МАРКАЗИ ТАҲСИЛОТИ ИЛОВАГӢ: РОҲ БА СЎИ ПЕШРАВИҲО

Дар тарбияю бакамолрасии кӯдакон, насли наврас ва ҷавонон дар баробари заҳмати беандозаи таълимдиҳандагону тарбиятгарони муассисаҳои таҳсилотӣ саҳми кормандони марказҳои таҳсилоти иловагӣ низ беҳудуд аст. Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд дарозои фаъолияташ тавонист шогирдонеро тарбия намояд, ки номбардори халқу ватан гашта, парчамбардори миллат бошанд. Марказ худ зодаи Истиқлолияти давлатӣ буда, дар ҳамдастӣ бо Раёсати маорифи вилоят фаъолияташро тариқи маҳфилҳо ба роҳ мондааст. Директори марказ Фирдавс Ашӯрматов ва роҳбарони маҳфил кӯшиш бар он доранд, ки толибилмон ҳар як дақиқаи вақти пурқимати худро сарфи меҳнати босамар намоянд, дар талоши илму дониш буда, дар ҷабҳаи интихобкардаи хеш дастболо гарданд. Барои ин меҳнати пайваста ва заҳмати шоиста ба ҳар як аъзои маҳфил мададрасон аст.

РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ

Мусаллам аст, ки бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ ҳанӯз соли 2018 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гашта буд.

Ҳамчунин эълон шудани солҳои 2019‐2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аз ҷониби Сарвари давлат кормандони Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғдро водор намуд, ки ҳамарӯза аъзои маҳфилҳоро ба мавзеъҳои таърихии ҳудуди шаҳру навоҳӣ баранд ва насли имрӯзро аз таъриху тамаддуни гузаштаву имрӯзаи бошукӯҳ, ҳунарҳои аҷдодӣ ва мероси гаронбаҳои гузаштагонамон бохабар созанд. Аз ин рӯ, ташкили саёҳати муташаккилонаи хонандагон ва аъзои маҳфилҳо ба макону мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ аз ҷониби Маркази таҳсилоти иловагии вилоят дар давраи таътили зимистона низ ба роҳ монда шудааст. Дар ин раванд, аъзои маҳфилҳои равияи техникии Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Хуҷанд аз Осорхонаи вилоятӣ дидан намуда, бо фаъолияти кории ин боргоҳ бохабар шуданд. Сайр ба ҷойҳои таърихии кишвар ба хотири шиносоии муҳассилин бо мавзеъҳои таърихӣ ва рушди сайёҳии дохилӣ таҳти унвони «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» мебошад.

«КИТОБХОНИ БЕҲТАРИН» ВА ОМОДАГӢ БА ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ

Озмуни вилоятии «Китобхони беҳтарин» таи панҷ сол аст, ки бо иқдоми Маркази таҳсилоти иловагии вилоят баргузор гардида, теъдоди иштирокчиёни он ҳамасола меафзояд. Хушбахтона, дар даврҳои мактабӣ, шаҳрӣ‐ноҳиявӣ ва вилоятии озмун беш аз 7 ҳазор хонандаи муассисаҳои таълимӣ ва аъзои маҳфилҳои Марказҳои таҳсилоти иловагӣ иштироки фаъол дошта, ғолибият ба даст меоранд ва ба озмуни ҷумҳуриявӣ роҳхат мегиранд.

Қобили тазаккур аст, ки «Китобхони беҳтарин» василаи хуби омода намудани дӯстдорони каломи бадеъ ба озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мебошад, ки теъдоди иштирокчиёну ғолибонаш ҳамасола меафзояд. «Китобхони беҳтарин» бо мақсади ҷалби хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва аъзои маҳфилҳои муассисаҳои таҳсилоти иловагии шаҳру навоҳии вилоят ба адабиёт, китобхонию китобдӯстӣ, бедор намудани ҳисси эҷодкорӣ, тарғиби ғояҳои ватандӯстона, ҷалби онҳо ба корҳои илмию тадқиқотӣ дар ҳамаи даврҳо дар озмоишгоҳи инноватсионии Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд баргузор мегардад.

Шоистаи қайд аст, ки имсол низ дар даври вилоятии озмун беш аз 40 ғолиби даври шаҳриву ноҳиявӣ аз рӯи се бахш: навиштани номи асарҳои хондашуда, муаллиф ва қаҳрамонони он, маънидоди ифоданокии шеър ё порчаи насрӣ ва шарҳи луғат аз рӯи ду категорияи синнусолӣ гузаронида шуд.

ҒОЛИБОНИ СПАРТАКИАДА

Ҳанӯз моҳи августи соли 2003 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи варзиши кӯдакон ва наврасон» аз ҷониби Роҳбари давлат ба имзо расида, қонуни мазкур муносибатҳоро дар соҳаи варзиши кӯдакон ва наврасони то синни 18ро дар мамлакат ба танзим медарорад.

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд дар давраи таътили зимистона дар Муассисаи давлатии таълимии «Мактаб барои хонандагони болаёқат» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров спартакиадаи мактабиёни вилоят аз намуди волейбол баргузор гардида, дар маҷмуъ 12 даста аз шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Истаравшан, Бӯстон, Гулистон, Исфара, Зафаробод, Конибодом, Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Деваштич, Ҷаббор Расулов, Спитамен ва Зафаробод иштирок доштанд. Дар даври финалии спартакиада дастаҳои хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулов бо ҳам рақобат дошта, дар фарҷом ғолибият насиби дастаи волейболбозони ноҳияи Ҷаббор Расулов гардид. Дар спартакиада мақоми дуюмро хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва ҷойи сеюмро волейболбозони ноҳияи Деваштич сазовор шуданд.

Ҳамчунин аз рӯи намуди тениси рӯи миз сабқати варзишгарони 11 дастаи шаҳру навоҳӣ: Хуҷанд, Истаравшан, Бӯстон, Гулистон, Конибодом, Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов ва Спитамену Мастчоҳ бо ҳам рақобат намуда, дар натиҷа варзишгарони хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд ба гирифтани ҷойи якум, дастаи варзишии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сазовори ҷойи дуюм ва тенисбозони ноҳияи Ҷаббор Расулов мақоми сеюмро сазовор шуданд.

Давоми таътили зимистона ҳамчунин баскетболбозони шаҳру навоҳӣ муаррифгари минтақаи худ гардида, дар спартакиада, ки дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 14‐уми ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид, байни худ сабқат намуданд. Спартакиадаи мактабиён бо иштироки 8 даста сурат гирифта, дар натиҷа дастаи хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар бозии финалӣ бо баскетболбозони ноҳияи Ҷаббор Расулов дастболо гардиданд.

Футбол чун яке аз намудҳои оммавитарини варзиш эътироф шуда, навъи муҳим барои инкишофи ҷисмониву маънавӣ ва тарбияи шахс, алалхусус дар байни наврасону ҷавонон ва инчунин ҷалби аҳолӣ ба тарбияи ҷисмонӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин раванд дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 61‐уми ноҳияи Бобоҷон Ғафуров спартакиадаи мактабиёни вилоят аз намуди футболи хурд баргузор гардид, ки варзишгарони 10 шаҳру навоҳӣ иштирок доштанд. Футболбозони шаҳрҳои Конибодому Исфара дар даври финалӣ бо ҳам рақобат намуда, дастаи варзишгари шаҳри Исфара бо ҳисоби 1:0 футболбозони шаҳри Конибодомро мағлуб намуданд. Агар дар спартакиадаи вилоятӣ футболбозони исфарагӣ мақоми аввалро соҳиб шуда бошанд, ҷойи дуюм насиби футболбозони конибодомӣ ва мақоми сеюм ба варзишгарони ноҳияи Ҷаббор Расулов насиб гардид.

ИХТИРОЪКОРӢ – МАҲАКИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛОТ

Вохӯрии аъзои маҳфилҳои Маркази таҳсилоти иловагии шаҳру нохияҳо бо олимону фозилон, мутафаккирону устодони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ба ҳукми анъана даромадааст. Ин иқдом дар марказ ҳамаҷиҳата дастгирӣ ёфта, давоми таътили зимистона аъзои маҳфил бо намояндаи Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҳамзамон Раиси Ассотсиатсияи соҳибкорони вилоят Абдураҳмон Ҳусейнов мулоқот доштанд.

«Ихтироъкорӣ – маҳаки рушди истеҳсолот» ном дошт номгӯи мавзӯе, ки дар вохӯрӣ мавриди баррасӣ ва муҳокима карор гирифт. Бояд гуфт, ки баргузории чунин вохӯриву мулоқоти судманд дар доираи иҷрои барномаи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» барои солҳои 2020 – 2040 сурат гирифта, барои тарбияю бакамолрасии кӯдакону наврасон саҳми назаррас мегузорад. Ҳамчунин барои ҷалби бештари аъзои маҳфил ба ихтироъкориву навоварӣ, татбиқи ихтироот дар истеҳсолот, иштироки фаъолона дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм ‐фурӯғи маърифат» чорабиниҳои судманд ва вохӯриҳои гуногун гузаронида мешаванд. Узви маҳфили авиамоделии Маркази таҳсилоти иловагии вилоят – ғолиби озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» дар соли 2022 аз бахши ихтироъкорӣ Дилшод Назаров дар бораи ихтирооти худ ва таассуроташ аз озмуни ҷумҳуриявӣ ибрози ақида намуда, баён дошт, ки кӯдакону наврасон аз болои худ пайваста корбарӣ намоянд, дар омӯхтани илму ҳунар кӯшиш ба харҷ диҳанд ва вақти худро зоеъ нагузаронанд.

Шоистаи қайд аст, ки иштирокдорон – ихтироъкорони ҷавони Марказҳои таҳсилоти иловагии шаҳру навоҳӣ, ки дар озмуни вилоятии «Ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилоят» ширкат доштанд, аз ҷониби Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо туҳфаҳои хотиравӣ тақдиронида шуданд.

ҲАР ОН КАС, КИ ШОҲНОМАХОНӢ КУНАД...

Давоми таътили зимистона ҳамчунин дар тамоми бахшҳои маркази таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳо чорабиниҳои гуногун, маҳфилҳои адабӣ, мулоқоту вохӯрии судманд гузаронида мешавад.

Ин навбат муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти иловагии шаҳри Конибодом барои иштирок дар озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳнома» хонӣ дар даври шаҳрии он байни ҳам қуввасанҷӣ намуданд. Дар он хонандагон бо иҷрои чор шарт: қироати ифоданоки порчаҳо, дарки маънии порчаҳои азхуднамуда, шарҳи луғат ва нақшофарӣ, ҳамчунин тасвири расми беҳтарин бо ҳам маҳорати суханварӣ дошта, ғолибон ба даври вилоятии озмун роҳхат гирифтанд.

ХАТТОТОНИ БЕҲТАРИН

Ташаббуси навбатии ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон доштани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» шоистаи дастгирӣ буда, маъмурияти Раёсати маорифи вилоят дар ҳамдастӣ бо Маркази таҳсилоти иловагии шаҳру навоҳӣ озмуни вилоятии «Хаттоти беҳтарин»‐ро баргузор намуд. Дар он ғолибони даври шаҳру навоҳӣ – аъзои зинаи «Ахтарон» ‐и Созмони хонандагон иштирок намуда, 38 нафар хонандаи синфҳои 1‐4 бо ҳусни хати зебо машқи қалам намуданд.

Дар ҷамъбаст маълум гардид, ки ҷойи аввал насиби се нафар – Ҳумайро Маҳмудова – хонандаи синфи 4‐уми Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 7‐уми шаҳри Исфара, Суман Мадалиева хонандаи синфи 2‐юми Гимназияи № 1‐уми ноҳияи Ашт ва Амирҷон Сангинов – хонандаи синфи сеюми Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 8‐уми шаҳри Хуҷанд шуд. Мақомҳои ифтихории навбатиро хонандагони муассисаҳои таҳсилотии шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Ашт, Хуҷанд, Исфара, Мастчоҳ ва Ҷаббор Расулов соҳиб шуда, ғолибон бо Диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадр гардиданд.

ДАР ҚАТОРИ БЕҲТАРИНҲО

Фарҷоми соли 2022 барои кормандони маркази таҳсилоти иловагии вилоят бобарор омад. Аввали моҳи январи соли 2023 бо иштироки директори Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ Муяссара Давлатзода фаъолияти кории солонаи марказ натиҷагирӣ гардид.

Боиси ифтихору шодмонист, ки тӯли чаҳор сол инҷониб бо ташаббуси Маркази таҳсилоти иловагии вилоят озмуни вилоятии «Даҳ муассисаи беҳтарини таҳсилоти иловагии вилояти Суғд» роҳандозӣ гардида, мақсади он ҳавасмандии муассисаҳои фаъол ва қадршиносии заҳматҳои омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ маҳсуб меёбад. Бояд гуфт, ки дар озмун фаъолияти ибратбахш ва намунавии корӣ давоми як соли фаъолият, иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ, Раёсати маорифи вилоят ба эътибор гирифта шуда, ҷалби бештари кӯдакону наврасон ба маҳфилҳо ва иҷроиши барномаҳои давлатии соҳавӣ дар мадди назари аъзои ҳакамон қарор мегирад.

Хурсандиовар он аст, ки ба даҳгонаи беҳтарин муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ дар соли 2022 шаҳру ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Гулистон, Хуҷанд, Бӯстон, Панҷакент, Истаравшан, Конибодом, Ашт ва Деваштич шомил шуда, аз ҷониби маркази ҷумҳуриявӣ бо Ифтихорнома ва туҳфаҳо қадр гардиданд. Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Гулистон бошад, дар озмуни мазкур дастболо гардида, байни 10 муассисаи беҳтарин мақоми аввалро соҳиб гардид. Лозим ба ёдоварист, ки ҳанӯз моҳи феврали соли 2022 муҳассилини Маркази таҳсилоти иловагии Гулистон соҳиби бинои хуштарҳу замонавии чорошёна гардида, дар расмикушоди он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд. Бо изҳори боварӣ метавон гуфт, ки фаъолияти маҳфилҳо дар маркази мазкур пурра бо истифодаи шароити мусоид ба роҳ монда шуда, аъзои маҳфил ғолибони даври вилоятӣ ва ҷумҳуриявии озмунҳо мебошанд.

Дар раванди муваффақиятҳо мо ҳамчунин беҳтарин роҳбарони муассисаҳои таҳсилотӣ, марказҳои таҳсилоти иловагӣ, шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Истаравшан ва Ҷаббор Расуловро барои иштироки фаъолона ва ҳамаҷонибаи дастаҳо самимона таҳният мегӯем.

Шоира КАРИМЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

 

Add comment


Security code
Refresh