетика), таҳсилоти ибтидоӣ, санъати тасвирӣ, эпидемиология таъсис ёфтанд, ки ҷавобгӯ ба меъёрҳои бозори меҳнат мебошад.
‐Мехостам, дар бораи ифтитоҳи як қатор лаборатория ва маркази тадқиқотӣ сухан гўед.
‐Соли гузашта дар ин самт бисёр тадбирҳо амалӣ гардиданд. Масалан, дар назди кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризм озмоишгоҳи таълимӣ таҳлилӣ ифтитоҳ гардид. Ин озмоишгоҳ дар доираи лоиҳаҳои “ТЕМПУС” ва “ЭРАСМУС+” бо як қатор таҷҳизоти замонавӣ (люксометр, барои чен кардани сатҳи равшанӣ, шумомер, барои чен кардани сатҳи овоз, таҷҳизот барои чен кардани шиддатнокии гармӣ, муайян кардани миқдори газҳои ҳавои атмосфера – аспиратор, чен кардани чангу ғубори ҳаво, ченкунии муҳити дохилии ҳамаи маҳлулҳо ва микроскопи “Биолам”) таъмин карда шуд.
Илова бар ин, дар доираи лоиҳаи байналмилалии “ERASMUS +” дар факултети биология ва химия маркази нави тадқиқотӣ таъсис ёфт. Марказ низ бо воситаҳои техникии муосир таҷҳизонида шуда, он барои магистрантони соҳаи тиб, экология ва ҳифзи муҳити зист пешбинӣ шудааст. Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ҷиҳати таъмини рушди ҳамкориҳо бо корхонаҳои истеҳсолӣ ҳавасманд буда, ҷиҳати таҳким ва вусъати муносибатҳои судманд тамоми тадбирҳои заруриро анҷом медиҳад. Дар факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои “Индиго‐Тоҷикистон”, “Телеком‐технолоҷӣ” ва “ТВ Оила” лабораторияи “Системаҳои ирсолӣ” мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ҳадаф аз ташкили лаборатория таҳкими фаъолият дар самти омода намудани мутахассисон дар соҳаи алоқаи барқӣ, аз ҷумла ширкатҳои мобилӣ, телевизион, радио ва интернет провайдерон маҳсуб меёбад.
‐Дар донишгоҳ ҷиҳати татбиқи Барномаи давлатии омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ чӣ корҳои муайяне ба анҷом расонида шудааст?
‐Дар назди Парки технологии донишгоҳ курсҳои омўзишии забонҳои русӣ ва англисӣ фаъолияташро ба роҳ мондааст, ки маҳз бо назардошти татбиқи барномаи мавриди назар мебошад.
Бо ташаббуси раёсати донишгоҳ миёни омўзгорон бо ҳамкории донишгоҳи Вятскийи Федератсияи Русия курсҳои кутоҳмуддати забономӯзӣ гузаронида шуд, ки дар он 126 устоди донишгоҳ, ки бо забони русӣ ва англисӣ дарс мегўянд, иштирок намуда, соҳиби сертификат гардиданд. Омўзгорони фанҳои забони русӣ ва англисӣ дар назди муассисаҳои олии кишвар, аз ҷумла донишгоҳи миллӣ аз такмили ихтисос гузаштанд, ки шумораи онҳо танҳо дар соли таҳсили 2021‐2022‐юм 68 нафар буда, аз рўи равияи фанҳои гуманитарӣ забони англисӣ ва русӣ дарс мегўянд. Аз ин теъдод 31 нафар тариқи онлайн, ки дар шаҳри Вятскийи ФР баргузор гардид, аз курсҳои бозомўзӣ гузаштанд.
Барномаҳои таълимӣ, комплекси таълимӣ‐методӣ ва слайдҳои таълимӣ барои фанҳои тадрисшаванда таҳия гардида, соли таҳсили 2022‐2023 таҷдиди назар шуданд. Барои инкишофи нутқи шифоҳӣ ва хаттии забонҳои русӣ ва англисӣ утоқҳои лингофонӣ дар факултетҳои филологияи рус ва забонҳои хориҷӣ вобаста шудааст, ки бо таҷҳизоти замонавии таълимӣ муҷаҳҳаз буда, ба шабакаи ягонаи интернет пайваст шудаанд. Дар факултети забонҳои хориҷӣ ва филологияи рус 4 кабинети лингофонӣ бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин шуданд, ки таъсиси онҳо маҳз баъди ироаи нутқи Пешвои миллат ҷараён гирифт. Ҳамчунин, дар факултетҳои дигари донишгоҳ таъсиси гурӯҳҳои таълимашон бо забонҳои русӣ ва англисӣ сурат гирифт ва айни ҳол теъдоди чунин гурӯҳҳои академӣ ба 36 то мерасад.
‐Таъмини сатҳу сифати таҳсилот яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти донишгоҳ маҳсуб мешавад. Чун донишгоҳи Шумо яке аз муассисаҳои бузурги илму маърифат дар қаламрави ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад, дар ин раванд чӣ тадбирҳо роҳандозӣ шуданд?
‐Бо мақсади баланд бардоштани сифати таҳсилот, санҷиши малака ва маҳорати устодон дар ҷодаи гузаронидани дарсҳои босифат тавассути усулҳои муосири таълим, истифода аз тарзу усулҳои фаъолу навгаро (инноватсионӣ), корбасти шаклҳои нави дарс ва ба ин васила, фаъол гардонидани раванди таълиму тадрис озмунҳои “Муаррифии беҳтарин”, “Тести беҳтарин”, “Кафедраи беҳтарин” “Факултети беҳтарин” ташкил ва гузаронида шуд. Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дар татбиқи барномаҳои давлатии солҳои “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ва солҳои 2022‐2026 «Солҳои рушди саноат» саҳми арзишманд мегузорад.
Дар робита ба ин донишгоҳ бо пешниҳоди барномаи ҷадиди “Системаи таҳсилоти фосилавӣ” соҳиби Шаҳодатномаи Маркази миллии патенту иттилоот гардид. Барномаи пешниҳодшуда, ба донишҷӯёни шуъбаи фосилавии донишгоҳ имкон медиҳад, ки бо маводи таълимӣ дастрас ва дар як вақт тариқи онлайн санҷишу имтиҳонҳояшонро супоранд. Дар барномаи системаи таҳсилоти фосилавии донишгоҳ маводи дарсӣ аз рӯи бахшҳо ҷойгир шуда, ҳар як донишҷӯ бо рамзи махсуси худ ворид ва аз он метавонад фаровон истифода намояд.
‐Давоми соли гузашта мо медонем, ки як қатор устодону олимони донишгоҳ бо назардошти фаъолияти пурсамарашон дар сатҳи илму маърифат, аз ҷумла нашри китобҳову дастурҳои таълимӣ ва тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси илмӣ бо мукофотҳои давлативу ҳизбӣ қадршиносӣ гардиданд. Нуктаву назари Шумо ба ин масъала чӣ гуна аст?
‐Дар раванди илм ва инноватсия давоми соли хониши 2021‐2022 як нафар бо медали Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ду нафар бо медали Хидмати шоиста, як нафар «Ордени Шараф» дараҷаи 2, ҳашт нафар бо Ифтихорномаи Раиси вилоят ва раиси шаҳри Хуҷанд, 13 нафар бо нишони сарисинагии “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон”, се нафар – Ҷоизаи вилоятии ба номи Камоли Хуҷандӣ, ду нафар‐Ҷоизаи вилоятии ба номи Бобоҷон Ғафуров, як нафар‐ҷоизаи ҲХДТ дар соҳаи адабиёт ба номи Абдуманнон Насриддинов сарфароз гардиданд. Яке аз самтҳои дигари раванди илм дар донишгоҳ фаъолияти нашрӣ ба шумор меравад. Дар соли тақвимии 2022 нақшаи осори нашршавандаи устодони донишгоҳ 464 номгӯ китобу дастур ва рисолаҳои илмиро дар бар гирифтааст, ки он дар асоси пешниҳоди садорати факултетҳо ва мудирони кафедраҳои умумидонишҳгоҳӣ таҳия гардида, аз ҷониби Шӯрои олимони донишгоҳ тасдиқ гардидааст. Дар донишгоҳ 509 нафар магистрант аз рӯи 26 ихтисос таҳсил намуда, ба 48 кафедраи тахассусии донишгоҳ вобаста карда шудаанд.
Дар самти таъсиси ихтисосҳои нав дар шуъбаи магистратура давоми соли ҷорӣ 4 ихтисос, аз рўи самтҳои математикаи амалӣ, иқтисодиёти ҷаҳон, эҷодиёти халқӣ ва санъати мусиқӣ таъсис ёфтанд. Дар шуъбаи докторантураи донишгоҳ айни ҳол 2 нафар докторанти низоми анъанавӣ, 126 унвонҷў, 100 нафар докторант (РhD) аз рӯи ихтисосҳои мухталиф бо корҳои илмӣ – тадқиқотӣ машғуланд. Маврид ба зикр аст, ки дар ин давра дар донишгоҳ 6 Шўрои диссертатсионӣ таъсис ёфтанд, ки падидаи хуби илмӣ ба шумор меравад. Дар давраи ҳисоботӣ 22 рисолаи номзадӣ ва 4 рисолаи докторӣ ҳимоя шуданд.
‐Дар мавриди озмунҳои ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм‐фурӯғи маърифат” ва инчунин “Тоҷикистон Ватани азизи ман” дастовардҳо чӣ гуна аст?
‐Дар заминаи татбиқи сиёсати пешгирифати давлату Ҳукумат дар Китобхонаи илмии донишгоҳ ду толори нави “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Илм фурӯғи маърифат” таъсис дода шуд, ки ҳадаф аз ин ибтикор тавсеаи самти хизматрасонии китобхона ва таъмини шароити арзанда барои иштирокчиёни озмунҳои ҷумҳуриявӣ маҳсуб меёбад. Толорҳои нав имкон медиҳанд, ки устодону донишҷӯёни донишгоҳ, ки дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ иштирок мекунанд, дар шароити мусоид ва таъмин бо адабиёти зарурӣ тайёрии пухта дида, нуфузи донишгоҳро дар сатҳи ҷумҳур баланд бардоранд. Ин аст, ки 215 нафар донишҷӯ ва магистрантони донишгоҳ дар озмунҳои гуногун иштирок намуда, ғолибият ба даст оварданд.
Аз ҷумла, дар даври донишгоҳӣ ва шаҳрии “Илм‐фурӯғи маърифат” 59 нафар, дар даври вилоятии ин озмун 21 нафар, “Фурӯғи субҳи доноӣ” 48 нафар, “Тоҷикистон Ватани азизи ман” 11 нафар (донишгоҳӣ ва шаҳрӣ), олимпиадаи донишҷӯёни МТОКҶТ ду нафар, озмуни ҷумҳуриявии “Донишҷӯ ва пешрафти илму техника” 12 нафар, олимпиадаи донишҷӯёни МТОКҶТ барои дарёфти “Ҷоми раёсати ДССХТ” 3 нафар ғолиб гардиданд. Дар Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” миёни муассисаҳои олӣ донишгоҳи мазкур бо касби панҷ ҷой ва панҷ мақоми ифтихорӣ сазовори мақоми аввал гардид.
‐Робитаҳои байналмилалӣ яке аз муҳимтарин шохаҳои фаъолияти донишгоҳ ба шумор меравад. Давоми соли сипарӣ ҳамкориҳои байналмилалии донишгоҳ оё таҳким ёфтаанд?
‐Феълан Донишгоҳи давлатии Хуҷанд бо зиёда аз 100 муассисаи таҳсилоти олӣ, пажӯҳишгоҳҳои илмӣ‐тадқиқотӣ ва таълимии мамолики хориҷ шартномаи ҳамкорӣ дорад. Дар ҳошияи шартномаҳои ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои хориҷӣ ба имзорасида, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид. Махсусан дар доираи ҳамкориҳо бо Донишгоҳи Лиаодонги Чин 22 нафар донишҷӯи донишгоҳ барандаи бурсияи пурраи “Омӯзгори забони чинӣ” гаштанд.
Дар асоси ҳамкориҳои муштарак такмили ихтисоси онлайнии омӯзгорон бо Донишгоҳи Вятски Федератсияи Русия дар масоили омӯзиши забони русӣ ва англисӣ мебошад, ки дар он беш аз 15 нафар ва дар дигар семинару конфронсҳои такмили ихтисос зиёда аз 10 нафар устодон, омӯзгорони ҷавон, аспирантон ва магистрантони донишгоҳ иштирок намуда, дар самти илмҳои ҷомеашиносӣ, забоншиносӣ, табиатшиносӣ, иқтисодӣ, технологияи иттилоотӣ, педагогика ва психология соҳиби шаҳодатномаҳо гардиданд. Дар ин давра намояндагони сафоратхонаҳои Япония, Фаронса, Россотрудничество, консулгариҳои Россия, Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон ба донишгоҳ ташриф оварданд, ки ҷиҳати таъмини рушди равобити байналмилалӣ заминаи мусоид гузошта шуд. Яке аз самти муҳими фаъолияти донишгоҳ густариши ҳамкориҳо бо барномаҳои кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо ERASMUS + ба шумор рафта, дар ин ҷода низ корҳои зиёде ба анҷом расонида шуд. Дар доираи ин лоиҳа дар донишгоҳ зиёда аз 10 марказ ва лабораторияҳо таъсис дода шуданд.
Дар фарҷоми суҳбат ҳамин нуктаро иброз доштаниям, ки имрўз ҷавонон аз ғамхориҳои роҳбарияти олии кишвар бархурдоранд. Аз ин рӯ мо‐омўзгоронро месазад, ба таълиму тарбияи ҷавонон таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем. Наслеро ба камол расонем, ки созандаву бунёдкор, дурандешу худшинос ва худогоҳу ҷомеасоз бошад. Бо пайравӣ аз Пешвои миллат обрўю нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон боз ҳам боло бардоранд. Ин рисолати бузургро давлату Ҳукумат ба мо бовар кардаанд ва ба ин эътимод сазовор бояд буд.
‐Барои суҳбати самимӣ арзи сипос менамоям.
‐Саломат бошед!
Суҳбаторо
Нодир ТУРСУНЗОДА
“Ҳақиқати Суғд”